ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ДАР САМТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии ҷавонон, махсусан дар соҳаи илм ва инноватсия ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва ояндаи давлати соҳибистиқлол маҳз ба дасти онҳост.
Асоси қонунгузории сиёсати давлатии ҷавонон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин, консепсия ва стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеаро ташкил медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти эҷодии ҷавонон мебошад.
Барои ҳавасмандгардонии ҷавонони боистеъдод дар соҳаи илм ва инноватсия якчанд механизмҳои махсус амал мекунанд. Аз ҷумла, стипендияҳои президентӣ ба донишҷӯёни болаёқат таъин гардидааст, ки ба онҳо имконияти таҳсили бидуни мушкилоти молиявиро фароҳам меорад.
Дар баробари ин, ҳамасола озмуни Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон гузаронида мешавад. Ба ин озмун корҳои илмии кормандони ҷавон, докторантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки синнашон аз 35 сол зиёд нест, пазируфта мешавад. Ҳадафи ҷоиза қадрдонии дастовардҳои илмии мушаххас, ташвиқи насли нави муҳаққиқон ба идомаи фаъолияти илмӣ мебошад. Дар баробари ин, ҳар сол даҳҳо нафар олимону муҳаққиқон соҳиби мукофоти давлатӣ мегарданд, ки дар байни онҳо олимони ҷавон ҷойгоҳи арзанда доранд.
Дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон барои рушди завқи илмӣ ва инноватсионии наврасону ҷавонон чорабиниҳои гуногун доир мегарданд. Намунаи барҷастаи он баргузории «Ҳафтаи илм» мебошад, ки дар доираи он озмунҳо ва чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд.
Ҳамасола баҳри татбиқи сиёсати хирадмандона ва пешниҳодҳои Пешвои миллат ба нафъи рушди илми ватанӣ озмунҳои соҳавӣ гузаронида шуда, дар доираи онҳо ҷалби ҷавонон ба соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ баррасӣ мегарданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дастгирии ҷавонон дар самтҳои илм ва инноватсия аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз унсурҳои муҳими стратегияи давлатии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, ки ҳамаи ин чораҳо ба он равона шудаанд, ки ҷавонон созандагони фаъоли оянда кишвар бошанд.
Тахмина ШОМАТОВА,
магистранти курси 2-юми ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng