Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ, тӯфонҳо, сӯхтори ҷангалзорҳо ва дигар офатҳои табиӣ рӯз аз рӯз бештар ба мушоҳида мерасанд. Ин равандҳо на танҳо ба муҳити зист, балки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонанд.

Яке аз мушкилоти муҳимтарини глобалӣ имрӯз норасоии оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон, махсусан дар кишварҳои Африқои шимолӣ ва Шарқи Наздик норасоии об боиси ба миён омадани мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низоъҳо гардидааст. Илова бар ин, истифодаи обҳои ифлос боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад.

Дар чунин шароит нақши ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об хеле муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ташаббусҳои назаррас пешниҳод намудааст.

Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, яке аз иқдомҳои муҳими ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ба шумор меравад.

Қаблан низ бо ташаббуси Тоҷикистон чунин иқдомҳои муҳим амалӣ гардида буданд: «Соли байналмилалии оби тоза - 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013».

Ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба аҳамияти об ва зарурати истифодаи оқилонаи он мусоидат намуданд.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» аҳамияти бузург дорад, зеро таъмини амнияти обӣ заминаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад, истифодаи самараноки захираҳои об ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат мусоидат мекунад, коҳиш додани талафоти об хароҷоти иқтисодиро кам менамояд, беҳтар шудани дастрасӣ ба оби тоза сатҳи саломатии аҳолиро баланд мебардорад ва хароҷоти тиббиро коҳиш медиҳад.

Ҳамзамон, тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи маълумотҳо, дар даҳсолаҳои охир қисми зиёди пиряхҳои Тоҷикистон (то 30-35 фоиз) об шудаанд, ки ин раванд метавонад ба таъмини об дар оянда таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат мекунад.

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки ҳифзи захираҳои об вазифаи на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванд мебошад. Истифодаи сарфакоронаи об, пешгирии ифлосшавии он ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ метавонад ба ҳалли ин мушкилоти глобалӣ мусоидат намояд.

 

Туйчибой ШАРИФОВ,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ