9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, ба сафи давлатҳои соҳибистиқлоли ҷаҳон пайваст. Барои кишваре, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар қаламрави он бештар аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, масъалаи ҳифзи муҳити зист аз рӯзҳои аввали Истиқлолият яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ гардид. Табиати нотакрори кӯҳистон, боигарии обу яхбандиҳо, гуногунии биологӣ ва дар айни замон осебпазирии баланди экосистемаҳои алп аз давлати ҷавон талаб мекард, ки на танҳо Истиқлолияти сиёсиву иқтисодиро мустаҳкам созад, балки заминаи устувори ҳифзи табиатро низ бунёд намояд.

Дар солҳои аввали Истиқлолият, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамроҳ буд, Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилот ба ташаккули сохторҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист шурӯъ кард. Вазорати ҳифзи муҳити зист таъсис ёфт, ки баъдан якчанд маротиба азнавсозӣ гардида, ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал табдил ёфт. Дар соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357, Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз мақоми асосии ваколатдор дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, заминаи ҳуқуқии соҳа тадриҷан такмил ёфт: Конститутсияи мамлакат ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба муҳити солими зист кафолат дод, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи моддаҳои кимиёвӣ ва ҳифзи наботот» ва даҳҳо санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Барои таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қабули қарорҳои экологӣ, бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), дар Тоҷикистон шабакаи марказҳои Орхус ба вуҷуд омад: аввалин марказ соли 2003 дар Душанбе, сипас дар Хуҷанд (2005), Бохтар (2009) ва Хоруғ (2011) кушода шуданд. Ин марказҳо имкон доданд, ки шаҳрвандон ба иттилооти экологӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва дар ҷараёни қабули қарорҳои марбут ба муҳити зист ширкат варзанд.

Тоҷикистон пас аз пайвастан ба Созмони Милали Муттаҳид як қатор конвенсияҳои муҳими байналмилалии экологиро—аз ҷумла Конвенсияи Чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, Конвенсияи гуногунии биологӣ ва Конвенсияи мубориза бо биёбоншавӣ, ки ҳамчун «конвенсияҳои Рио» шинохта шудаанд — ба тасвиб расонд. Кишвар инчунин ба Протоколи Киото ҳамроҳ шуд ва соли 2017 Созишномаи Париж оид ба иқлимро тасдиқ кард. Мутобиқи Гузориши чоруми миллии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи Чаҳорчӯбаи СММ, кишвар ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2030 сатҳи партови газҳои гулхонаиро дар доираи 21,32–24,87 миллион тонна ва то соли 2050 то 1,9–2,2 миллион тонна дар шакли эквиваленти CO₂ нигоҳ дорад — рақаме, ки бо назардошти ҳиссаи хеле ками Тоҷикистон дар партови ҷаҳонии карбон (камтар аз як тонна ба сари ҳар нафар аҳолӣ) моҳияти ҳамкории конструктивии кишварро дар масъалаи иқлим нишон медиҳад.

Яке аз дастовардҳои барҷастатарини сиёсати хориҷии экологии Тоҷикистон дар давоми солҳои Истиқлолият ин пешниҳод ва тасвиби якчанд ташаббуси ҷаҳонӣ доир ба масъалаи об ва яхбандиҳо мебошад, ки бо қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ ба расмият дароварда шудаанд:

-соли 2003 - «Соли байналмилалии оби тоза»;

-солҳои 2005–2015 - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;

-соли 2013 - «Соли байналмилалии ҳамкории обӣ»;

-солҳои 2018–2028 - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устув;

-солҳои 2027–2036 - Даҳсолаи байналмилалии «Тақвияти сулҳ ба хотири наслҳои оянд»;

Дар доираи ин ташаббусҳо шаҳри Душанбе борҳо мизбони конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба масъалаи об гардид ва «раванди Душанбе» ба яке аз платформаҳои эътирофшудаи гуфтугӯи ҷаҳонӣ дар соҳаи захираҳои обӣ табдил ёфт. Дар заминаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Тоҷикистон масъалаи бунёди Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузошт, зеро мамлакат дорои беш аз 14 ҳазор пиряхи табиист, ки масоҳати умумии онҳо ба 8476 километри мураббаъ (тақрибан 8 фоизи қаламрави кишвар) баробар аст ва зиёда аз ду сеяки захираи умумии пиряхҳои минтақа маҳз дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст. Аммо мутаассифона, дар натиҷаи гармшавии иқлим то ба имрӯз зиёда аз ҳазор пиряхи хурду калон дар кишвар пурра об шудаанд, ки хатари ҷиддиро барои амнияти обии минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меорад. Дар қаламрави Тоҷикистон 947 дарё ва зиёда аз 1300 кӯл, аз ҷумла кӯли беназири Сарез (бо ҳаҷми беш аз 16 миллиард метри мукааб) ҷойгир аст, ки бо ҳам захираи бузургтарини оби ошомиданиро дар минтақа ташкил медиҳанд.

Захираи солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 527 миллиард киловатт - соат баҳо дода мешавад, ки аз ин миқдор то ҳол танҳо тақрибан 6 фоиз мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар як километри мураббаъ дар ҷаҳон дар ҷои аввал ва аз рӯи ҳисоби сарикасӣ дар ҷои дуюм қарор медиҳад. Соли 2021 96 фоизи нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, пеш аз ҳама неругоҳҳои барқи обӣ, таъмин гардид, ки Тоҷикистонро дар зумраи пешсафони ҷаҳонии истеҳсоли энергияи «сабз» қарор дод.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун—яке аз лоиҳаҳои стратегии миллӣ — идома дорад ва барқарорсозии неругоҳҳои «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» пеш бурда мешавад. Пешбинӣ мегардад, ки дар давоми ҳафт соли оянда иқтидори энергетикии кишвар 4 ҳазор мегаватт афзуда, ба 10 ҳазор мегаватт бирасад. Дар баробари ин, тавассути 280–330 рӯзи офтобии сол ва зичии баланди радиатсияи офтобӣ, Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги истифодаи энергияи офтобӣ (тахминан 25,16 миллиард киловатт-соат дар сол) низ мебошад. Дар соли 2021 неругоҳҳои офтобии дар ноҳияи Мурғоб фаъолияткунанда шурӯъ ба кор карданд ва мутобиқи нақшаҳои давлатӣ то соли 2030 иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи ғайриобӣ (офтобӣ, шамолӣ, биоэнергетикӣ) бояд ба 800 мегаватт бирасад.

Дар айни замон, Тоҷикистон дорои иқтидори бузурге барои табдил ёфтан ба маркази минтақавии истеҳсоли пӯлоди сабз, гидрогени сабз ва дигар маҳсулоти саноатии камкарбон мебошад — самте, ки метавонад дар оянда яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ гардад. Татбиқи мунтазами Стратегияи иқтисоди «сабз», рушди минбаъдаи гидроэнергетика ва энергияи офтобӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ метавонад заминаи мустаҳками ин раванд гардад.

Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба марҳилаи навбатии рушд—гузариш аз ҳифзи оддии табиат ба сохтани иқтисодӣ воқеан «сабз», ки дар он рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ бо ҳам мутаносиб бошанд—ворид мешавад. Татбиқи муваффақонаи ин ҳадафҳо на танҳо ба беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, балки ба амнияти экологии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳм хоҳад гузошт.

 

Рустам ЯҚУБОВ,

муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ