ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ДИПЛОМАТИЯИ ЭЪТИМОД
Тайи се рӯз, аз 11 то 14 май, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ дар Пекин қарор доранд. Мувофиқи протоколи дипломатӣ ин рӯйдод баландтарин шакли муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад, зеро сафари давлатӣ баргузории тамоми маросимҳои дипломатӣ, музокирот дар сатҳи олӣ ва имзои бастаи санадҳоро дар назар дорад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни музокироти сафари ахир вобаста ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ 31 санад ба имзо расиданд, ки муҳимтаринашон ба тасвиб расидани Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ” ба шумор меравад. Зимнан, гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба се самти афзалиятнок - энергетика, «иқтисоди сабз» ва технологияҳои рақамӣ зоҳир гардидаанд, маҳз ба бахшҳое, ки Чин онҳоро дар саросари Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” фаъолона татбиқ месозад ва Тоҷикистон аввалин шуда, аз ин тарҳ хуш истиқбол гирифт.
Дар ин росто, феълан манобеи расмӣ, доираҳои васеи иттилоотиву хабарнигорӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ хушбинанд, ки натиҷаҳои ин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ва истиқболи сатҳи оливу дидору мулоқотҳои самимона бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро ба таври назаррас густариш хоҳад дод.
Мақомоти расмии ҳарду давлат чунин сатҳи баланди мулоқотҳоро нишонаи «шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ» ва «сатҳи нави муносибатҳо» медонанд, ки суръати нав гирифтааст.
Пӯшида нест, ки дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ сарнавишти робитаҳои байни давлатҳо танҳо аз манфиатҳои иқтисодӣ ё омилҳои геополитикӣ вобастагӣ надошта, омилу афзалиятҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар ин самт таъсиррасон мебошанд. Бисёр вақт нақши шахсиятҳои сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ, таҷриба ва иродаи роҳбарон ба омили ҳалкунанда табдил меёбад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин низ аз ҳамин гуна равандҳо истисно нестанд.
Омӯзишу таҳлили раванди бароҳмонии равобити Тоҷикистону Чин ва рушду ташаккули он моро ба хулосае меорад, ки нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт калидӣ мебошад.
Зимнан, вақте ки Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ба ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд, бисёр кишварҳо нисбат ба ояндаи давлатдории тоҷикон бо эҳтиёт муносибат мекарданд. Дар чунин шароити ҳассос роҳбарияти нави Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҷоди муҳити эътимод бо ҳамсоягон ва қудратҳои минтақавӣ аҳамияти аввалиндараҷа дод. Маҳз дар ҳамин марҳила заминаи муносибатҳои муосири Тоҷикистону Чин гузошта шуд.
Яке аз масъалаҳои ҳассос - мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар буд, ки аз давраи собиқ Иттиҳодияи Шуравӣ боқӣ монда буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкори бо роҳбарои Ҷумҳурии Мардумии Чин тавонистанд ин масъалаи мураккабро тавассути музокироти сиёсӣ ва роҳи дипломатӣ ҳал намоянд. Ин иқдом дар минтақа намунаи дипломатияи ором ва оқилона ба ҳисоб меравад. Бешакк, ҳалли мусолиматомези масъалаҳои марзӣ ба як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар табдил ёфт, зеро маҳз баъд аз он сатҳи эътимоди сиёсӣ ба таври назаррас боло рафт.
Дар баробари ин, таври маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои байналмилалии худ пайваста ба масъалаи амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати муборизаи муштарак алайҳи хатарҳои экстремизм ва терроризмро таъкид менамоянд, ки ин мавқеъ бо сиёсати амниятии Чин ҳамоҳанг буда, заминаи ҳамкориҳои наздиктарро дар ин бахш фароҳам овардааст.
Моҳияти муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Чин, шарикони дигари стратегӣ ва ҳама мамлакатҳое, ки имрӯз бо кишвари мо ҳамкорӣ доранд, дар доираи сиёсати “дарҳои кушод” бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллию давлатии дуҷониба ва бидуни ғараз ба ҷониби сеюм амалан устувор мебошад. Ҳамин афзалияти сиёсати “дарҳои кушод” дар муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон, ки бевосита натиҷаи таҷрибаи бузурги мактаби дипломатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, шароитеро фароҳам овардааст, ки муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон устувор нигоҳ дошта шавад.
Ёдрас мегардем, ки дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ин понздаҳумин сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Аввалин сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки он сафар заминаи муҳиммеро дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин фароҳам овард. То имрӯз роҳбарони Чин низ панҷ маротиба ба Тоҷикистон сафари корӣ доштаанд, ки муҳимтарини онҳо сафари муҳтарам Си Ҷинпин дар соҳои 2013, 2018 ва 2024 мебошад. Ҳамин сафарҳои дуҷониба гувоҳи он аст, ки кайҳо боз Тоҷикистону Чин барои ҳамдигар ба яке аз муҳимтарин шарикони сиёсиву иқтисодии мавриди эътимод табдил ёфтааанд. Тайи чанд соли охир ин муносибатҳо аз сатҳи ҳамкориҳои одӣ гузашта, ба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва мавриди эътимоди васеъ расидаанд. Дар расидан ба ин сатҳ нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатиашон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Донишгоҳи Пекин ба унвони профессори фахрӣ сарфароз гардонида шуданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мулоқоташон бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сарфароз гардонидани Шумо ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин нишонаи мавқею эътиборатон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои устувори стратегӣ ба миён омадааст. Чунин баёни андеша аз ҷониби муҳтарам Си Ҷинпинро бо итминони қавӣ метавон далели воқеъии нақш ва ҷойгоҳи барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамчун меъмори сиёсати шарикии стратегӣ арзёбӣ кард.
Афзалияти дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Чинро дар марҳилаҳои баъдӣ метавон чунин арзёбӣ намуд.
Бешакк, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки ҷаҳон ба сӯи бисёрқутбӣ ҳаракат мекунад, кишварҳо беш аз ҳар вақти дигар ба интихоби шарикони боэътимод ва мутавозин ниёз доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидии Осиёи Марказӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист, ки бо абарқудратҳо ва созмонҳои муҳими сиёсиву иқтисодии ҷаҳон муносибатҳои устувор барқарор намояд. Дар ин миён, муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба яке аз самтҳои муҳимтарин ва босуръат рушдёбандаи устувор табдил ёфтааст ва он метавонад оянда ба марҳилаҳои боз ҳам бузургтар бирасад.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз танҳо робитаи ду ҳамсоя набуда, балки ҷузъи равандҳои бузурги геополитикӣ ва геоиқтисодии асри XXI мебошанд. Зеро, аз як сӯ, Чин барои Тоҷикистон имкониятҳои азими сармоягузорӣ, технология ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳониро фароҳам меорад ва бешубҳа, яке аз такягоҳҳои асосии суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, Тоҷикистон бошад, барои Чин аҳамияти муҳими стратегӣ, транзитӣ ва амниятӣ дорад, зеро мавқеи геополитикии кишвари мо дар чорроҳаи манфиатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва фазои авруосиёӣ қарор дорад. Аз ин рӯ бо итминони комил метавон гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ бо ба инобат гиррифтани манфиатҳои миллию давлатии ҳарду кишвар густариш ёбанд.
Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор, ректори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng