Аз рӯи омори демографӣ, имрӯз қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо қувваи бузург ва неруи пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Саҳми ҷавонон дар пешрафту тараққиёти кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдгари ҷомеа эътироф гардидаанд. Дар шароити ҷаҳони муосир таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҷавонон ва истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз омилҳои муҳими рушди устувори давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар вохӯриҳо бо ҷавонон таъкид намудаанд, ки: «Ҷавонон ояндасози давлату миллатанд».

Ҳамчунин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Таъкид шуд, ки ҷавонони даврони истиқлол дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту суботи ҷомеа, бунёди иншооти муҳими мамлакат, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, рушди илму фарҳанг саҳми назаррас доранд.

Дар ҳақиқат, ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонон аст. Аз ин рӯ, ҷавононро бояд ҳамеша ба омӯзиши илму донишҳои муосир, забономӯзӣ, ҷаҳонбинӣ ва аз худ намудани технологияҳои нав ҳидоят намуд.

Имрӯз қисми зиёди ҷавонон ба омӯзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир, варзиш, илму фарҳанг ва дигар фаъолияти созанда машғул мебошанд. Хусусан, таваҷҷуҳи ҷавонон ба варзиш сол то сол бештар гардида, онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, обрӯи кишварро баланд мебардоранд. Машғул будан ба чунин корҳои муфид метавонад ҷавононро аз роҳҳои нодуруст ва кирдорҳои номатлуб эмин нигоҳ дорад.

Бо вуҷуди ин, вазъи сиёсии ҷаҳони муосир хеле ҳассос буда, фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ нигаронкунанда мебошад. Ин гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳро ба роҳи хатарноки ифротгароӣ ҷалб намоянд.

Яке аз мушкилоти муҳими ҷомеаи имрӯз шомил шудани баъзе ҷавонон ба равияҳо ва мазҳабҳои бегона мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ аз сатҳи пасти маърифати диниву дунявӣ, камтаҷрибагӣ ва содагии баъзе ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба сафи ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.

Сабаби асосии чунин ҳолатҳо, пеш аз ҳама, бекорӣ, надоштани шуғли доимӣ, дур мондан аз таълиму тарбия, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба касбу ҳунар мебошад. Баъзе ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиб шудан ба касбу ихтисос кӯшиш намекунанд ва дар натиҷа, метавонанд зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор гиранд.

Албатта, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа буда, ба рушду суботи давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Яке аз омилҳои асосии ин мушкилот бемасъулиятии баъзе волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад, ки мутобиқи он падару модар вазифадоранд фарзандони худро пайваста назорат намуда, ба тарбияи дурусти онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъулият метавонад сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, даст задан ба ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб гардад.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ ҷалб намудани онҳо ба машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла варзиш, илму фарҳанг, омӯзиши касбу ҳунар ва фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил ва фаъолият фароҳам овардааст. Имрӯз ҷавонон метавонанд баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна дар донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура донишҳои худро такмил диҳанд ва ба мутахассисони баландихтисос табдил ёбанд.

Хулоса, ҳамаи моро зарур аст, ки ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем, ба корҳои созанда ҷалб намоем ва аз гумроҳию ифротгароӣ ҳифз созем. Танҳо ҷавонони босавод, бофарҳанг ва ватандӯст метавонанд ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин намоянд.

 

Мирзон СОЛИЕВ,

дотсенти кафедраи математикаи олӣ,

номзади илмҳои физика-математика