ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Забон яке аз муҳимтарин падидаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба шумор рафта, омили муҳими ташаккули тафаккур, худшиносии миллӣ, нигоҳдории фарҳанг ва интиқоли арзишҳои маънавӣ мебошад. Барои ҳар як миллат забони модарӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва маънавӣ аҳамияти махсус дошта, эҳтиром ва ҳифзи он вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Забони тоҷикӣ дар тули таърихи чандинҳазорсола роҳи пурпечутобро тай намуда, дар рушди фарҳангу адабиёт нақши назаррас дошта, тавассути осори адибону донишмандон то замони мо омода расидааст.
Ин аст, ки баҳри арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги сухан ва таҳкими худшиносии миллӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Мақоми забони давлатӣ, пеш аз ҳама, тавассути истифодаи дурусту ба маврид дар ҳаёти ҳаррӯза, илму маориф, фарҳанг ва фаъолияти расмӣ таҳким меёбад.
Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи рушди забони тоҷикӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ба ин хотир, муҳити муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бояд макони густариши забони илмӣ ва адабӣ бошад. Истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар мақолаҳои илмӣ, корҳои таҳқиқотӣ, чорабиниҳои донишгоҳӣ ва муоширати расмӣ бо баланд шудани фарҳанги забондонии ҷавонон мусоидат менамояд. Донишҷӯ бояд ба захираи луғавӣ, услуби баён ва фарҳанги истифодаи забон диққат диҳад.
Дар баробари ин, рушди технологияҳои рақамӣ имкониятҳои навро барои густариши забони тоҷикӣ фароҳам овардааст. Таҳияи китобҳои электронӣ, маводи таълимии рақамӣ, захираҳои илмӣ ва барномаҳои технологӣ ба забони тоҷикӣ метавонанд мавқеи забонро дар фазои иттилоотӣ боз ҳам густариш диҳанд.
Хуллас, забон ҳастии маънавӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии ҳар як халқ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангӣ дар ташаккули худшиносии миллии тоҷикон нақши муҳим дорад. Забон хотираи таърихӣ, фарҳанг ва рӯҳи миллатро дар худ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба забон, эҳтиром ба миллат ва мероси маънавии он мебошад.
М. ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng