Дар шароити рушди босуръати иқтисодиёт, рақамикунонии соҳаҳо ва афзоиши талабот ба мутахассисони соҳибмаҳорат, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар омода намудани кадрҳои рақобатпазир беш аз пеш меафзояд. Донишгоҳ танҳо макони интиқоли донишҳои назариявӣ нест; он бояд барои донишҷӯ муҳити ташаккули малакаҳои амалӣ, тафаккури касбӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилонаи меҳнатиро фароҳам созад.

Дар ин раванд таҷрибаомӯзӣ ҳамчун пайванди муҳим миёни аудитория ва муҳити воқеии касбӣ баромад мекунад. Маҳз тавассути таҷрибаомӯзӣ донишҷӯ имконият меёбад, ки донишҳои назариявии худро дар амал санҷад, бо талаботи корфармо шинос шавад, фарҳанги меҳнат ва муносибатҳои касбиро омӯзад ва барои ворид шудан ба бозори меҳнат омодагӣ бинад.

Дар арафаи ҷашнҳои муҳими миллӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият аҳамияти хос доранд. Дар зимн перомуни ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкорӣ бо корфармоён, рушди касбии омӯзгорон, баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои минбаъдаи бахш андешаҳои ҷолиб баён шудаанд.

Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Гуландом Латипова бозгӯи он аст, ки таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тадриҷан аз як марҳилаи ҳатмии таълимӣ ба воситаи муассири пайванди донишгоҳ бо бозори меҳнат ва омодасозии кадрҳои ҷавон табдил меёбад.

- Гуландом Сайҳомидовна, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар назди ҳар як сохтори донишгоҳ масъалаи натиҷагирӣ ва муайян кардани вазифаҳои навро мегузорад. Бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият дар ин раванд чӣ нақш дорад?

- Таҷрибаомӯзӣ яке аз ҳалқаҳои муҳими омодасозии мутахассиси рақобатпазир мебошад. Агар донишгоҳ ба донишҷӯ донишҳои назариявӣ диҳад, таҷрибаомӯзӣ имконият фароҳам меорад, ки ин дониш дар муҳити воқеии касбӣ санҷида ва такмил дода шавад. Фаъолияти бахш тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбӣ, санадҳои меъёрии соҳавӣ, Оинномаи донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректор ва Низомномаи бахш ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ низ мутобиқи нақшаҳои таълимӣ ва тақвими академӣ ташкил карда мешавад. Ҳадафи асосӣ барои мо ин аст, ки донишҷӯ бо гирифтани диплом ба бозори меҳнат ворид шавад, ки на танҳо соҳиби дониш, балки дорои малакаи амалии касбӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ бошад.

- Дар соли таҳсили 2025-2026 чанд нафар донишҷӯ ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ҷалб гардиданд ва натиҷаҳо чӣ гунаанд?

- Дар соли таҳсили 2025–2026 аз курсҳои чоруми факултетҳо ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар маҷмӯъ 2015 донишҷӯ барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ сафарбар гардиданд. Аз ин шумора, дар шуъбаи рӯзона 871 нафар ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, 842 нафар аз он баҳо гирифтанд. Сатҳи азхудкунӣ 96,6 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки таҷрибаомӯзӣ дар низоми омодасозии мутахассисон мавқеи воқеӣ дорад. Дар баробари ин, дар шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ шумораи магистрантон ва докторони PhD 235 нафар буда, аз онҳо 207 нафар магистрант ва 28 нафар доктори PhD мебошанд, ки сатҳи азхудкунии таҷрибаомӯзӣ 98,7 фоиз-ро ташкил дод.

- Таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯ бояд танҳо иҷрои талаботи нақшаи таълим бошад ё вазифаи васеътар дорад?

- Мо онро ба иҷрои як талаботи расмӣ маҳдуд намекунем. Таҷрибаомӯзӣ бояд донишҷӯро ба муҳити воқеии касбӣ ворид кунад. Пеш аз оғози он донишҷӯён бо барномаи таҷрибаомӯзӣ, рӯзнома, супоришҳои фардӣ, нақшаи тақвимӣ ва роҳхат таъмин мешаванд. Яъне донишҷӯ медонад, ки ба куҷо меравад, чӣ бояд омӯзад ва натиҷаи кори ӯ чӣ гуна арзёбӣ мешавад. Муҳим он аст, ки донишҷӯ дар таҷрибаомӯзӣ бо масъулияти воқеии касбӣ, фарҳанги меҳнат, ҳуҷҷатгузорӣ, муносибатҳои корӣ ва усулҳои нави фаъолияти соҳавӣ шинос шавад.

- Барои фароҳам овардани чунин муҳит донишгоҳ бо кадом муассисаҳо ҳамкорӣ мекунад?

- Дар ин самт заминаи хуби ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст. Байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 140 вазорат, муассисаи бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораи давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Феҳристи объектҳои таҷрибаомӯзӣ низ аз ҷониби бахш таҳия гардида, ба кафедраҳои тахассусӣ дастрас карда шудааст. Барои мо муҳим аст, ки ин ҳамкорӣ хусусияти воқеӣ дошта бошад. Яъне донишҷӯ ба муҳити корӣ ворид шуда, аз мутахассисони соҳа омӯзад ва имкони татбиқи донишҳои назариявии худро пайдо кунад.

- Огоҳ гардидем, ки яке аз намунаҳои ҷолиби фаъолияти бахш ташкили курси «Бонкдори ҷавон» будааст. Лутфан, дар ин бора муфассалтар маълумот медодед.

- Бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ва ҷалби мутахассисони ҶСП «Ҳумо Бонк» аз 16 феврал то 16 марти соли 2026 курси якмоҳаи «Бонкдори ҷавон» баргузор гардид. Ҳадаф омода намудани мутахассисони ҷавон барои соҳаи бонкдорӣ ва ҳамзамон муайяну интихоб кардани номзадҳои болаёқат барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ буд. 12 донишҷӯи курси чоруми факултети молия ва қарз соҳиби сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд ва барои мусоидат ба бо ҷойи кор таъмин шуданашон замина фароҳам омад. Ин гуна ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки таҷрибаомӯзӣ метавонад аз доираи чанд ҳафтаи таҷрибаи истеҳсолӣ берун рафта, ба механизми омодасозии мустақими кадр барои корфармо табдил ёбад.

- Дар мавриди ҳамкории мустақим бо корфармоён чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Соли ҷорӣ бо намояндагони ҶСП «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» низ семинари махсус баргузор гардид. 17 апрел сармутахассиси қабул ва мутобиқсозии кормандон Мадина Ҳасанова бо донишҷӯён суҳбат карда, оид ба ҷалби ҷавонон ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Рӯзҳои 15 ва 27 апрел бо ташаббуси ширкати консалтингии SK-Consulting ва маркази таълимии Zaitoon Education семинарҳои кушоди таълимӣ-амалӣ дар доираи лоиҳаи «Захираҳои кадрии рақамии Тоҷикистон: Инноватсия дар идоракунии тиҷорат» баргузор шуданд. Ҳадафи онҳо низ омодасозии мутахассисони ҷавон ба бозори муосири меҳнат ва мусоидат ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон буд. 23 апрел бошад, бо ҳамбастагии ҶСК «Алиф Бонк» чорабинии маърифатӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён баргузор гардид.

- Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли равон ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ буд. Ин иқдом чӣ натиҷа дод?

- 1 майи соли 2026 бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият дар саҳни донишгоҳ ярмаркаи ҷойҳои кории холиро барои донишҷӯёни хатмкунанда ташкил намуд. Дар он зиёда аз 34 муассиса, ташкилоти молиявӣ ва корхонаҳои саноатӣ иштирок карданд. Дар байни онҳо «Алиф Бонк», «Гулистони Душанбе», КВД БА ҶТ «Амонатбонк», «Спитамен Бонк», «Эсхата», «Коммерсбонки Тоҷикистон», «Бима», «Бабр Капитал», «Фридом Бонк Тоҷикистон», ZEN-MOBILE, «Душанбе Сити Бонк» ва дигар сохторҳо буданд. Намояндагони корфармоён бо хатмкунандагон суҳбат карда, вобаста ба ҷойҳои кории мавҷуда ва таъсисшаванда номзадҳои мувофиқро баррасӣ намуданд. Ба назари ман, чунин ярмаркаҳо яке аз шаклҳои муассири наздик намудани донишгоҳ ба бозори меҳнат мебошанд. Зеро донишҷӯ бевосита бо корфармо мулоқот мекунад, талаботи ӯро мешунавад ва имкони муаррифии қобилияти худро пайдо менамояд.

- Рақамикунонии иқтисодиёт ба рушди касбияти донишҷӯ чӣ талаботи навро пеш мегузорад?

- Имрӯз мутахассиси соҳаи иқтисод, молия, бонкдорӣ, баҳисобгирӣ ё идоракунӣ бояд аз технологияҳои рақамӣ огоҳ бошад. Саводи рақамӣ дигар бартарӣ нест, балки ба ҷузъи муҳими касбият табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо ба семинарҳои амалӣ, шиносоӣ бо муҳити воқеии кор, истифодаи технологияҳои муосир ва муоширати мустақими донишҷӯ бо мутахассисони соҳа аҳамият медиҳем. Дар ин замина ташкили лоиҳаи «Захираҳои кадрии рақамии Тоҷикистон: Инноватсия дар идоракунии тиҷорат» низ муҳим буд. Дар самти рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла, донишгоҳ бо Маркази рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар доираи ин ҳамкорӣ 13 феврали соли 2026 дар донишгоҳ бо иштироки муовини вазири нақлиёт Зиёзода Саъдӣ ва намояндаи ширкати логистикии кишвари Ҳиндустон Ҷонатан Линнус дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикаи гурӯҳҳои технологӣ ва логистикӣ» чорабинӣ баргузор гардид. Зимни чорабинӣ муовини вазир иброз доштанд, ки ки мо омодаем донишҷӯёне, ки дар ин равия таҳсил менамоянд, баъд аз хатми донишгоҳ ба ҷойи кор таъмин намоем. То имрӯз ба ин низом аз ихтисоси логистика 7 нафар донишҷӯ ҷалб гардида, яке аз онҳо аллакай фаъолияти меҳнатии худро дар Маркази рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт оғоз кардааст. Ҳамзамон, бо мақсади ба ҳам пайвастани таҳсилоти назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, дар донишгоҳ низоми таълими дуалӣ роҳандозӣ шудааст. Дар баробари ин, бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият бо Агентии инноватсия дар технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи он донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ба Агентӣ ҷалб шуда, имконият пайдо мекунанд, ки донишҳои назариявии худро дар муҳити воқеии корӣ такмил дода, малакаҳои касбӣ ва рақамии худро рушд диҳанд.

- Дар фаъолияти бахш масъалаи рушди касбии омӯзгорон низ ҷой дорад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом шуданд?

- Рушди касбият бояд раванди пайваста бошад. Тибқи нақшаи дурнамои гузаронидани омӯзгорони донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ барои солҳои 2026-2028, дар соли ҷорӣ 84 омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ гузашта, соҳиби диплом гардиданд. Раванди мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва мутобиқ намудани донишҳои онҳо ба талаботи муосири таҳсилот муҳим мебошад. Ба андешаи ман, рушди касбӣ танҳо аз донистани ихтисос иборат нест. Мутахассис бояд фарҳанги баланди муошират, масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва одоби касбӣ дошта бошад. Бо назардошти ҳамин 30 майи соли 2026 бо иштироки намояндаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари «Сиёсати давлат дар муқовимат бо коррупсия» баргузор гардид. 5 июн бошад, семинари илмӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ» доир шуд. 9 июн низ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинари илмии «Худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Ин чорабиниҳо ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги касбии донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ мусоидат мекунанд.

- Масъалаи ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон чӣ гуна пайгирӣ мешавад ва он дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Ин масъала таҳти назорати доимии раёсати донишгоҳ қарор дорад ва дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва раёсат пайваста таҳлил мешавад. Тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ дар асоси санадҳои амалкунанда, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 ва талаботи қонунгузории соҳаи маориф амалӣ карда мешавад. Хатмкунандагон вобаста ба дархост ба вазоратҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои молиявию қарзӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои ба мутахассисони соҳаҳои иқтисод, идора ва маориф эҳтиёҷдошта равона карда мешаванд.

- Барои солҳои наздик кадом вазифаҳоро муҳим мешуморед?

- Пеш аз ҳама, тақвияти ҳамкории мустақими кафедраҳои тахассусӣ бо вазоратҳо, муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои хусусӣ муҳим аст. Дар баробари ин, чанд пешниҳоди мушаххас, аз қабили таҳияи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ барои ихтисосҳои нав, такмили назорати рафти таҷрибаомӯзӣ, сари вақт супоридани ҳисоботҳо ва ташкили пойгоҳҳои доимии ҳамкорӣ низ дорем. Ҳамчунин, ба назари ин ҷониб, ҳар кафедраи тахассусӣ дар назди сохторҳои соҳавӣ филиали худро таъсис диҳад ва барои ихтисосҳои худ то 1 январи соли 2027 на камтар аз се шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида дар доираи ин дарсҳои дуалиро ба роҳ монанд. Ҳадафи ин пешниҳоду чораҷӯиҳо ба он равона шудаанд, ки робитаи донишгоҳ бо бозори меҳнат боз ҳам устувортар гардад.

- Ва дар фарҷом, ба донишҷӯе, ки имрӯз дар остонаи таҷрибаомӯзӣ қарор дорад ва мехоҳад фардо мутахассиси воқеӣ бошад, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ман ба донишҷӯён тавсия медиҳам, ки таҷрибаомӯзиро танҳо ҳамчун марҳилаи ҳатмии нақшаи таълим қабул накунанд. Онро бояд ҳамчун имкони шинохти касб, санҷиши дониш, омӯзиши таҷрибаи мутахассисони соҳибтаҷриба ва пайдо кардани роҳ ба бозори меҳнат истифода бурд. Донишҷӯ бояд бештар савол диҳад, мушоҳида кунад, аз иҷрои ҳар як вазифа масъулият эҳсос намояд ва барои такмили малакаҳои худ талош кунад. Диплом оғози роҳи касбӣ аст, на нуқтаи анҷоми он. Мутахассиси воқеӣ касест, ки баъди хатми донишгоҳ низ омӯхтан, ҷустуҷӯ кардан ва такмил додани худро идома медиҳад. Барои мо бошад, вазифаи асосӣ ҳамин аст: дониш, таҷриба ва имкони рушди касбиро ба ҳам пайванд диҳем, то хатмкунандаи ДДМИТ ба бозори меҳнат ҳамчун мутахассиси омода, соҳибмаҳорат ва масъулиятшинос ворид шавад.

P/S:

Тавре аз суҳбат бо сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Латипова Гуландом Сайҳомидовна бармеояд, таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тадриҷан ба низоми фарогири рушди касбӣ табдил меёбад. Ҷалби донишҷӯён ба муҳити воқеии кор, густариши ҳамкорӣ бо корфармоён, ташкили курсҳои соҳавӣ, баргузории семинарҳои амалӣ ва ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки робитаи донишгоҳро бо ниёзҳои бозори меҳнат таҳким мебахшанд.

Натиҷаҳои бадастомада ҳамзамон масъулияти навро ба миён мегузоранд: таҷрибаомӯзӣ бояд пайваста такмил ёбад, мазмуну шаклҳои он ба талаботи иқтисоди рақамӣ мутобиқ карда шаванд ва ҳамкории кафедраҳо бо сохторҳои соҳавӣ хусусияти доимӣ ва натиҷамеҳвар пайдо намояд.

Дар ниҳоят, сифати таҳсилот на танҳо бо шумораи хатмкунандагон, балки бо омодагии онҳо ба фаъолияти мустақилона, қобилияти ҳалли масъалаҳои воқеӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи меҳнат арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, таҷрибаомӯзӣ воқеан пули пайванди донишгоҳ бо бозори меҳнат ва яке аз заминаҳои асосии омодасозии мутахассиси муосир, соҳибмаҳорат ва масъулиятшинос мебошад.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ