ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ИМКОНИЯТҲОИ НАСЛИ ҶАВОН
Имрӯзҳо пойтахти азизи мо - шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба як маркази бузурги тамаддун, илм ва инноватсия табдил ёфтааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна симои пойтахт рӯз то рӯз дигаргун гашта, на танҳо бо биноҳои боҳашамату боғҳои зебо, балки бо фазои солими маънавӣ ва имкониятҳои фаррох барои насли ҷавон муаррифӣ мегардад.
Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр нишон медиҳад, ки дастгирии ҷавонон ва қадршиносии донишу истеъдоди онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи хос аст, ки имрӯз ҷавонони пойтахт бо иродаи қавӣ дар роҳи илмомӯзӣ ва созандагӣ қадам мезананд ва кӯшиш мекунанд, ки сазовори боварии роҳбарияти олии кишвар бошанд.
Дарёфти унвони барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои ман на танҳо як дастоварди таълимӣ, балки масъулияти бузург дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Ин эътироф нишонаи он аст, ки дар кишвари мо меҳнату кӯшишҳои ҳар як ҷавони илмдӯст нодида намемонад. Ман аз самими дил изҳори миннатдории худро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён мекунам, зеро ин иқдоми наҷиб барои мо донишҷӯён ҳамчун як неруи таҳрикдиҳанда хизмат мекунад. Ин стипендия танҳо кумаки молиявӣ нест, балки он рамзи эътимод ба ояндаи дурахшони мо ва эътирофи нақши ҷавонон дар пешрафти давлатдории миллӣ мебошад. Чунин дастгириҳо моро водор месозанд, ки боз ҳам бештар мутолиа кунем, таҳқиқ кунем ва дар соҳаи интихобкардаи худ мутахассиси варзида гардем.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе бо ташаббусҳои созандаи худ исбот кард, ки ҷавонон дар ҳақиқат, такягоҳи асосии давлату миллатанд. Таъсиси стипендияҳо, озмунҳои илмию адабӣ ва фароҳам овардани шароитҳои муосири таълимӣ шаҳодати он аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба неруи созандаи насли наврас боварӣ доранд. Ман ҳамчун як узви ин насли хушбахт ваъда медиҳам, ки тамоми донишу малакаи худро барои шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ва пойтахти азизамон - Душанбе сарф хоҳам кард. Мо ҷавонон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо рафтори намунавӣ, дониши амиқ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳмгузор бошем.
Дар охир мехоҳам бори дигар миннатдории бепоёни худро ба Раиси шаҳри Душанбе барои фароҳам овардани чунин фазои мусоиди рушд расонида, таъкид менамоям, ки ин гуна қадршиносиҳо роҳи моро ба сӯи қуллаҳои муроди илму маърифат равшантар месозанд. Душанбе имрӯз шаҳри орзуҳои ҷавонон аст ва мо ифтихор мекунем, ки дар ин шаҳри сулҳу ваҳдат ва зери сояи роҳбарони ғамхору дурбин кору фаъолият дорем. Ин унвон барои ман оғози роҳи нави созандагист ва ман кӯшиш хоҳам кард, ки дар оянда низ бо дастовардҳои худ номи кишварамро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорам.
Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,
донишҷӯи курси 3-юми ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng