ҶАҲОЛАТИ ХОИНОН
Имрӯз инсоният бо як қатор мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки ҳалли онҳо ҳамкории дастаҷамъона ва талошҳои муштараки тамоми давлатҳои ҷаҳонро тақозо мекунад. Аз ҷумла, таъмини амнияти аҳолии сайёра, пешгирии экстремизм ва терроризм, мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ, пешгирии дахолати давлатҳои абарқудрат ба корҳои дохилии мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва маводи ғизоӣ, ҳифзи саломатии ҷомеа аз бемориҳои сироятӣ, танзими масъалаҳои демографӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори ақидаҳо ва амалҳои тундравона буда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз роҳу усулҳои ифротӣ истифода мебарад. Ин гуна амалҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз ҷумла дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш зуҳур намоянд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони муосир шахсони алоҳида, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое мавҷуданд, ки кӯшиш мекунанд мақсаду маром, ғояву андеша ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу восита, ҳатто бо истифода аз амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба андешаи бархе аз муҳаққиқон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон, экстремизм бештар дар соҳаи дин ба мушоҳида мерасад. Аммо ин падида танҳо ба як соҳа маҳдуд набуда, дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон зуҳур мекунад.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза созмонҳои экстремистию террористие низ фаъолият доранд, ки кӯшиш мекунанд вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро ноором созанд. Онҳо бо дастгирӣ ва ҳидояти доираҳои манфиатдори хориҷӣ амал намуда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳар гуна восита истифода мебаранд. Чунин гурӯҳҳо ва ҷонибдорони онҳо бояд дарк намоянд, ки амалҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиашон наметавонанд иродаи мардумро барои ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шикаст диҳанд.
Оё онҳо воқеан фаромӯш кардаанд, ки дар ибтидои солҳои навади асри гузашта бо дастгирӣ ва дахолати неруҳои гуногун ба сари мардуми Тоҷикистон чӣ фоҷиаҳое омаданд? Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба давлат ва ҷомеа хисороти бузурги моддиву маънавӣ расонд. Танҳо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва иштироки фаъолонаи мардуми кишвар сулҳу субот барқарор гардида, ваҳдати миллӣ таъмин шуд. Аз соли 1997 инҷониб Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардид.
То ин давра кишвар дар муҳосираи коммуникатсионӣ қарор дошта, бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, аз ҷумла норасоии неруи барқ ва маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ буд. Аммо бо татбиқи барномаҳои созандагӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Кишвар бо бунёди роҳҳои автомобилгард ва шоҳроҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ба самтҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Чин ва Қирғизистон, имкониятҳои нави ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро ба даст овард. Дар натиҷа, Тоҷикистон тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид.
Мушкили дигари муҳим - норасоии неруи барқ низ тадриҷан роҳи ҳалли худро пайдо кард. Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими соҳаи энергетика ба шумор мераванд. Ин иншооти бузург барои таҳкими истиқлоли энергетикии кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ иқтидори истеҳсоли неруи барқро зиёд мекунад, балки барои содироти он низ имкониятҳои бештар ба даст овардааст.
Дар соҳаи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ғизоӣ низ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фаъолияти бозорҳои истеъмолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Саволе ба миён меояд: чаро баъзе гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷонибдорони онҳо ин пешравиҳоро нодида мегиранд? Чаро ба ҷойи саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти Ватан, бо паҳн намудани хабару маълумоти бардурӯғ ва андешаҳои иғвоангез ба суботу оромии ҷомеа халал ворид кардан мехоҳанд?
Ба назар мерасад, ки яке аз ҳадафҳои чунин гурӯҳҳо ҷалби ҷонибдорони нав ва нигоҳ доштани нуфузи худ мебошад. Аммо коҳиш ёфтани шумораи пайравон, бозгашти баъзе аз онҳо ба роҳи зиндагии осоишта ва пайвастанашон ба ҷомеа метавонад мавқеи чунин гурӯҳҳоро заиф созад. Аз ин рӯ, онҳо аксар вақт аз имкониятҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, маълумоти носанҷида, хабарҳои бардурӯғ ва маводи иғвоангезро паҳн мекунанд.
Дар чунин шароит ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии иттилоотии худро нигоҳ дошта, ба ҳар гуна хабару маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншаванда бидуни санҷиш бовар накунад. Зарур аст, ки мардум байни ҳақиқат ва дурӯғ, андешаи созанда ва даъвати ифротӣ фарқ гузошта тавонанд. Мубориза бо экстремизм ва терроризм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Мо бояд сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз намоем. Зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон ба ободии Ватан, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ноил гардид.
Бешубҳа, ҳар як амал ҷавобгарии худро дорад. Қонуншиканӣ, барангехтани кинаву адоват, даъват ба зӯроварӣ ва фаъолияти террористӣ бояд дар доираи қонун пешгирӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шаванд. Зеро ҳифзи сулҳу ваҳдат, суботи ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Манзура РУСТАМЗОДА,
сармутахассиси раёсати таълим
Тоҷ
Рус
Eng