Дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ бидуни инфрасохтори мукаммали иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввур кардани муассисаи таҳсилоти олии муосир душвор аст. Имрӯз компютер, интернет, тахтаи электронӣ, камераҳои назоратӣ, сервер, платформаҳои онлайнӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ танҳо таҷҳизоти техникӣ нестанд. Онҳо ба як ҷузъи муҳими раванди таълиму тарбия, идоракунӣ, назорат ва ташкили фаъолияти илмӣ табдил ёфтаанд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар остонаи 30-солагии таъсисёбии худ қарор дорад, дар солҳои охир ба таҳкими заминаи моддию техникии рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ маҳз дар ҳамин раванд ҷойгоҳи муҳим дорад.

Дар доираи тантанаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбат бо сардори МТИК Камолиддин Зарипов имкон медиҳад, ки ба масъалаи рақамикунонии муҳити таълим, имкониятҳои техникии донишгоҳ, шаффофияти раванди таҳсил ва вазифаҳои минбаъда аз наздик назар андозем.

- Муҳтарам Камолидин Зарипов, феълан фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар сохтори донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Марказ фаъолияти худро дар асоси низомнома, нақшаи кории марказ ва нақшаҳои солонаи кормандон ба роҳ мондааст. Сохтори он аз 11 воҳиди корӣ иборат буда, сардори марказ, кормандони назорату ташхиси компютерҳо, маъмури шабакаи интернет, барномасоз ва операторони синфхонаҳои компютериро дар бар мегирад.

Яке аз самтҳои асосии кори мо нигоҳдории мунтазам ва фаъолияти босамари таҷҳизоти техникӣ мебошад. Ҳар рӯз дар синфхонаҳои компютерӣ, видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи дархости факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ нуқсонҳои техникии компютерҳо ва таҷҳизоти дигар муайян ва бартараф карда мешаванд. Назорати шабакаи интернет низ ба зиммаи марказ гузошта шудааст.

- Яъне вазифаи марказ танҳо таъмири компютер ва назорати интернет нест?

- Албатта. Имрӯз доираи фаъолияти марказ хеле васеъ шудааст. Мо дар таъмини техникии раванди таълим, баргузории конференсияҳо, дарсҳои кушод, вохӯриҳои маҷозӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои донишгоҳӣ низ саҳм мегузорем.

Дар чорабиниҳо ноутбук, видеокамераҳои онлайнӣ, микрофон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ омода карда мешаванд. Барои вохӯриҳои маҷозӣ платформаҳои вебинарӣ танзим гардида, дар баргузории ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ низ дастгирии техникӣ расонида мешавад.

- Лутфан бигӯед, ки оё таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ то кадом андоза барои раванди таълим муҳим аст ва заминаи техникии донишгоҳро таъмин карда метавонад?

- Ин замина имконият медиҳад, ки технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимию илмӣ бештар истифода шаванд. Айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 2100 таҷҳизоти гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ насб ва истифода мешавад. Аз ҷумла, 1059 компютери фардӣ ва ноутбук, 215  принтери навъҳои гуногун, 73 свитч ва 15 роутери Wi-Fi мавҷуд аст. Инчунин донишгоҳ бо 115 адад тахтаҳои электронӣ, планшетҳои деворӣ, банерҳо ва панелҳои сенсорӣ таъмин мебошад.

- Ба назарам, яке аз навгониҳои соли таҳсил насби панелҳои сенсорӣ мебошад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

- Дар оғози соли таҳсили сипаригардида барои муосиргардонии раванди таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ 25 адад панели сенсорӣ харидорӣ ва дар синфхонаҳои таълимӣ пурра насб карда шуд. Бартарии чунин панелҳо дар он аст, ки омӯзгор метавонад ҳам аз имкониятҳои технологияи сенсорӣ ва ҳам аз навишти маъмулӣ истифода барад. Намоиши маводи дарсӣ, видео ва презентатсияҳо низ бо сифати баланд анҷом дода мешавад.

- Яке аз масъалаҳои муҳим дар муҳити донишгоҳӣ назорати сифати таълим ва таъмини шаффофияти он мебошад. Технология дар ин самт чӣ нақш дорад?

- Дар доираи мукаммалсозии назорати раванди таълим дар шуъбаи мониторинг ва сифати таълим низоми нави технологии назоратӣ насб ва ба кор омода карда шуд. Видеои синфхонаҳо ба маркази ягонаи шуъбаи мониторинг пайваст гардида, имкони пайгирии раванди дарсҳо ба таври онлайн фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизоти сабти видеоӣ дорои хотираи калон буда, имкони нигоҳдорӣ ва бойгонии наворҳои дарсиро муҳайё мекунад.

- Имкониятҳои техникии камераҳои назоратӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия  то чӣ андоза шаффоф истифода мешаванд?

- Барои таъмини шаффофияти имтиҳонҳо ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар биноҳои донишгоҳ камераҳои назоратии симову садо насб шудаанд. Дар синфхонаҳои таълимӣ, роҳравҳо, саҳни донишгоҳ ва хобгоҳҳо зиёда аз 300 камераи назоратӣ мавҷуд аст. Дар соли таҳсили 2025–2026 боз 32 адад IP-камераи муосир насб ва ба истифода дода шуд.

- Яъне технология дар ин ҷо танҳо воситаи назорат набуда, балки метавонад ба баланд шудани интизом низ мусоидат кунад?

- Бале. Камераҳои назоратӣ имкони пайгирии вазъи раванди таълим ва ошкор намудани ҳолатҳои мушкилро фароҳам меоранд. Ҳадаф пеш аз ҳама таъмини тартиб, шаффофият ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълиму тарбия мебошад. Бинобар ҳамин, истифодаи камераҳо баҳри назорати раванди таълим ва пешгирии кирдорҳои номатлуб имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

- Биёед, ба яке аз масъалаҳои асосии инфрасохтори рақамӣ - интернет рӯ оварем. Имрӯз таъмини донишгоҳ бо интернет дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Донишгоҳ дар асоси шартномаи дуҷониба бо провайдери интернетии «ТАРЕНА» ҳамкорӣ мекунад. Айни замон донишгоҳ бо хати интернети баландсуръати 30 Мбит/с таъмин мебошад. Дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ зиёда аз 420 нуқтаи корӣ бо ноқили LAN мавҷуд аст. Ҳамзамон нуқтаҳои шабакаи бесими Wi-Fi низ дар факултетҳо, долонҳо ва саҳни донишгоҳ фаъол мебошанд.

- Дар паси ин шабакаи бузург, бешубҳа, фаъолияти серверҳо низ меистад. Донишгоҳ аз ин ҷиҳат чӣ имконият дорад?

- Донишгоҳ дорои сервери баландсуръати Dell мебошад, ки аз 8 пойгоҳи корӣ иборат аст. Он фаъолияти низоми идоракунии автоматӣ, баҳисобгирӣ ва муҳосибот, тақсимоти интернет, пойгоҳи таҳсилоти фосилавӣ ва маркази тестиро таъмин мекунад.

- Технологияи рақамӣ имрӯз барои донишҷӯ низ майдони таҷрибаи амалӣ шудааст. Дар марказ донишҷӯён таҷрибаомӯзӣ мекунанд?

- Бале. Дар давоми соли таҳсил 8 нафар донишҷӯи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар бахши ташхиси техникии марказ таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузаштанд. Ин имконият медиҳад, ки донишҷӯ дониши назариявии гирифтаашро дар муҳити воқеии корӣ амалӣ намояд.

- Дар баробари техника, масъалаи амнияти рақамӣ низ муҳим аст. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

- Яке аз самтҳои фаъолияти марказ ҳифзи таҷҳизоти компютерӣ аз вирусҳо мебошад. Дар соли таҳсили 2025–2026 дар компютерҳои донишгоҳ 300 адад барномаи зиддивирусии Kaspersky насб ва барномарезӣ карда шуд. Ҳамчунин, кормандони марказ ба омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён барои тоза кардани флешкартаву ноутбукҳои шахсӣ аз вирус ва истифодаи барномаҳои компютерӣ ёрии амалӣ мерасонанд.

- Марказ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ нақши техникӣ дорад. Кадом чорабиниҳоро метавон махсус ном бурд?

- Дар давраи ҳисоботӣ марказ дар баргузории як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар заминаи донишгоҳ гузаштанд, дастгирии техникиро таъмин намуд. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз», «Беҳтарин барномасоз» ва «Маърифати молиявӣ» марказ дар омодасозии муҳити техникӣ, серверҳо, алоқаи видеоӣ, пахши мустақим, таҷҳизоти компютерӣ, камераҳои назоратӣ ва шабакаи интернет саҳм гузошт.

- Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки ҳангоми баргузории озмунҳо ягон ҳолати қатъшавии техникӣ ё интернет ба қайд гирифта нашудааст. Ин нишондиҳанда барои марказ чӣ маъно дорад?

- Пеш аз ҳар чорабинии муҳим таҷҳизот ва шабакаҳо санҷида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ тамоми озмунҳо ва олимпиадаҳои зикршуда бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, дар раванди пахши мустақим ва баргузории озмунҳо ҳолати қатъшавии техникӣ ё қатъи шабакаи интернет ба қайд гирифта нашудааст.

- Дар баробари дастовардҳо, ҳар як ҳисобот бояд мушкилот ва эҳтиёҷоти мавҷударо низ нишон диҳад. Имрӯз марказ бештар ба чӣ ниёз дорад?

- Яке аз масъалаҳо таҷдиди марҳила ба марҳилаи компютерҳои аз ҷиҳати маънавӣ фарсудашудаи синфхонаҳо мебошад. Ҳамчунин барои баргузории вохӯриҳо ва конференсияҳо дар маҷлисгоҳи ошёнаи дуюми бинои №3 таҷҳизоти садодиҳии мувофиқ зарур аст. Аз ҷумла, зарурати навсозии камераҳои хобгоҳи №2, иваз ё навсозии баъзе проекторҳои синфхонаҳо, харидории барномаи литсензионии ZOOM ва таъсиси як синфхонаи компютерӣ дар факултети МИБ низ дар пешниҳодҳои марказ инъикос ёфтааст.

- Афзоиши шумораи камераҳо, табиист, ки мутахассиси бештарро талаб мекунад. Дар ин масъала чӣ пешниҳод доред?

- Айни замон шумораи камераҳои назоратӣ дар донишгоҳ аз 300 адад гузаштааст. Барои мониторинги мунтазами онҳо мутахассиси иловагӣ зарур мебошад. Ин масъала ба он вобаста аст, ки ҳолатҳои фавқулода ё ҳодисаҳои амниятӣ сари вақт муайян ва ба қайд гирифта шаванд.

- Агар ба 30 соли фаъолияти донишгоҳ назар андозем, технологияҳои иттилоотӣ дар ин давра то куҷо чеҳраи муҳити таълимиро тағйир додаанд?

- Рақамҳои ҳоло пешниҳодкардаи ман худ аз худ нишон медиҳанд, ки муҳити техникии донишгоҳ ба марҳилаи дигар ворид шудааст. Имрӯз масъала танҳо доштани компютер нест. Сухан дар бораи шабака, сервер, интернет, тахтаҳои электронӣ, панелҳои сенсорӣ, низоми назоратӣ, таҳсилоти фосилавӣ, пахши мустақим ва дигар воситаҳои рақамӣ меравад. Ҳадафи марказ аз он иборат аст, ки ин имкониятҳо дар хизмати раванди таълим ва фаъолияти донишгоҳ самаранок истифода шаванд.

- Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ДДМИТ, Шумо фаъолияти марказро дар як ҷумла чӣ гуна ҷамъбаст мекардед?

- Метавон гуфт, ки технология имрӯз яке аз пояҳои муҳими донишгоҳи муосир мебошад. Кори мо аз нигоҳдории техника оғоз мешавад, аммо ба сифати таълим, дастрасии донишҷӯ ба технология, шаффофияти равандҳо ва самаранокии фаъолияти умумии донишгоҳ пайванд мегирад.

P/S:

Мусоҳиба бо сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии ДДМИТ нишон медиҳад, ки рақамикунонии муҳити донишгоҳӣ танҳо бо харидории таҷҳизоти нав маҳдуд намешавад. Он маҷмӯи тадбирҳо, аз ташкили шабакаи устувори интернет ва фаъолияти серверҳо то ҷорӣ намудани панелҳои сенсорӣ, назорати техникии раванди таълим, таъмини шаффофияти озмунҳо ва баргузории ҳамоишҳои онлайнро фаро мегирад.

Имрӯз дар ихтиёри донишгоҳ зиёда аз 2100 таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ қарор дошта, шабакаи зиёда аз 420 нуқтаи LAN ва Wi-Fi муҳити рақамии онро фароҳам меорад. 25 панели сенсорӣ дар синфхонаҳои таълимӣ насб гардида, зиёда аз 300 камераи назоратӣ ва 32 IP-камераи нав имкониятҳои мониторингро густариш додаанд.

Албатта, технология худ ҳадафи ниҳоӣ нест. Арзиши воқеии он вақте зуҳур мекунад, ки ба беҳтар шудани таълим, осон гардидани кори омӯзгор, боло рафтани сатҳи донишҷӯ ва шаффофтару самараноктар шудани фаъолияти муассиса мусоидат намояд.

Дар идомаи тантанаҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чунин равандҳо бозгӯи як воқеияти муҳиманд: донишгоҳи асри нав на танҳо ба синфхонаҳои муҷаҳҳаз, балки ба тафаккури рақамӣ, инфрасохтори устувори технологӣ ва мутахассисоне ниёз дорад, ки ин имкониятҳоро ба неруи воқеии рушд табдил диҳанд.

Маҳз дар ҳамин нуқта нақши Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ равшантар мегардад, ки технология бояд на танҳо дар донишгоҳ бошад, балки бояд донишгоҳро ба пеш барад.

 

Мусоҳиб:

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ