СУБОТИ СИЁСӢ ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ
Суботи сиёсӣ ҳамчун яке аз арзишҳои бунёдии ҳаёти давлатдорӣ дар фазои илми сиёсатшиносии муосир мавқеи марказиро ишғол менамояд. Татбиқи самарабахши ҳадафҳои стратегии давлат ба ноил гардидан ба муваффақиятҳои дарозмуддат ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ бидуни вуҷуди суботи устувори сиёсӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таъмин намудан ва ҳифз кардани суботи сиёсӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.
Дар илми сиёсатшиносӣ суботи сиёсӣ ҳамчун ҳолати тавозун ва оромии низоми идоракунии давлатӣ тавсиф мегардад, ки дар он сохторҳои ҳокимият бе таҳдидҳои ҷиддии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Пажуҳишҳои муқоисавии давлатшиносӣ нишон медиҳанд, ки байни суботи сиёсӣ ва шохисаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ робитаи мустақими сабабӣ мавҷуд аст.
Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин робитаи назариявиро ба равшанӣ тасдиқ менамояд. Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, ки бо нестии суботи сиёсӣ, буҳрони амнияти миллӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона тавсиф мешуданд, ба стагнатсияи умумии иқтисодӣ ва фалаҷ шудани сохторҳои идоракунии давлатӣ оварда расониданд. Давраи мазкур исбот намуд, ки набуди суботи сиёсӣ боиси ақибнишинии чандинсола дар раванди рушди давлатӣ мегардад.
Вазъи ҷаҳонии муосир бо тезутунд шудани рақобати байни қудратҳои бузург ва баланд рафтани сатҳи беқарории геосиёсӣ тавсиф мегардад. Дар чунин шароит ҳифзи тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи амниятии кишвар ба масъалаи аз ҳама муҳим ва мубрами сиёсати давлатӣ табдил меёбад.
Роҳбарияти мамлакат ба ин воқеиятҳо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, зарурати ҳушёрии сиёсии шаҳрвандонро дар муқобили таҳдидҳои хориҷӣ ва дастисозиҳои бадхоҳонро дар паёмҳои расмии сиёсӣ мунтазам таъкид менамояд. Аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ, масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ-давлатӣ дар баробари манфиатҳои дигар яке аз принсипҳои бунёдии ҳар давлати ба хотири ҳаёти миллати хеш масъулиятшинос маҳсуб меёбад.
Суботи сиёсӣ танҳо ба соҳаи идоракунии давлатӣ маҳдуд намешавад, балки ба маҷмуи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсири бевосита мерасонад. Дар сатҳи иҷтимоӣ, он заминаи зарурии беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва зерсохтори иқтисодиро фароҳам меоварад.
Далелҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки тадбирҳои саривақтӣ ва самти дурусти сиёсати давлатӣ боиси беҳтар шудани пайвастаи некуаҳволии умумии шаҳрвандон мегарданд. Дар айни замон, нооромиҳои геосиёсии солҳои охир оқибатҳои манфии ногузир барои миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба бор овардааст, ки ин ҳам зарурати таъмини суботро боз бештар таъкид менамояд.
Аз мавқеи назарияи ҷомеашиносии муосир, суботи сиёсӣ натиҷаи кӯшишҳои якҷояи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама насли ҷавон ҳамчун захираи стратегии давлатсозӣ бояд ба таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар саҳми фаъол гузоранд. Амал кардан дар доираи арзишҳои конститутсионӣ ва принсипҳои ватандӯстӣ, кафолати устуворӣ ва оромии ҷомеа дар баробари шароити мураккаби муосири ҷаҳонӣ мебошад.
Таҳлили вазъи солҳои охир нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ омили системавии пешрафти давлат буда, байни он ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа робитаи мутақобили сабабӣ мавҷуд аст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва вазъи геосиёсии ҷаҳони муосир иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандиро аз ҷониби ҳар узви ҷомеа, ҳифзи ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши олии мавҷудияти давлатдориро тақозо мекунад.
Сабоҳат ИСМОИЛОВА,
муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng