АЗ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ ТО ФАРҲАНГИ СУЛҲ:
Тоҷикистон дар роҳи муқовимат бо экстремизм ва терроризми фаромиллӣ
Фарҳанги сулҳофарӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, масъулияти насли ҷавон ва нақши Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии мубориза бо таҳдидҳои муосир
Таърих танҳо маҷмуи воқеаву ҳодисаҳои гузашта нест, балки мактаби бузурги омӯзиш ва таҷрибаомӯзист. Омӯзиши сабақҳои таърих ба наслҳои имрӯзу оянда имкон медиҳад, ки сабабҳои рух додани фоҷиаҳоро дарк намуда, барои такрор нашудани онҳо талош варзанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки сабақҳои он барои тамоми ҷомеаи мо аҳаммияти бузург доранд. Имрӯз сулҳу суботи сиёсӣ барои Тоҷикистон на танҳо дастоварди таърихӣ, балки арзиши волои миллӣ, шарти асосии давлатдории устувор ва заминаи муҳими рушди минбаъдаи кишвар мебошад.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар доираи музокироти байни тоҷикон бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ба даст омада, оғози марҳилаи нави таърихӣ — гузариш аз низои мусаллаҳона ба сулҳу оштии миллӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯйдоди сарнавиштсозро чунин арзёбӣ карда буданд: «Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад».
Таҷрибаи Тоҷикистон як ҳақиқати муҳимро собит сохт: вақте ихтилофҳои сиёсӣ, заъфи ниҳодҳои давлатӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, таъсири омилҳои беруна ва таҳрифи арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайванданд, ҷомеа метавонад ба гирдоби хатарноки хушунат кашида шавад. Аз ин рӯ, муқовимат ба экстремизм ва терроризмро танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ донистан хатои ҷиддӣ аст. Пешгирии ин зуҳурот аз таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди маорифу тарбия, ташаккули фарҳанги сиёсӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл ва рушди иқтисодӣ оғоз меёбад. Дар меҳвари ҳамаи ин омилҳо қобилияти ҷомеа барои фарқ кардани ҳақиқат аз ботил ва андешаи созанда аз таблиғоти ифротӣ қарор дорад.
Бо дарназардошти хусусияти фаромиллии таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2001 зарурати муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро таъкид карда буданд. Моҳияти ин мавқеъ дар он ифода меёфт, ки мубориза бо терроризм наметавонад танҳо ба зиммаи хадамоти махсус ё давлатҳои алоҳида вогузор карда шавад, балки ҳамкории дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд. Ин андеша имрӯз, дар шароити густариши таҳдидҳои фаромарзӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ, аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 20 сентябри соли 2023 баргузор гардид, таъкид карда буданд: «Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ - ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд».
Ин ҳушдор барои Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ қарор дорад, аҳамияти махсус касб мекунад. Хатарҳои муосир на танҳо тавассути марзҳои давлатӣ, балки бо истифода аз фазои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои молиявӣ ва муҳити маҷозӣ низ паҳн мешаванд. Аз ин рӯ, таъмини амният низоми мукаммали ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ, назорати самараноки молиявӣ, саводи рақамӣ ва ташаккули устувории маънавию зеҳнии ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит сиёсати давлатӣ бояд на танҳо ба вокуниш ба ҳодисаҳои рухдода, балки пеш аз ҳама ба ошкор ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани онҳо равона гардад. Зеро экстремизм ва терроризм имрӯз танҳо бо таркиш, гаравгонгирӣ, куштор ё амали мусаллаҳона маҳдуд намешаванд. Ғояҳои ифротӣ метавонанд нахуст дар шуури инсон ҷой гиранд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шаванд, аз марзҳо убур кунанд ва бо истифода аз маблағгузории ғайриқонунӣ ба амнияти як давлат, минтақа ва ҳатто ҷомеаи байналмилалӣ таҳдид намоянд.
Аз ин лиҳоз, дар шароити муосир мубориза бо терроризм тадриҷан аз муқовимат ба ҷиноятҳои содиршуда ба пешгирии муҳите мегузарад, ки барои ташаккул ва густариши онҳо мусоидат мекунад.
Набояд аз мадди назар дур андохт, ки барои Тоҷикистон ин масъала ҳассосияти боз ҳам бештар дорад. Зеро дар ҳамсоягии мо минтақае қарор гирифтааст, ки вазъи амниятии он метавонад ба суботу оромӣ таъсир расонад. Дар чунин шароит масъалаҳои экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳифзи сарҳад бо ҳам иртиботи зич доранд.
Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори низои шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аҳамияти сулҳу субот ва зарурати пешгирии таҳдидҳои амниятиро аз таҷрибаи талхи худ хуб медонад. Аз ин рӯ, мавқеи пайгиронаи кишвар дар масъалаи мубориза бо экстремизм ва терроризм на танҳо аз воқеияти геополитикӣ, балки аз таҷрибаи мо низ сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризм наметавонад танҳо бо чораҳои қудратӣ маҳдуд гардад. Дар Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид чор самти асосӣ муайян шудааст: бартараф намудани шароити мусоидаткунанда ба паҳншавии терроризм; пешгирӣ ва мубориза бо терроризм; тақвияти иқтидори давлатҳо; таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон.
Ин равиши фарогир зарурати ҳамоҳангсозии чораҳои амниятӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро нишон медиҳад. Дар ин замина, Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аҳамияти хосса дорад.
Стратегияи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, таҳти №73 тасдиқ гардида, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030 қабул шудааст. Дар ин санад ба зарурати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, таҳкими корҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани иқтидори ниҳодҳои дахлдор таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Аҳамияти чунин санад дар он аст, ки мубориза бо экстремизм ва терроризмро ҳамчун фаъолияти пайваста ва бисёрҷанба баррасӣ менамояд. Муҳити иҷтимоӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, вазъи иқтисодӣ, тарбия, фарҳанг ва таъсири фазои иттилоотӣ метавонанд дар пешгирии радикализатсия нақши муҳим дошта бошанд. Аз ин рӯ, тадбирҳои муассир бояд ҳам ба ошкор кардани таҳдидҳо ва ҳам ба коҳиш додани омилҳои мусоидаткунанда ба онҳо равона шаванд.
Имрӯз муқовимат ва пешгирӣ ду самти ба ҳам алоқаманд гардида бошанд ҳам, вале аз ҷиҳати вазифа фарқкунанда дар сиёсати зиддиэкстремистӣ ва зи ддитеррористӣ мебошанд. Муқовимат пеш аз ҳама ошкор ва қатъ кардани фаъолияти экстремистию террористӣ, мубориза бо шабакаҳои ҷиноятӣ, пешгирии маблағгузории ғайриқонунӣ ва таъмини иҷрои талаботи қонунгузориро дар бар мегирад. Пешгирӣ бошад, ба бартараф намудани сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба паҳншавии ғояҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ нигаронида мешавад.
Аз ҳамин лиҳоз, ин ду самт якдигарро пурра мекунанд. Агар муқовимати бевосита барои ошкор ва безарар гардондани таҳдидҳои мавҷуда зарур бошад, пешгирӣ ба коҳиш додани эҳтимоли ташаккул ва густариши онҳо мусоидат мекунад. Маҳз ҳамоҳангии ин тадбирҳо метавонад заминаи амнияти устуворро фароҳам оварад.
Мо ба ин назар ҳастем, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар он аст, ки ҷомеа набояд танҳо пас аз рух додани ҳодисаи хатарнок ба фаъолият оғоз кунад. Баръакс, фарҳанги амният аз қобилияти сари вақт шинохтани хатар, дарки оқибатҳои эҳтимолӣ ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда оғоз меёбад.
Моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 низ дар зарурати ташаккули муносибати пайгирона ва фарогир ба ин масъала ифода меёбад. Муҳим он аст, ки тадбирҳои пешбинишуда дар амал татбиқ гардида, ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият дода шавад.
Ҳадаф бояд ташаккул додани муҳите бошад, ки дар он ғояҳои ифротӣ имкони реша давондан наёбанд. Мактаб, донишгоҳ, оила, расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар ин раванд масъулияти муштарак доранд.
Ҳоло беш аз пеш эҳсос мегардад, ки дар ҷаҳони муосир мубориза барои шуури инсон ба яке аз майдонҳои муҳими муқовимат табдил ёфтан дорад. Гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон аз эҳсосот, иттилооти бардурӯғ, шиорҳои фиребанда, тафсири ғалати арзишҳои динӣ, ваъдаҳои зиндагии беҳтар ва имкониятҳои технологияҳои рақамӣ истифода мебаранд.
Дар чунин шароит танҳо дастрасӣ ба иттилоот кофӣ нест. Муҳим он аст, ки инсон тавонад иттилооти гирифтаашро таҳлил кунад, манбаи онро бишиносад, дурустиро бисанҷад ва миёни далели воқеӣ ва таблиғоти ҳадафманд фарқ гузорад. Аз ин рӯ, ҷавони имрӯз бояд дар баробари донишҳои касбӣ, дорои саводи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, расонаӣ ва рақамӣ низ бошад.
Махсусан, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули чунин ҷаҳонбинӣ нақши муҳим доранд. Донишгоҳ бояд на танҳо мутахассиси дорои донишҳои назариявию амалӣ омода кунад, балки ба донишҷӯ қобилияти тафаккури интиқодӣ, муқоисаи сарчашмаҳо, шинохти иттилооти боэътимод ва муқовимат ба таъсиргузории манипулятивиро низ омӯзонад.
Ин талабот бо самтҳои пешгирикунандаи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқдомҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамоҳанг аст. Дар Осиёи Марказӣ низ баланд бардоштани устувории ҷавонон дар муқобили таблиғоти экстремистию террористӣ дар интернет, рушди тафаккури интиқодӣ ва саводи расонаию коммуникатсионӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар ин раванд масъулияти касбии намояндагони соҳаҳои гуногун низ меафзояд. Омӯзгор бояд тавонад таъсири ғояҳои ифротиро дар муҳити таълимӣ сари вақт дарк намуда, бо роҳҳои маърифатӣ пешгирӣ кунад. Рӯзноманигор вазифадор аст иттилооти воқеиро аз хабари бардурӯғ ва иғвоангез фарқ намояд. Иқтисодчӣ бояд роҳҳои эҳтимолии истифодаи низоми молиявӣ барои маблағгузории фаъолияти ҷинояткоронаро бишиносад. Барномасоз бошад, бояд масъулияти иҷтимоии маҳсулоти рақамии таҳиякардаашро дарк кунад, зиёӣ бошад ҷомеаро дар руҳияи худшиносибу худогоҳии миллӣ, шинохту гиромӣ доштани арзишҳову муқаддасоти милию давлатӣ ва ватандстӣ тарбият намояд.
Донишҷӯ низ бояд бидонад, ки озодии дастрасӣ ба иттилоот бе саводи зарурии иттилоотӣ метавонад инсонро осебпазир гардонад. Пас, яке аз вазифаҳои муҳими маориф ва тарбия ташаккули шахсияти огоҳ, мустақиландеш ва дорои мавқеи устувори шаҳрвандист.
Фарҳанги амният маҳз аз ҳамин ҷо оғоз меёбад: аз қобилияти шинохтани хатар пеш аз он ки ба фоҷиа табдил ёбад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу вазифа, метавонад дар пешгирии таҳдидҳо саҳм гузорад. Ин маънои онро дорад, ки амният танҳо натиҷаи фаъолияти сохторҳои махсус нест, балки самараи маърифати ҷомеа, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории муассири ниҳодҳои давлатӣ бо мардум низ мебошад.
Дар ин росто, Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи амнияти дохилӣ маҳдуд нашуда, дар ташаккул ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо экстремизм ва терроризм низ саҳми фаъол мегузорад. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин мавқеъ «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» мебошад, ки бо номи кӯтоҳи «Раванди Душанбе» маъруф аст.
Ин ташаббус соли 2018 бо ибтикори Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо рушд ёфт. Дар доираи он солҳои 2018, 2019 ва 2022 дар шаҳри Душанбе конференсияҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд. Соли 2024 ин раванд дар Кувайт идома ёфта, доираи иштирокчиён ва аҳамияти байналмилалии он густариш пайдо кард.
Худи он ки дар конференсияи мазкур беш аз 500 иштирокчӣ, аз ҷумла намояндагони сатҳи баланд аз 91 давлат ва 14 созмони байналмилалию минтақавӣ ширкат варзиданд, далели фарохтар шудани доираи ҳамкориҳо ва аҳамияти масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар рӯзномаи байналмилалӣ буда, инчунин аз, он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳон ташаббусҳои Тоҷикистонро эътироф ва дастгириву пайравӣ мекунад.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бо экстремизм, терроризм, радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ таъкид намуданд.
Моҳияти ин мавқеъ равшан аст, яъне таҳдидҳое, ки сарҳади давлатҳоро эътироф намекунанд, бо талошҳои ҷудогонаи кишварҳо бартараф намешаванд. Барои муқовимати муассир мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии иқдомҳо, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ зарур аст.
Дар ин замина, муовини Дабири кулли СММ оид ба мубориза бо экстремизм ва терроризм Владимир Воронков зимни суханронии ифтитоҳии худ дар ҳамоиши Кувайт ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси ин платформа баҳои баланд дода, изҳор дошта буд: «Талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Раванди Душанбе”-ро ба платформаи калидӣ барои амал ва ҳамкории бисёрҷониба дар муборизаи ҷаҳонӣ бо экстремизм ва терроризм табдил додаанд».
Ин баҳо нишон медиҳад, ки ташаббуси Тоҷикистон аз доираи ҳамкориҳои минтақавӣ берун рафта, ба яке аз майдонҳои муҳими муколама ва ҳамкории бисёрҷониба дар масъалаи муқовимат ба экстремизм терроризм табдил ёфтааст.
Аз нигоҳи мо, аҳамияти «Раванди Душанбе» пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои амниятро дар робита бо омилҳои мухталиф баррасӣ мекунад. Маблағгузории экстремизм ва терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ метавонанд бо ҳам алоқаманд бошанд. Бинобар ин, ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ошкор кардани ин робитаҳо ва пешгирии фаъолияти шабакаҳои ҷиноятӣ аҳамияти калон дорад. Чунки имрӯз экстремизм ва терроризм сарҳади муайян надоошта, онҳо метавонаднд дар як минтақа ташаккул ёбад, дар минтақаи дигар паноҳгоҳ пайдо кунад, аз кишвари сеюм маблағгузорӣ шавад ва тавассути интернет ба ҷавонони кишвари чорум таъсир расонад. Аз ин рӯ, посух ба чунин таҳдид низ бояд фаромиллӣ, ҳамоҳанг ва пайгирона бошад. Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон бо ташаббуси «Раванди Душанбе» нишон медиҳад, ки таҷрибаи миллии сулҳофарӣ ва дарки амиқи хатарҳои амниятӣ метавонанд ба ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба мусоидат намоянд.
Воқеан, нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, дар пешниҳоди иқдомҳои мушаххас, дастгирии ҳамкории бисёрҷониба ва таъкиди зарурати пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ ифода меёбад. Ташаббуси «Раванди Душанбе», таваҷҷуҳ ба таҳкими амнияти сарҳадӣ ва зарурати пешгирии радикализатсияи ҷавонон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки дар ин раванд аҳаммияти махсус доранд.
Дар баробари ин, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дастовардҳои амниятӣ танҳо дар сурати пайвастани талошҳои давлат бо маърифати ҷомеа, масъулияти шаҳрвандон ва ҳамкории байналмилалӣ устувор мемонанд. Қонунгузории мукаммал, фаъолияти мақомоти дахлдор ва ташаббусҳои дипломатӣ замоне натиҷаи бештар медиҳанд, ки ҳар як шаҳрванд арзиши сулҳро дарк намуда, дар ҳифзи он саҳм гузорад.
Ин аст, ки бо мақсади пойдории сулҳу салоҳ дар саросари сайёра Тоҷикистон имрӯз таҷрибаи сулҳро ҳамчун арзиши башарӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои экстремизму терроризм ҳамчун бахши муҳими осоиштагии банӣ башар таҳким мебахшад. Қабули Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва густариши «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» нишон медиҳанд, ки мубориза бо таҳдидҳои муосир бояд ба сиёсати пайвастаи пешгирӣ, маърифат ва ҳамкории байналмилалӣ такя намояд. Зеро сулҳ фарҳангест, ки бояд ҳар рӯз ҳифз, тақвият ва ба наслҳои оянда мерос гузошта шавад. Ҳарчанд самаранокии ин иқдомҳо дар ниҳоят аз татбиқи амалии онҳо, ҳамоҳангии ниҳодҳо ва иштироки фаъолонаи ҷомеаи башарӣ вобаста аст.
Абдулло ДАВЛАТЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng