ҶАВОНОН - НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ
23 майи соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим сабт гардидааст. Дар ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Ин иқдоми муҳими сиёсиву иҷтимоӣ замина гузошт, ки ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил гардад.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу пешбарандаи ҷомеа дар рушди устувори давлат нақши калидӣ мебозанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сатҳи пешрафти ҳар як кишвар пеш аз ҳама ба ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ ва фаъолнокии ҷавонони он вобаста мебошад. Дар ин замина, ҷавонон на танҳо идомадиҳандагони арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, балки офарандагони фазои нави иҷтимоиву иқтисодӣ низ маҳсуб меёбанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ муайян гардидааст. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат пайваста барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир меандешад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, истифодаи самараноки неруи созандаи ҷавонон омили муҳимми рушди устувори давлат мебошад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ намуда, имконият доранд, ки донишу малакаи худро такмил диҳанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор бошанд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гувоҳи болоравии сатҳи масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии кишвар ба ин қишри ҷомеа мебошад. Ин иқдом барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои нав заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд бо дарки баланди масъулият, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таҳкими суботу амният ва рушди минбаъдаи давлат саҳми фаъол гузоранд. Зеро маҳз онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва ояндасозони миллат мебошанд.
Дар маҷмуъ, метавон таъкид намуд, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва пешқадам бо такя ба донишу маърифат ва эҳсоси баланди масъулият метавонанд дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта нақши ҳалкунанда бозанд.
Садриддин РАҶАБОВ -
эдвайзер оид ба тарбияи
факулетети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng