Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми муҳим дошта, шаҳрвандонро дар руҳияи таҳкими ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд. Таҷлили ин рӯз нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тағйироти босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти хос пайдо мекунад. Ҷавонон неруи созанда ва захираи зеҳнии ҷомеа буда, дар пешрафти давлат, рушди иқтисодиёт, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Ояндаи кишвар ва устувории давлатдорӣ аз дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносии онҳо вобастагии зиёд дорад.

Парчами миллӣ рамзи ягонагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон буда, новобаста аз миллат, забон, маҳалли зист, касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ онҳоро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Ин рамзи муқаддас ифодагари ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва масъулияти муштарак дар назди Ватан мебошад.

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавононро ба донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамоӣ менамоянд.

Масъулияти ҷавонон дар назди Парчами миллӣ, пеш аз ҳама дар рафтору кирдор, фаъолияти рӯзмарра ва муносибати онҳо ба арзишҳои давлатӣ таҷассум меёбад. Ҷавоне, ки бо масъулияти баланд таҳсил мекунад, донишҳои замонавиро аз худ менамояд, касбу ҳунари худро такмил медиҳад, қонунҳоро эҳтиром мекунад ва барои ҷомеа манфиат меорад, дар асл барои давлат саҳми арзанда мегузорад.

Ҳар як дастоварди илмӣ, ихтирои техникӣ, лоиҳаи инноватсионӣ, муваффақияти варзишӣ ва ташаббуси созанда метавонад дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад. Парафшон гардидани Парчами миллӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ на танҳо рамзи давлат, балки таҷассумгари заҳмат, истеъдод ва дастовардҳои шаҳрвандони кишвар мебошад.

Эҳтиром ба Парчами миллӣ танҳо арҷгузорӣ ба як рамзи давлатӣ набуда, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, истиқлолият ва ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.

 

Орифҷон ФОЗИЛЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ