Забонро метавон ба дарёе монанд кард, ки аз кӯҳсори таърих сар шуда, аз сарзаминҳои гуногун мегузарад ва дар ҳар давру замон ба худ рангҳои нав мегирад. Забони тоҷикӣ низ чунин дарёест, ки дар садои он осори гузашта, андешаи имрӯз ва орзуи фардои мардум шунида мешавад. Он воситаи гуфтугӯ, хотираи зиндаи миллат, хазинаи фарҳанг ва оинаи ҷаҳонбинии тоҷикон аст. Ҳар калимае, ки аз модар меомӯзем, моро бо наслҳое мепайвандад, ки садҳо сол пеш зиндагӣ кардаанд.

Забони тоҷикӣ, ки ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва шохаи эронии ғарбӣ тааллуқ дорад, на танҳо воситаи муошират, балки таҷассуми пайванди амиқи таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин забон бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон решаҳои муштарак дошта, аз як сарчашма - форсии нав маншаъ мегирад ва мероси бойи адабиро нигоҳ медорад.

Дар тули асрҳо, рушд дар шароити хоси ҷуғрофию иҷтимоӣ ба пайдоиши хусусиятҳои нотакрори он мусоидат намуд. Ҳамзамон, муоширати табиӣ бо дигар забонҳои минтақа хазинаи луғавии онро бойтар гардонд. Чунин таҳаввулот барои ҳар як забони зинда раванди қонунӣ ва табиӣ буда, ба ҷойи заиф кардани асолат, ба пайвастагии таърихӣ ва сайқали он мусоидат мекунад.

Асрҳои IX-X дар таърихи забон ва адабиёти форсии нав давраи муҳим буданд. Дар аҳди Сомониён, ки маркази сиёсию фарҳангии онҳо Бухоро буд, забони форсӣ дар эҷоди адабиёт ва рушди илму фарҳанг ҷойгоҳи намоён пайдо кард. Бухоро ба маркази донишмандон, шоирон ва китобат табдил ёфт. Дар ҳамин муҳити фарҳангӣ сухани адабӣ неру гирифт ва ба воситаи шеър, китоб ва дарбор аз як минтақа ба минтақаи дигар паҳн шуд.

Яке аз чеҳраҳои дурахшони ин давра Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст. Ӯ тақрибан соли 858 таваллуд шуда, соли 941 даргузаштааст ва дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мақоми бузург дорад. Ӯро бесабаб «Одами шуаро» ва асосгузори адабиёти классики тоҷик наномидаанд, зеро маҳз бо эҷодиёти ӯ ин забон соҳиби меъёрҳои баланди адабӣ ва услуби муайян гардид. Аз мероси фаровон ва бузурги адабии шоир, мутаассуфона то рӯзгори мо танҳо бахши хурде расидааст. Аммо ҳамин пораҳои боқимонда низ қудрати беназири суханварӣ, умқи фикр ва ҳунари волои шоирии ӯро ба таври пурра аён месозанд. Рӯдакӣ дар истифодаи забон ба сабки содаву равон ва ҳамзамон, пурмаъно такя мекард. Каломи ӯ дар баробари фаҳмо будан, дорои оҳанг ва мусиқияти дохилии фавқулода аст, ки таъсири онро ба шунаванда афзун мегардонад.

Дар асрҳои баъдӣ низ забони форсии адабӣ аз ҷониби шоирону донишмандон ғанӣ гардид. Абулқосими Фирдавсӣ, ки тақрибан солҳои 940-1020 зиндагӣ кардааст, бо «Шоҳнома» таърихи асотирӣ ва қаҳрамонии эрониёнро дар қолаби як асари бузурги шеърӣ нигоҳ дошт. Абуалӣ ибни Сино, донишманди бузурги асрҳои X-XI, қисми асосии осори илмии худро ба арабӣ навишта бошад ҳам, аз ҷумла асари фалсафии «Донишнома»-ро ба форсӣ таълиф кард. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ на танҳо забони шеър, балки забони андеша ва баёни дониш низ будааст.

Таърихи забон танҳо бо мероси адабӣ ва осори манзум маҳдуд намегардад; он раванди зиндаест, ки бо сохтори иҷтимоӣ, рӯзгори мардум ва таҳаввулоти сиёсӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар тули асрҳои зиёд забони тоҷикӣ бештар тавассути хатти арабӣ сабт ва ҳифз мешуд, ки он воситаи асосии интиқоли фарҳангу дониш ба шумор мерафт. Аммо дар асри XX дар натиҷаи тағйироти бузурги сиёсӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф, низоми навишти забон ба гардишҳои ҷиддӣ дучор шуд.

Соли 1928 дар Тоҷикистон ислоҳоти хат оғоз ёфта, алифбои лотинӣ ҷорӣ гардид ва баъдтар дар соли 1940 гузариш ба хатти кириллӣ сурат гирифт. Ин ивазшавии пайдарпайи хат барои пайвастагии насливу фарҳангӣ мушкилотҳои амиқ ба ҷой гузошт. Қисми зиёди ҷомеа аз имконияти мустақилона мутолиа кардани осори хаттии гузаштагон маҳрум гардид. Дар натиҷа, барои ҳифзи пайванди таърихӣ ва дастрасӣ ба хазинаи бойи адабӣ, омӯзиши алифбои ниёгон ва танзими раванди баргардонии осори қадим ба сурати як ниёзи муҳими илмиву фарҳангӣ ба миён омад.

Қабули Қонун дар бораи забон 22 сентябри соли 1989 дар таърихи навиштаҷоти миллӣ марҳилаи муҳим ва гардиши куллӣ гардид, зеро ба забони тоҷикӣ мақоми расмии давлатӣ бахшида, дар тақвияти худшиносии ҷомеа нақши барҷаста бозид. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, масъалаи ҳифз, рушд ва доираи истифодаи забони давлатӣ бештар аҳамияти фарҳангиву сиёсӣ пайдо кард. Ин ҷойгоҳи ҳуқуқӣ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, забони тоҷикӣ ҳамчун рукни аслии давлатдорӣ эътироф шуд. Баъдтар, 5 октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

Сарфи назар аз ин, мақоми давлатӣ гирифтани забон танҳо рамзи ифтихору суннат нест, балки масъулияти бузурги иҷтимоиро низ тақозо мекунад. Зеро барои ҳаёти воқеии забон зарур аст, ки он дар соҳаҳои маориф, идоракунии давлатӣ, пажуҳишҳои илмӣ, фарҳанг ва технологияҳои навин ба таври самаранок ва фаъол мавриди истифода қарор гирад.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар вазъияти ҷолибу мураккаб қарор дорад. Аз як тараф, он дар мактаб, расонаҳо, адабиёт ва ҳаёти расмӣ васеъ истифода мешавад. Аз тарафи дигар, суръати баланди тағйироти ҷаҳонӣ забонро бо саволҳои нав рӯ ба рӯ кардааст. Ҷавонон ҳар рӯз тавассути телефон ва интернет бо забонҳои гуногун сару кор доранд. Дар паёмҳои кӯтоҳ вожаҳои тоҷикӣ бо калимаҳои русӣ ё англисӣ омехта мешаванд, баъзеҳо тоҷикӣ менависанд, аммо калимаҳоро бо ҳарфҳои лотинӣ сабт мекунанд. Ин шакли навиштан барои гуфтугӯи ғайрирасмӣ қулай менамояд, вале агар танҳо ба ҳамин одат кунем, малакаи дурусти имло ва истифодаи хатти кириллӣ метавонад заиф гардад.

Ворид шудани калимаҳои нав худ аз худ хатар нест, зеро ҳар забон барои номидани ашё ва падидаҳои тоза ба вожаҳои нав ниёз дорад. Саволи асосӣ ин аст, ки мо бо ин калимаҳо чӣ гуна муносибат мекунем: оё барои мафҳумҳои нав муодили мувофиқи тоҷикӣ меофарем, оё маънои калимаро мефаҳмонем, ё бе зарурат калимаи бегонаро ҷойгузини вожаи мавҷуда месозем? Масалан, дар соҳаи технология ҳар рӯз мафҳумҳои нав пайдо мешаванд. Агар тарҷумон, омӯзгор, рӯзноманигор ва мутахассиси соҳа ҳамкорӣ кунанд, метавонанд истилоҳҳои равшан ва фаҳмо пешниҳод намоянд. Агар чунин кор сурат нагирад, ҳар кас як шакли дигар истифода мекунад ва хонанда сардаргум мемонад.

Мушкили дигар кам будани маводи босифати рақамӣ ба забони тоҷикӣ аст. Дар интернет китобу мақолаҳо, дарсҳои видеоӣ, луғатҳои муосир ва барномаҳои таълимӣ бо забонҳои хориҷӣ хеле зиёданд. Барои тоҷикӣ низ чунин мавод зарур аст, бахусус барои кӯдакону наврасон. Агар онҳо дар интернет бештар матни хубу ҷолиби тоҷикӣ бинанд, забонро на танҳо дар китобҳои дарсӣ, балки ҳамчун воситаи муошират ва омӯзиш истифода мебаранд. Вале ин масъулият танҳо ба дӯши муассисаҳои давлатӣ нест. Муаллимон, нависандагон, донишҷӯён, соҳибкорон ва худи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд бо эҷоди мақола, подкаст, видеодарс ва барномаҳои хуб саҳм гузоранд.

Технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ барои забон ҳам имконият меоваранд ва ҳам саволҳои ҷиддӣ ба миён мегузоранд. Барои он ки компютер матни тоҷикиро дуруст шиносад, талаффуз кунад ё тарҷума намояд, ба луғатҳои электронӣ, матнҳои босифат ва қоидаҳои дақиқи забонӣ ниёз дорад. Агар чунин захираҳо кам бошанд, барномаҳо метавонанд калимаҳоро ғалат фаҳманд ё тарҷумаҳои носаҳеҳ пешниҳод кунанд. Аз ҳамин сабаб, ҳифзи забон дар замони рақамӣ танҳо бо суханронӣ анҷом намеёбад, ба сохтани китобхонаҳои электронӣ, бойгонии матнҳо, луғатҳои муосир ва воситаҳои санҷиши имло ниёз ҳаст.

Ҳамзамон, ҳифзи забони адабӣ ва таъмини меъёрҳои он набояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои коҳиш додани аҳамияти лаҳҷаҳо ва диалекти мардумӣ дарк карда шавад. Лаҳҷаҳо ҷузъи ҷудонопазири хазинаи маънавии забон буда, дар худ таърихи маҳал, пайванди наслҳо, урфу одат ва тарзи андешаро ҳифз менамоянд.

Агар забони адабӣ ҳамчун воситаи ягонаи муошират, таҳсилот ва идоракунӣ нақши танзимкунандаро иҷро кунад, пажӯҳиш ва шинохти диалекти маҳаллӣ ба дарки равандҳои таърихии забон ва ғанигардонии захираи бадеию луғавии он мусоидат менамояд. Ҳадафи асосӣ якранг сохтани сухани гӯяндагон нест, балки эҷоди мувозинат миёни истифодаи дурусту саводноки забони меъёр дар мавридҳои зарурӣ ва эҳтирому огоҳӣ аз рангбарангии сухани мардуми минтақаҳо мебошад.

Забонро танҳо бо қонун нигоҳ доштан мумкин нест. Қонун мақомро муайян мекунад, вале неруи воқеии забон аз он вобаста аст, ки одамон онро дар хона, мактаб, донишгоҳ, ҷойи кор ва фазои рақамӣ истифода мебаранд. Агар китоб хонда нашавад, навиштан кам гардад ва забон танҳо барои маросимҳо ё ҳуҷҷатҳои расмӣ ба кор равад, мақоми давлатӣ худ ба худ онро пурқувват намекунад. Баръакс, вақте наврас бо забони тоҷикӣ китобҳои ҷолиб мехонад, донишҷӯ бо он мақолаи илмӣ менависад ва мутахассис мафҳуми навро ба таври фаҳмо шарҳ медиҳад, забон рушд мекунад.

Забони тоҷикӣ имрӯз миёни мероси куҳан ва ояндаи босуръат рушдкунанда қарор дорад. Он аз Рӯдакӣ ва Сомониён то китобҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи дарозеро тай кардааст. Вазифаи насли имрӯз на танҳо нигоҳ доштани ин мерос, балки ба зиндагии нав мувофиқ сохтани он аст. Забоне, ки дар бораи гузашта нақл мекунад, бояд тавонад дар бораи илм, робот, иқлим, кайҳон ва орзуҳои ҷавонон низ сухан гӯяд. Агар мо тоҷикӣ хонем, дуруст нависем, ба он дониш офарем ва барои ҳузураш дар ҷаҳони рақамӣ кӯшиш кунем, ин дарёи чандинҳазорсола ба сӯи оянда ҳам поку мусаффо равон хоҳад монд.

 

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,

донишҷӯи курси 4-уми ДДМИТ