Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва афзоиши вобастагии мутақобилаи кишварҳо, рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ касб намудааст. Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ, зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати иқтисодии хориҷии кишвар ба самти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамгироии фаъол ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона гардид. Ин раванд ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон дар ин давра тавонист муносибатҳои тиҷоратии худро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин, давлатҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Аврупои Шарқию Ғарбӣ ба сатҳи нав бардорад. Хусусан, ҳамкориҳои стратегӣ бо кишварҳои муҳим, аз қабили Чин, Русия, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва Покистон дар ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва густариши имкониятҳои содиротӣ нақши муҳим бозиданд.

Дар ин замина, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аҳамияти хосса дорад. Тоҷикистон узви фаъоли як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дигар ниҳодҳои молиявӣ гардидааст. Шомилшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар соли 2013 яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати иқтисодии хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин иқдом ба мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат намуд.

Раванди шомилшавӣ ба ин созмон тӯлонӣ ва мураккаб буд. Тоҷикистон барои ноил шудан ба ин ҳадаф ислоҳоти васеи иқтисодӣ ва ҳуқуқиро амалӣ намуд. Қабули садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ва ташкили комиссияҳои байниидоравӣ барои мутобиқсозии низоми савдо ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар натиҷа, кишвар ба бозорҳои ҷаҳонӣ дастрасии васеътар пайдо намуда, имкониятҳои нави содиротӣ ва сармоягузориро ба даст овард.

Ҳамзамон, сиёсати либерализатсияи савдои хориҷӣ, ки аз солҳои аввали Истиқлол оғоз гардид, дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ нақши муҳим бозид. Бекор намудани маҳдудиятҳои содиротӣ, содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ба афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ва рушди истеҳсолоти дохилӣ мусоидат намуд. Ин раванд боиси афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва баланд шудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ гардид.

Яке аз омилҳои муҳими рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ мебошад. Тоҷикистон бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии худ ҳамчун кишвари транзитӣ, ба рушди роҳҳои байналмилалӣ, пулҳо ва долонҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст. Сохтмони роҳҳои стратегӣ, аз ҷумла роҳи Душанбе-Кулма, ки кишварро бо Чин мепайвандад, имкониятҳои транзитӣ ва тиҷоратиро ба таври назаррас афзоиш дод. Инчунин, бунёди пулҳо дар сарҳад бо Афғонистон ва рушди инфрасохтори логистикӣ ба густариши робитаҳои минтақавӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин, рушди бахши энергетика, бахусус сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ба монанди Сангтӯда ва Роғун барои афзоиши содироти неруи барқ ва таъмини амнияти энергетикӣ замина гузошт. Тоҷикистон бо доштани захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ имкон дорад, ки дар ояндаи наздик ба кишвари таъминкунандаи муҳими неруи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Ислоҳоти соҳаи сармоягузорӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Қабули қонунҳои муосир дар бораи сармоягузорӣ, хусусигардонӣ, консессияҳо ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат кард. Ҳамзамон, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон ба ҷалби сармояи хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар натиҷаи ин тадбирҳо, воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар тамоюли афзоишро нишон медиҳад. Солҳои охир ҳаҷми сармоягузориҳо ба миллиардҳо доллар расида, бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро фаро гирифтааст. Ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, рушди иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди савдои электронӣ ва содагардонии расмиёти тиҷоратӣ ба мутобиқшавии иқтисоди кишвар ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ ва васеъ намудани имкониятҳои тиҷоратӣ замина мегузоранд.

Дар баробари дастовардҳои зикршуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути комиссияҳои байниҳукуматӣ ва созишномаҳои дуҷониба низ нақши муҳим дорад. Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ барқарор намуда, дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, технология ва рушди инфрасохторро баррасӣ менамояд. Ин ҳамкориҳо ба воридшавии технологияҳои нав, таҷрибаи пешрафта ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат мекунанд.

Аз нуқтаи назари стратегӣ, Тоҷикистон бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии худ метавонад ҳамчун пайвандгари минтақаҳои гуногуни Осиё ва Аврупо хизмат намояд. Ин имкон барои таъсиси долонҳои нави нақлиётӣ ва энергетикӣ, инчунин, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти калон дорад.

Дар маҷмуъ, сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди инфрасохтор ва мутобиқсозии қонунгузорӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Хулоса, метавон таъкид кард, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон назаррас буда, сиёсати пайгиронаи ӯ ба болоравии мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намудааст. Ин раванд дар оянда низ ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ хизмат хоҳад кард.

 

Раҳимзода Баҳодур Карим,

дотсенти кафедари идораи давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ