БЕДОРИИ АҚЛ, ҲИФЗИ ҲУВИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХӢ
Дар марҳилаи кунунии таърихи башарият, ки ҷаҳони муосир бо тағйироти бесобиқаи технологӣ, иттилоотӣ ва геополитикӣ рӯбарӯ аст, масъалаи амнияти идеологӣ ва ҳифзи тафаккури насли ҷавон аз хатарҳои терроризму экстремизм ба яке аз масъалаҳои калидӣ ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа, ояндасозони миллат ва ворисони арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Аммо маҳз ҳамин қишри хундарҷӯшу ҳассос, ки дорои ормонҳои баланд ва ҷӯёи ҳақиқат аст, дар бисёр маврид ҳадафи асосии таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ мегардад.
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти нав нестанд, вале дар шароити имрӯза шакл, усул ва воситаҳои таъсиррасонии худро ба куллӣ тағйир додаанд. Агар дар гузашта гурӯҳҳои ифротӣ бештар тавассути тамосҳои мустақим ва адабиёти чопӣ амал мекарданд, имрӯз фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари асосии паҳн кардани ғояҳои харобиовар табдил ёфтааст. Бо истифода аз усулҳои равоншиносии муосир, шиорҳои дурӯғин, видеоҳои таъсирбахш ва суиистифода аз эҳсосоти мазҳабӣ ё иҷтимоии ҷавонон, таблиғгарони экстремизм кӯшиш мекунанд, ки тафаккури интиқодии ҷавононро суст карда, онҳоро аз воқеият ва арзишҳои аслии миллӣ дур созанд.
Яке аз омилҳои асосӣ, ки ҷавонон ба ин равияҳо шомил мешаванд, ин норасоии донишҳои кофии дунявӣ ва мазҳабӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ мебошад. Вақте ки ҷавон маълумоти дақиқ ва илмӣ надорад, ба осонӣ таҳти таъсири тафсирҳои нодуруст ва таҳрифшудаи дин ё таърих қарор мегирад. Ифротгароён аксар вақт мафҳумҳои муқаддасро барои пинҳон кардани аҳдофи сиёсӣ, қудратталабӣ ва манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд ва ба ин васила ақли солимро ба гаравгон мегиранд.
Омили дигари муҳим эҳсоси бегонагӣ, ноумедӣ аз мушкилоти иҷтимоӣ, бекорӣ ё набудани самти возеҳи зиндагӣ аст. Дар лаҳзаҳои душворӣ ё бӯҳронҳои шахсӣ, вақте ки ҷавон худро танҳо ва бепуштибон эҳсос мекунад, гурӯҳҳои экстремистӣ худро ҳамчун «ҳамдард», «ҳомӣ» ва «роҳнамо» муаррифӣ мекунанд. Онҳо ба ҷавон «маънои зиндагӣ», «адолат» ё «арзиши хос» ваъда медиҳанд, аммо дар асл ӯро ба сӯи ҳалокат, хиёнат ба Ватан ва ҷиноятҳои вазнин мебаранд. Ин як фиреби бузурги таърихӣ ва равонӣ аст, ки оқибатҳои он барои худи шахс, хонавода ва ҷомеа фоҷиабор мебошад.
Дар ин замина, вокуниши мо набояд танҳо ба воситаи маҳдудият ва муборизаи маъмурӣ маҳдуд шавад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм, пеш аз ҳама, муборизаи фикрӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ аст. Тафаккури ифротгароӣ танҳо бо тафаккури солим, дониши амиқ, худшиносии миллӣ ва таҳаммулпазирӣ шикаст дода мешавад. Ҷавони донишманд, соҳибҳунар, ватандӯст ва дорои мавқеи устувори ахлоқӣ ҳеҷ гоҳ ба ваъдаҳои пучи ифротгароён бовар намекунад, зеро ӯ медонад, ки ободӣ, пешрафт ва саодати инсон танҳо дар фазои сулҳ, қонуният, эҳтиром ба дигарон ва меҳнати софдилона ба даст меояд.
Таърих ва фарҳанги ғании миллати тоҷик саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, адл, хирад ва ҳамзистии осоишта аст. Аз бузургони адабиёту илми мо то арзишҳои суннатии халқӣ - ҳама ба он даъват мекунанд, ки инсон набояд бо кина, хушунат ва таассуб зиндагӣ кунад. Таассуб ва ифротгароӣ бо моҳияти фарҳанги созанда ва тамаддунофари мо комилан бегонаанд. Экстремизм ҳамеша вайронкор аст, он ҳам хонаи инсонро месӯзонад, ҳам обрӯи миллатро мерезонад ва ҳам ояндаи наслҳоро тира месозад.
Дар шароити имрӯза нақши оила, омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон бениҳоят калон аст. Падару модар бояд бо фарзандон робитаи самимӣ ва боварбахш дошта бошанд, аз рӯзгор, фикру андеша ва мушкилоти онҳо бохабар бошанд, то ҷавон барои дарёфти ҷавоб ба саволҳои худ ба сарчашмаҳои шубҳаноку хатарнок муроҷиат накунад. Мактабу донишгоҳ бояд на танҳо дониш диҳанд, балки малакаи таҳлил, муҳокимаронӣ, фарқ кардани рост аз дурӯғ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни ҷавонон ташаккул диҳанд.
Ҳамзамон, худи ҷавонон низ бояд дарк намоянд, ки ояндаи худ ва Ватан дар дасти онҳост. Дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз бо мавҷи ахбори гуногун ва баҳсҳои шадид рӯбарӯ мешавад, «иммунитети фикрӣ» - яъне қобилияти муқовимат ба таҳриф ва манипулятсия - барои ҳар як ҷавон зарур аст. Пеш аз он ки ба ягон гурӯҳ, саҳифа ё даъвате ҳамроҳ шавед, бояд пурсед:
Ин ғоя чӣ манфиат дорад ва бештар киҳо аз он манфиатдор аст?
Кӣ аз паси он истодааст?
Оё ин роҳ ба ободӣ мебарад ё ба харобӣ?
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳое ҳастанд, ки ба осонӣ ба даст наомадаанд ва ҳифзи онҳо қарзи виҷдон ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Терроризм ва экстремизм душмани сулҳ, пешрафт ва инсоният мебошанд. Вақте тафаккури ҷавонон бо нури илм, маърифат, худшиносӣ ва меҳри Ватан равшан бошад, ҳеҷ гуна ғояи бегонаву харобиовар наметавонад дар он реша давонад. Бигзор ақли солим, илму дониш ва масъулияти таърихӣ ҳамеша роҳнамои насли ҷавон бошанд, то кишвар ва ҷомеа ба сӯи фардои дурахшон, амн ва шукуфон устуворона қадам гузоранд.
Марҷона ТОШТЕМИРОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng