ҶАВОНОН - ПОСДОРОНИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Ҷавонон неруи созанда, такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Пешрафти ҳар як кишвар ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, малака ва масъулиятшиносии насли ҷавон вобастагии зиёд дорад.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ барои ҷавонони Тоҷикистон имкониятҳои васеъ ҷиҳати таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар фароҳам оварда шудаанд. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо аз худи ҷавонон низ донишомӯзӣ, заҳматкашӣ, ташаббускорӣ ва муносибати ҷиддӣ ба ояндаи хешро талаб менамояд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми ҷавонон донистан, эҳтиром ва риоя намудани Конститутсия мебошад. Ҷавоне, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ аст, метавонад мавқеи шаҳрвандии худро дуруст муайян намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити ҷамъиятӣ идома ёбад. Омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар баробари ин, ҷавонон бояд аз имкониятҳои технологияҳои муосир барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худ самаранок истифода баранд. Шиносоӣ бо манбаъҳои боэътимоди иттилоот, омӯзиши қонунгузорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои маърифатӣ барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи ободу пешрафтаи Тоҷикистон аз меҳнат, дониш, ташаббус ва рафтори масъулонаи имрӯзаи ӯ вобаста аст. Эҳтиром ба Конститутсия бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи насли ҷавон табдил ёбад.
Конститутсия санади олии ҳуқуқиест, ки барои фаъолияти давлат ва ҷомеа заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аммо аҳаммияти воқеии он дар татбиқи амалии меъёрҳои конститутсионӣ ва эҳтироми шаҳрвандон ба қонун ифода меёбад.
Фарҳанги баланди шаҳрвандӣ аз муносибати дуруст ба қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, иҷрои уҳдадориҳо ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз мегардад. Шаҳрванди масъул на танҳо аз ҳуқуқҳои худ истифода мебарад, балки масъулият ва вазифаҳои худро дар назди ҷомеа ва давлат низ дарк менамояд.
Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пардохти саривақтии андозҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии маҳалли зист аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки сатҳи фарҳанги шаҳрвандии шахсро инъикос мекунанд.
Ҳамзамон, фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба риояи қонун, таъмини адолат, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон асос ёбад. Эътимоди ҷомеа ба давлат дар шароите таҳким меёбад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ дар амал татбиқ гардида, шаҳрвандон имконияти воқеии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро дошта бошанд.
Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ташаккули эҳтиром ба Конститутсия вазифаи умумимиллӣ мебошад. Дар ин самт воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди фаъол метавонанд саҳми назаррас гузоранд.
Рӯзи Конститутсия фурсати муносибест, ки ҳар яки мо масъулияти худро дар назди Ватан, давлат ва ҷомеа аз нав арзёбӣ намоем. Ин сана бояд моро ба омӯзиши амиқтари қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои шаҳрвандӣ ҳидоят намояд.
Имрӯз, вақте ки мардуми Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияро таҷлил менамоянд, мо бояд ба арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба қонун арҷ гузорем. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохторӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин раванд заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва иштироки созандаи шаҳрвандон аҳаммияти хосса доранд.
Бо вуҷуди ин, рушди ҷомеа раванди пайваста буда, ҳалли масъалаҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва такмили фарҳанги ҳуқуқиро тақозо менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошад ва фаъолияти худро дар доираи талаботи қонун ба роҳ монад.
Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он ифодагари ормонҳои миллӣ, эҳтиром ба инсон, масъулияти давлат дар назди ҷомеа ва иродаи мардум барои бунёди давлати соҳибистиқлолу ҷомеаи ободу пешрафта мебошад.
Бинобар ин, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ, риояи қонун ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту масъулиятшинос бояд вазифаи доимии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Махсусан, ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо дониш, малака, ташаббус ва фаъолияти созандаи худ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Бигзор Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша рамзи сарҷамъӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба қонун ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар бошад!
Акобирзода Абутолиби Мирзоҳимат,
ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ
Тоҷ
Рус
Eng