ҶАВОНОН - МУҚОБИЛИ РИШВАСИТОНӢ
“Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз муаммову мушкилоти глобалии тамоми кишварҳои дунёи имрўз фасод ва зарурати таҳияи тадбирҳои мухталиф барои муқобилат бо ин зуҳурот маҳсуб меёбад. Ҳар касе, ки даст ба қудрат дораду захираҳои тааллуқ надоштаро ихтиёран тақсим мекунад, ба фасод дастзада маҳсуб меёбаду фасодкор ном мегирад. Баробари рушди тадбирҳои бонизоми мубориза бо фасод (коррупсия) кормандоне пайдо шуданд, ки тавонистаанд даромади худро аз ҳисоби давлат бо кўшишу меҳнати андак пур карда бошанд. Коррупсия ба ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони алоҳида зарари калон, ҷуброннопазир мерасонад ва ин нуқтаро бисёриҳо намефаҳманд ё хоҳиши фаҳмидану ислоҳ кардан надоранд.
Коррупсия дар асл аз шахси мансабдор харидани иҷозат барои чизест, ки давлат манъ кардааст. Давлат бар зидди коррупсия бо роҳи ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам порагирандагон ва ҳам порадиҳандагон мубориза мебарад. Коррупсия инчунин аз он бармеояд, ки баъзан додани ришва назар ба додани пули зарурӣ ба мақомоти муқаррарнамудаи қонунҳои амалдкунанда осонтар аст. Пас дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ришва вуҷуд дорад ва ба касе пушида нест, ки додани пора аз додани боҷу андози давлатӣ фоиданоктар аст. Қобили тазаккур аст, ки «қоғазбозӣ» -ву расмиятчигӣ, сабабхои иҷтимоиву иқтисодӣ (маоши кам, боҷу андозҳои калони гумрукӣ, имтиёзхои гуногун дар ҳолатҳои муайян, сўистеъмол аз унвону мансабу вазифаҳои давлатӣ) барои ривоҷи коррупсия шароити мусоид фароҳам меорад. Саволе пайдо мешавад, ки пас чӣ бояд кард?
Аксарият омилҳои бартарфсозии фасодкориро чунин мешуморанд:
- Бояд музди маоиши кормандони муассисаҳои давлатӣ ба эътидол оварда шавад;
- Пардохти маблағи гумрукӣ, андозҳои даромад бояд камтар бошанд, то имконияти додани ришва пайдо нашавад.
- Соддасозии системаи ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти қонунвайронкуниҳо, яъне
камтар кардани коғазбозӣ (расмиятчигӣ).
Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шудааст. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд.
Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки «фасодро наметавон то ба охир решакан кард, зеро вай индикатори солимии ҷамъият аст», яъне коррупсия ба номукаммалии ҷомеаи муосир, инчунин, як қатор ҳолатҳои дигар робитаи ногусастанӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Ваҳдати мардум, ватандӯстии ҷавонон асоси мубориза бо фасод буда, паст кардани сатҳи фасод қарзи шаҳрвандии ҳар як яки мост.
Мубориза бо коррупсия вазифаи танхо давлат нест, балки хар як шахрванд, махсусан чавонон, дар ин раванд накши мухим доранд. Агар хар як инсон росткавл бошад, конунро риоя кунад ва ба пора «не» гуяд, чомеа тадричан аз коррупсия пок мешавад.
Хар вакте ки конун ё навбат барои пул, шинос ё манфиати шахси вайрон шавад - ин коррупсия хисоб мешавад.
Хуллас, агар мо дар қалби худ ҳисси ватандӯстиро бедор накунем, мубориза бо коррупсия бефоида хоҳад буд ва коррупсия амалан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мо боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд бар зидди сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда мубориза барем ва барои рафъи эҳтимолияти пайдоиши сабабҳои коррупсия чораҳои дахлдор андешем.
Пас, ояндаи бе коррупсия аз рафтори имрузаи мо оғоз меёбад.
Суҳайлӣ Ҳалимзода -
раиси созмони ҷавонони факултети
“Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ” -и ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng