ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
"Зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи ҷомеа ва давлат омода бошанд."
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун неруи пешбаранда ва созандаи ҷомеа дар рушду инкишофи давлат нақши муҳим доранд. Имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳо такягоҳи боэътимоди давлат ба ҳисоб рафта, саҳми арзандаи худро дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мегузоранд.
Ҳар як тадбири амалӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, ба беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва таъмини ояндаи дурахшони онҳо равона гардидааст. Бо вуҷуди ин, зуҳуроти номатлуб аз ҷумла терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муосир ҳамоно ба ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ин амалҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ боиси нооромӣ, хонавайронӣ ва муҳоҷирати иҷбории ҳазорон нафар гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ сиёсати устуворро пеш гирифтааст. Ташаббуси баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ва қабули стратегияҳои миллӣ дар ин самт нишонаи иродаи қавии давлат барои таъмини амният ва суботи ҷомеа мебошад. Қабули Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва нақшаи амал барои татбиқи он аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи талхи солҳои аввали истиқлолият, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, ба миллати тоҷик дарси бузурги таърихӣ дод. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиро ба хубӣ дарк мекунад. Ин дастовардҳо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва дастгирии мардум ба даст омадаанд.
Дар баробари терроризм ва экстремизм, савдои одамон низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хатарноки замони муосир боқӣ мемонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Сабаби асосии гирифтор шудан ба чунин ҷиноятҳо, пеш аз ҳама, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва маърифати ҷавонон аҳамияти хосса дорад. Ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Ҳар як ҷавонро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва пешрафти кишвар саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи солим, устувор ва пешрафтаро бунёд намуд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.
Мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дастҷамъона бар зиди ин амали ниҳоят ба ҷомеа хавфнок мубориза барем, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи корӣ худ қарор диҳем.
Раъно МИРМУҲАМАДЗОДА,
мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дотсент
Тоҷ
Рус
Eng