35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ ТО ДАСТОВАРДҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун санаи тақдирсоз ва оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ сабт гардид. Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди худро мустақилона муайян намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро таҷлил мекунад. Ин сана фурсати муносиб барои арзёбии роҳи тайшуда, таҳлили дастовардҳо ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи рушди кишвар мебошад.
Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодиро паси сар намуд. Солҳои аввали истиқлол барои кишвар давраи ниҳоят душвор буданд. Пош хӯрдани низоми ягонаи иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ, мушкилоти энергетикӣ ва нақлиётӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди миллӣ таъсири ҷиддӣ расониданд. Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот масъалаи бунёди заминаҳои устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба яке аз вазифаҳои асосии давлат табдил ёфт.
Дар ин раванд, чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат аҳамияти хос пайдо карданд. Ин ҳадафҳо бояд на ҳамчун самтҳои ҷудогона, балки ҳамчун унсурҳои ба ҳам пайванди як низоми ягонаи рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ шаванд.
Барои Тоҷикистон энергетика яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Дар давраи истиқлол сохтмони неругоҳҳои нав, таҷдиди иншооти мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва ташаккули низоми ягонаи энергетикӣ вусъат ёфт. Аз ҷумла, НБО-ҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва хати «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» аз ҷумлаи лоиҳаҳои муҳими ин самт мебошанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар давраи таҳлилшуда аз 4338 то 5266 мегаватт афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, зиёда аз 4200 километр хатҳои интиқоли барқ сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Аҳамияти иқтисодии ин раванд дар он ифода меёбад, ки энергетика барои рушди саноат, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва инфрасохтор заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, истиқлолияти энергетикӣ яке аз шартҳои ташаккули иқтисоди рақобатпазир ва устувор мебошад.
Самти дигари муҳими рушди миллӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Мавқеи ҷуғрофӣ ва кӯҳистонии Тоҷикистон, инчунин, дур будан аз баҳр, рушди робитаҳои нақлиётиро ба масъалаи дорои аҳамияти стратегӣ табдил медиҳад. Дар давраи истиқлол сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ ба таври назаррас густариш ёфт. Ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Хатлон», «Шаҳристон» ва «Дӯстӣ», сохтмону таҷдиди роҳҳои Душанбе-Бӯстон-Чаноқ, Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Данғара ва дигар масирҳо барои беҳтар намудани робитаҳои дохилӣ ва минтақавӣ замина гузоштанд. Пули «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ ва рушди роҳҳои Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Бохтар-Дӯстӣ ва дигар роҳҳо низ дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ нақши муҳим доранд.
Аҳамияти иқтисодии инфрасохтори нақлиётӣ танҳо дар осон шудани ҳаракати аҳолӣ маҳдуд намешавад. Роҳҳои муосир арзиши интиқоли молро коҳиш дода, дастрасии истеҳсолкунандагонро ба бозорҳо беҳтар ва робитаҳои байни минтақаҳоро васеъ менамоянд. Дар баробари ин, таҷдиди фурудгоҳҳо ва рушди нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва истифодаи имкониятҳои транзитии кишвар мусоидат мекунад.
Амнияти озуқаворӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат мебошад. Барои Тоҷикистон ин масъала бо рушди кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва об, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва рушди бозори дохилӣ робитаи мустақим дорад. Кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, дар таъмини ҷойи кор ва даромади аҳолии деҳот нақши муҳим мебозад. Қабули барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» ба такмили соҳа ва истифодаи самараноки иқтидори он равона гардидааст.
Бо вуҷуди ин, амнияти озуқаворӣ танҳо бо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маҳдуд намешавад. Дар шароити иқтисоди муосир коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба маҳсулоти дорои арзиши иловашуда табдил додани он аҳамияти бештар пайдо мекунад. Занҷираи «замин - истеҳсол - коркард - бастабандӣ - бозор - содирот» метавонад барои рушди иқтисоди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварад.
Саноатикунонии босуръат бошад, марҳилаи нави рушди иқтисодии кишварро ифода мекунад. Агар энергетика заминаи истеҳсолот, инфрасохтори нақлиётӣ воситаи дастрасӣ ба бозорҳо ва кишоварзӣ яке аз манбаъҳои ашёи хом бошад, саноат ҳамаи ин унсурҳоро ба низоми ягонаи истеҳсолӣ пайваст менамояд. Ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои нав, эҳёи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими ин раванд мебошанд. Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ имкон додаанд, ки истеҳсоли як қатор молҳои ниёзи мардум дар дохили кишвар зиёд гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш ёбад.
Моҳияти саноатикунонӣ танҳо дар афзоиши шумораи корхонаҳо ифода намеёбад. Ҳадафи асосӣ гузариш аз содироти ашёи хом ба коркарди он, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, афзоиши арзиши иловашуда, ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад.
Аз таҳлили роҳи тайкардаи Тоҷикистон бармеояд, ки чор ҳадафи стратегӣ бо ҳам робитаи зич доранд. Энергияи устувор барои фаъолияти корхонаҳо шароит фароҳам меорад; роҳу коммуникатсияҳо ҳаракати молу хизматрасониро таъмин мекунанд; рушди кишоварзӣ амнияти озуқаворӣ ва ашёи хомро тақвият медиҳад; саноат бошад, имконият медиҳад, ки ашёи хом ба маҳсулоти дорои арзиши иловашуда табдил ёбад. Ҳамин тавр, занҷири «энергия - роҳу коммуникатсия - кишоварзӣ ва бозор - саноат - ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ» метавонад ҳамчун яке аз асосҳои рушди устувори миллӣ арзёбӣ гардад.
35 соли истиқлол танҳо солҳои бунёди иншооти бузурги иқтисодӣ нест. Дар ин давра дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа низ тағйироти назаррас ба амал омаданд. Таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина фароҳам оварданд.
Дар баробари дастовардҳо, марҳилаи нави рушди кишвар вазифаҳои навро низ ба миён мегузорад. Рақамикунонӣ, иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим, рушди технологияҳои нав, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот, коркарди бештари ашёи хоми дохилӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар оянда аҳамияти бештар пайдо хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии иқтисодӣ ва бунёди заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар мебошад. Дастовардҳои ин давраро бояд на танҳо аз рӯи шумораи иншооти сохташуда, балки аз рӯи таъсири онҳо ба самаранокии иқтисод, сатҳи зиндагии мардум ва имкониятҳои рушди наслҳои оянда арзёбӣ намуд.
Истиқлолият оғози роҳи давлатсозии миллӣ буд, дастовардҳо натиҷаи роҳи тайшуда ва рушди устувор масъулияти марҳилаи оянда мебошад. Дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муҳим ҳифзи дастовардҳои бадастомада ва истифодаи онҳо ҳамчун заминаи марҳилаи нави рушди иқтисоди рақобатпазир, устувор ва ба инсон нигаронидашуда мебошад.
Вазира ОРИФҶОНОВА,
муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ
Тоҷ
Рус
Eng