Тоҷикистон ва 35-соли Истиқлоли давлатӣ
Истиқлолият барои миллати сарбаланду худогоҳи тоҷик арзиши олӣ ва муқаддас буда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, чун рӯзи муҳосибаи дастовардҳо, омӯзиши дарсҳои гузашта ва барномарезӣ барои оянда мебошад.
Бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ, лоиҳаҳои бузурги миллӣ, бахусус сохтмони Нерӯгоҳи барқию обии "Роғун" ҳамчун рамзи Истиқлолияти энергетикӣ, истгоҳҳои барқию обӣ, аз қабили Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Помир-1, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қароқурум, нақби Анзоб, Шар-Шар мисоле аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ шуда метавонанд.
Бо ташаббусҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ин даврон узви фаъоли СМ, ИДМ, СААД, САҲА, СҲШ, СҲИ ва даҳҳо ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ гардида, тавонист ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ба даст овардани Истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”.
Аз рӯзи нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то имрӯз Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат ба ҷавонон эътимоди калон дошта тамоми шароитҳоро барои пешрафту ояндаи онҳо равона сохтаистодааст. Мисоли равшан қонун "Дар бораи ҷавонон" қабул шудааст, ки инҳама ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Мо бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз мо ҷавонон вобастагӣ дорад.
35 сол мӯҳлати кӯтоҳ барои таърихи миллат аст, аммо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ин давраи бунёдкорӣ, худшиносӣ ва пешрафта буда, ба мо имкон дод, ки сарнавишти хешро худамон муайян намуда, забони модарӣ ва фарҳанги миллиро ҳифз намоем ва дар пешрафту муаррифии Ватани азизамон ҳамаҷониба саҳмгӯзор бошем.
Фаридуни ДАВЛАТ,
донишҷӯи курси-4.и ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng