МАРҲИЛАИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ЗАФАРИ СОҲИБИХТИЁРӢ
Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин неъмат, муқаддастарин дороӣ ва бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар асри нав мебошад, ки 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон гардида, роҳи ояндаи давлатдории миллии моро дақиқ муайян сохт.
Таҷлили 35-солагии ин санаи сарнавиштсоз як ҷашни бошукӯҳ, давраи сарҳисоби масъулиятнок, арзёбии дастовардҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ ва мустаҳкамшавии бебозгашти пояҳои соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимтарин дастоварди ин давра афзоиши суботу оромӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии оқилона ва фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист аз гирдоби даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, кишварро аз хатари вазнин ва парокандагӣ наҷот диҳад. Маҳз ҳамин сулҳу устуворӣ замина гузошт, ки Тоҷикистон давоми 35 сол ҳамчун аъзои пурнуфуз ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашта, сиёсати хориҷии «дарҳои кушод»-ро бомуваффақият амалӣ созад ва ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи об ва иқлим пеш барад.
Дастовардҳои иқтисодӣ ва инфрасохтории ин давра бесобиқа аст. Бунёду азнавсозии иншооти бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун», Тоҷикистонро ба сӯи истиқлолияти пурраи энергетикӣ муваффақона пеш мебарад. Ҳамзамон, бунёди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои муосир кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба як роҳи муҳими транзитии минтақавӣ табдил дод. Татбиқи пайвастаи чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ ва саноатикунонии босуръат чеҳраи иқтисодии мамлакатро комилан дигаргун сохт. Самти дигари муҳими давраи истиқлолият эҳёи алоқамандии маънавӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷик аст.
Дар ин давра, забони модарӣ мақоми муносиби худро пайдо карда, ёдгориҳо ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ дубора эҳё гардиданд. Ҷашнҳои миллии Наврӯз, Сада ва Меҳргон мақоми байналмилалӣ гирифта, фарҳанги тоҷик дар харитаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷои шоистаи худро ишғол кард. Садҳо мактабҳои муосир, донишгоҳҳо, марказҳои тиббӣ ва маҷмааҳои варзишӣ бунёд ёфтанд, ки ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди сармояи инсонӣ хизмат мекунанд.
Ба муносибати ин ҷашни муқаддас, ҳифзи ин дастовардҳои беназир, паҳн кардани ғояҳои ватандӯстӣ ва саҳм гузоштани ҳар як фард дар ободонии ватан вазифаи шарафманд ва муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Истиқлолият кафолати ояндаи дурахшон, амният ва саодати наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз мебошад.
Умедҷон АЗИЗОВ,
барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе
Тоҷ
Рус
Eng