Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд дар низоми умумии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ дар баробари ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавқеи хосса дошта, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳои ҳуқуқӣ дорои хусусиятҳои хоси худ буда, дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ нақши муҳим мебозад.

Мувофиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд ба рушди мустақилияти иқтисодӣ, ташаббускории шахсӣ ва ташаккули муносибатҳои бозорӣ мусоидат менамояд. Ин ҳолат зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкоронро низ тақозо мекунад.

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат соҳаҳои муҳимтарини фаъолияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандонро танзим менамояд. Гарчанде масъалаҳои зиёди марбут ба муносибатҳои соҳибкорӣ тавассути қонунҳои соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд, принсипҳои асосии танзими муносибатҳои соҳибкорӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 12-и Конститутсия давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ин меъёр ифодагари он аст, ки ҳамаи шаклҳои моликият дар назди қонун баробар буда, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ набояд нисбат ба ягон шакли моликият беасос имтиёз ё маҳдудият муқаррар карда шавад, ки боиси вайрон гардидани принсипи баробарҳуқуқии субъектҳои соҳибкорӣ гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва соҳибкории онҳо, дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гардидааст. Меъёрҳои конститутсионии кишвар ба талаботи санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт мутобиқат мекунанд.

Конститутсия ва қонунгузории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, асосҳои ҳуқуқии ба даст овардан ва тарзи татбиқи онро муқаррар намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки нақши Конститутсияи кишвар ва қонунгузории иқтисодӣ дар рушди Тоҷикистони муосир, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ назаррас мебошад.

Мусаллам аст, ки то имрӯз шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд. Қисме аз ин санадҳо дар заминаи Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод ва қабул гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ аз принсипҳои дар моддаи 12-и Конститутсия муқарраргардида сарчашма гирифта, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Яъне, асосҳои ҳуқуқии озодона машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз меъёрҳои мазкур бармеоянд ва хусусияти конститутсионӣ-ҳуқуқӣ доранд. Аз ин рӯ, дарки мазмун ва моҳияти моддаи зикршуда барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба дастовардҳои соҳаи соҳибкорӣ, такмили механизмҳои дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 масъалаи дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар мавқеи муҳим дорад. Дар ин замина, Сарвари давлат зарурати идомаи ислоҳоти соҳаи андоз ва такмили низоми маъмурикунонии андозро таъкид намуда, Ҳукумати мамлакатро вазифадор карданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2026-2030 дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.

Яке аз самтҳои муҳими дастгирии соҳибкорӣ беҳтар намудани дастрасии субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ба захираҳои молиявӣ мебошад. Бо ин мақсад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Амалӣ гардидани ин ташаббус метавонад барои дастрасии соҳибкорон ба маблағҳои қарзии нисбатан арзон ва дарозмуддат, васеъ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар баробари дастгирии молиявӣ, саҳми соҳибкорон дар рушди инфрасохтор ва ободонии маҳалҳо низ назаррас арзёбӣ мегардад. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат зикр шудааст, дар се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ бунёд ва таҷдид гардида, аз ин миқдор 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст. Ин нишондиҳанда далели иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ ва шаҳрвандон дар беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мебошад.

Сарвари давлат саҳми соҳибкорон ва аҳолиро дар сохтмону таҷдиди роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин татбиқи дигар иқдомҳои ободонию созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, барои саҳми арзандаашон ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Ин таваҷҷуҳ аҳаммияти ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбурди корҳои созандагӣ инъикос менамояд.

Масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин робита, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо вазифадор гардидаанд, ки татбиқи самараноки барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон, ба баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ин самтҳо метавонанд дар таъмини шуғли аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ ва ҳифзу рушди анъанаҳои миллӣ саҳми муҳим гузоранд.

Натиҷаҳои корҳои созандагию бунёдкорӣ низ аз иштироки фаъоли соҳибкорон ва шаҳрвандон дар рушди кишвар шаҳодат медиҳанд. Тибқи маълумоти дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда, аз 29 ҳазор иншооту бинои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташуда, то замони ироаи Паём 26 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор дода шудаанд. Зиёда аз 70 фоизи иншооти мазкур аз ҳисоби соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд гардидаанд. Ин омор нақши муҳими ташаббусҳои хусусӣ ва саҳми шаҳрвандонро дар ободонии Ватан ва рушди муҳити иҷтимоию иқтисодии кишвар нишон медиҳад.

Ҳамчун рамзи эътирофу дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон дар роҳи ободии Ватан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 октябр Рӯзи соҳибкорон эълон гардидааст. Ҳамасола дар моҳи октябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва соҳибкорони кишвар доир мегардад. Аз ҷумла, 14 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар мулоқот баргузор намуданд. Дар вохӯрии мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, инчунин дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, пешниҳод гардид, ки муҳлати мораторий ба гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар тамдид карда шавад.

Бо мақсади татбиқи ин иқдом ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, 28 октябри соли 2026 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1237 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» ба имзо расид.

Мутобиқи банди 1-и фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шудааст.

Қабули чунин қарорро метавон яке аз иқдомҳои муҳими давлат дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ арзёбӣ намуд. Зеро маҳдуд намудани санҷишҳои давлатӣ имкон фароҳам меорад, ки субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро дар шароити нисбатан мусоид ва бо эътимоди бештар ба роҳ монда, захираҳои молиявию моддии худро ба рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани фаъолияти иқтисодӣ равона созанд.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ ва ворид шудан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар заминаи принсипҳои конститутсионӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бори аввал дар таърихи давлатдории Тоҷикистон Конститутсия ба шаҳрвандон озодии фаъолиятро дар самтҳои соҳибкорӣ, сиёсӣ ва идеологӣ кафолат дод. Қайд кардан зарур аст, ки гарчанде дар Конститутсия истилоҳи «иқтисоди бозорӣ» истифода нашудааст, моддаи 12-и он мазмун ва моҳияти ин мафҳумро тавассути муқаррар намудани унсурҳои асосии иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин озодии фаъолияти соҳибкорӣ, инъикос менамояд.

Дар муқоиса бо конститутсияҳои давраи шӯравӣ, Конститутсияи муосири Тоҷикистон нақши давлатро дар танзими иқтисодиёт ба таври куллӣ тағйир додааст. Агар дар гузашта давлат фаъолияти иқтисодиро асосан ба таври мутамарказ идора ва танзим мекард, пас дар шароити муосир танзими иқтисодиёт дар асоси принсипҳои дар Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда муқарраргардида амалӣ карда мешавад.

Яке аз бартариҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он ҳуқуқу озодиҳои асосии иқтисодии инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пешбинӣ шудаанд, эътироф ва кафолат медиҳад. Ҳамзамон, дар Конститутсияи кишвар баъзе ҳуқуқҳое мустаҳкам гардидаанд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври мустақим пешбинӣ нашудаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба мерос ва ҳуқуқ ба моликият, ки дар моддаи 32-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои Қонуни асосии давлат, ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, аз ҷумла субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд.

Дар ин замина, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668, ба имзо расида буд.

Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва таъмини волоияти он, инчунин ташаккули механизмҳои самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Хулоса, фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз шаклҳои муҳимми татбиқи ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса дошта, асосҳои ҳуқуқии он дар Конститутсияи кишвар мустаҳкам гардидаанд. Эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии фаъолияти соҳибкорӣ, аз принсипҳои бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор рафта, барои ташаккули муносибатҳои иқтисодии бозорӣ, рушди ташаббускории хусусӣ ва таъмини фаъолияти озодонаи субъектҳои соҳибкорӣ заминаи устувори конститутсионӣ фароҳам меоранд.

Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва соҳибкорон омили муҳимми таъмини риояи қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ва таҳкими масъулияти ҳуқуқӣ дар раванди фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷалби бештари шаҳрвандон ва соҳибкорон ба омӯзишу дарки мазмуну моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ амри зарурӣ ва мувофиқи мақсад мебошад.

 

Субҳоналӣ МИРЗОЕВ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ

Хисрав АБДУРАЗОҚОВ,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ