Аз силсилаи “НОМОВАРОНИ ДДМИТ” ДИПЛОМИ АЪЛО, ҚАЛАМИ БЕДОР
Маҳлиё Холназарова - молияшиносе, ки донишандӯзиро бо эҷод пайваст
Баъзеҳо донишгоҳро танҳо бо диплом хатм мекунанд. Баъзеҳо бошанд, дар баробари гирифтани дониш, аз солҳои донишҷӯӣ чизе бештар ба даст меоранд: таҷриба, ҷаҳонбинӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳатто як забони баёни хешро. Маҳлиё Холназарова аз ҷумлаи ҷавононест, ки чор соли таҳсилро бо чунин таҷриба пайваст ва соли 2026 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Аммо ин барои ӯ анҷоми роҳи донишомӯзӣ нест. Имрӯз Маҳлиё дар курси якуми магистратура таҳсил мекунад ва ҳамзамон таҷрибаи эҷодии худро, ки ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ оғоз ёфта буд, идома медиҳад.
Роҳи ӯ аз шаҳри Турсунзода оғоз шуд. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳр соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ ба ДДМИТ дохил гардид. Чор соли таҳсил дар факултети молия ва қарз барои ӯ танҳо давраи азхуд кардани донишҳои касбӣ набуд. Ин солҳо давраи ташаккули шахсияти ҷавоне ҳам буданд, ки мехост дар бораи масъалаҳои муҳим андеша кунад ва андешаи худро бо қалам баён намояд.
Нигоҳе ба навиштаҳои солҳои донишҷӯии Маҳлиё нишон медиҳад, ки доираи таваҷҷуҳи ӯ аз доираи ихтисосаш фаротар меравад. Ӯ дар бораи сулҳ ва хотираи таърихӣ менависад, ба нақши ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳ мекунад, аз истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ сухан мегӯяд, ба мақоми омӯзгор эҳтиром мегузорад ва дар бораи таҷрибаи шахсии худ ҳамчун донишҷӯ андеша меронад.
Яке аз мавзӯъҳои меҳварии эҷодиёти донишҷӯии Маҳлиё истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар мақолаи «Мо ҷавонон ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол» ӯ истиқлолиятро аз диди як ҷавони даврони соҳибистиқлол шарҳ медиҳад. Барои ӯ истиқлол пеш аз ҳама имкони таҳсил, касбомӯзӣ, худшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ояндаи кишвар аст. Муаллифи ҷавон дар ин замина ба нақши ҷавонон низ таваҷҷуҳ мекунад. Ба андешаи ӯ, ифтихор аз Ватан бояд на танҳо дар сухан, балки дар рафтори ҳаррӯза, донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун ва муносибат ба ҷомеа зоҳир шавад. Шояд ҳамин ҷо хусусияти муҳими қалами Маҳлиё бештар эҳсос мешавад: ӯ мекӯшад мавзӯъҳои умумиро ба масъулияти шахсии инсон пайванд диҳад. Зеро истиқлолият барои ҷавон танҳо мероси насли гузашта нест — он масъулияти насли имрӯз низ ҳаст.
Аз миёни навиштаҳои Маҳлиё мақолаи «Меҳрномаи хатмкунанда: ташаккур бар ту бодо, устодам...» бо самимияти худ фарқ мекунад. Ин матлабро метавон як навъ ҷамъбасти маънавии солҳои донишҷӯӣ номид. Донишҷӯе, ки дар остонаи хатм қарор дорад, ба қафо менигарад ва саҳми устодонашро дар ташаккули худ эҳсос мекунад.
Ӯ аз муаллимаи худ Румайсо Шерализода бо эҳтиром ёд карда, менависад, ки омӯзгор дар баробари фан ба шогирд «сабақи худшиносиву ватандӯстӣ» низ меомӯзонад.
Ба гумонам, ин андеша дар матлаби Маҳлиё тасодуфӣ нест. Зеро дар дигар навиштаҳояш низ масъалаи тарбия, фарҳанги муошират, эҳтироми инсон, ватандӯстӣ ва масъулият мавқеи хос дорад. Дар остонаи хатм ӯ менависад: «Ман хушбахтам, ки маҳз ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - ин даргоҳи илму маърифат ва дорои устодони ботаҷрибаву дилсӯз дохил гардида, онро бо муваффақият сарбаландона хатм намудам...»
Ин суханҳо имрӯз, вақте ки Маҳлиё воқеан як марҳилаи таҳсилро паси сар кардаву дар магистратура таҳсилро идома медиҳад, маънии дигар пайдо мекунанд. Зеро муносибати нек ба устод ва қадршиносии заҳмати ӯ яке аз нишонаҳои муҳими фарҳанги донишҷӯист.
Соли 2026 барои Маҳлиё ҳамчун соли фаромӯшнашаванда дар хотирааш нақш мебандад. Чор соли таҳсил паси сар шуд ва заҳмати ӯ бо гирифтани дипломи аъло қадр гардид. Ин натиҷа, албатта, дар як они воҳид ба даст намеояд. Дар паси он солҳои мутолиа, омодагӣ ба дарсҳо, имтиҳонҳо, ҷустуҷӯи дониш ва талоши пайваста меистад. Дипломи аъло ба таври рамзӣ шаҳодат медиҳад, ки донишҷӯ вазифаи асосии худ: хуб омӯхтанро бо масъулият иҷро кардааст. Аммо барои Маҳлиё ин диплом бештар оғози марҳилаи дигар, марҳилаи идомаи таҳсил дар зинаи магистратура аст. Магистратура ба Маҳлиё имконият медиҳад, ки донишҳои дар солҳои бакалавриат андӯхташуда амиқтар гарданд, доираи ҷустуҷӯҳои илмӣ васеъ шавад ва муносибат ба ихтисос аз сатҳи донишҷӯӣ ба сатҳи таҳлиливу таҳқиқотӣ гузарад.
Дар бораи инсонҳои муваффақ бисёр мегӯянд, аммо худи муваффақият одатан аз чизҳои сода оғоз меёбад: аз ҳадафи дуруст, аз меҳнат, сабр ва эътимод ба худ. Маҳлиё низ дар яке аз навиштаҳои худ ҳамин маъниро баён кардааст: «Талош, сабр ва итминони комил роҳҳое ҳастанд, ки инсонро ба қуллаҳои муваффақият мерасонанд». Имрӯз ин суханро метавон ба роҳи тайкардаи худи ӯ низ нисбат дод. Зеро қалам вақте қимат пайдо мекунад, ки паси он андеша бошад. Ва андеша вақте таъсиргузор мегардад, ки инсон дониши кофӣ ва таҷрибаи зиндагӣ дошта бошад.
Ҳар донишгоҳ на танҳо мутахассис, балки инсонҳои дорои андеша низ омода мекунад. Маҳлиё Холназарова аз ҳамин муҳит гузаштааст. Ӯ донишҳои касбӣ гирифт, таҷрибаи донишҷӯӣ андӯхт, қаламро санҷид, мавқеи худро дар бораи масъалаҳои гуногун баён кард ва дар ниҳоят таҳсилоти бакалавриро бо натиҷаи баланд ҷамъбаст намуд.
Имрӯз ӯ дигар танҳо донишҷӯи соли аввал нест, балки хатмкардаи ДДМИТ бо дипломи аъло ва магистранти курси якум аст. Вале муҳимтар аз унвонҳо роҳи тайшуда ва роҳест, ки ҳанӯз дар пеш аст. Аз ҳамин хотир, Маҳлиёро ҳоло ҳам дар назди худ вазифаҳои нав интизоранд: амиқтар омӯхтан, бештар хондан, таҳқиқ кардан, таҷриба андӯхтан ва худро дар майдони касбиву эҷодӣ пайдо кардан. Чунки дипломи аъло самараи меҳнати дирӯза аст, таҳсил дар магистратура масъулияти имрӯз ва сари кор гирифтан бо қалам ин имкони гуфтани сухани фардост. Шояд муҳимтарин дастоварди Маҳлиё маҳз ҳамин бошад: ӯ аз донишгоҳ танҳо бо дипломи аъло берун наомад, балки бо дониш, таҷриба, андеша ва орзуи идомаи роҳи худ вориди марҳилаи нави зиндагӣ гардид.
Роҳи ӯ идома дорад ва ҳар қадами нав метавонад саҳифаи тозаи ҳамин саргузашт бошад.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng