БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Конститутсия оинаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, он санади олии ҳуқуқиест, ки бо он сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва уҳдадориҳои онҳо муайян мегардад. Барои мо миллати тоҷик, ки баъди солҳои душвори таърих ба Истиқлоли давлатӣ расидем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, воқеан як бахтномаи миллат аст – ҳуҷҷате, ки ба давлати тозаистиқлоли мо – тоҷикон, пояи устувор бахшид.
Вақте мо ҳар сол 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, на танҳо як санади таърихиро ёд меорем, балки бахтномаи миллат, санади тақдирсоз ва рамзи саодати давлатдориро пос медорем.
Конститутсия моро ба ваҳдат, сулҳ, адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон даъват мекунад. Ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд ин ҳуҷҷати муқаддасро омӯзад, эҳтиром кунад ва барои татбиқи меъёрҳои он саъй намояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз соҳаҳои мавҷудбуда ҳимоя ва ҳифз менамояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худро ҳамчун як давлати мустақил эълон намудан, якчанд марҳилаҳои вазнинро паси сар намуд. Сараввал, баъд аз оне ки ИҶШС соли 1991 барҳам хӯрд, тамоми давлатҳои ба он тааллуқдошта аз тобеи он баромаданд, худро ҳамчун як давлати мустақил эълон намуданд. Дар навбати худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тобеияти ИҶШС баромада 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол шудани худро эътироф карда, худро ҳамчун як давлати мустақил эълон намуд. Баъд аз он, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабули конститутсияи нав пеш омад, ки онро низ ҳаллу фасл намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 конститутсияи худро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки он аз 10 бобу 100 модда иборат аст.
Конститутсия оинаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, он санади олии ҳуқуқиест, ки бо он сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва уҳдадориҳои онҳо муайян мегардад. Барои мо - миллати тоҷик, ки баъди солҳои душвори таърих ба Истиқлоли давлатӣ расидем, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, воқеан, як бахтномаи миллат аст – ҳуҷҷате, ки ба давлати тозаистиқлоли мо пояи устувор бахшид.
Бо қабули конститутсия, давлати мо самти рушдро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд. Ин чор пояи асосӣ то имрӯз роҳнамои тамоми сиёсати давлатӣ мебошад. Яке аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ мешуморад. Дар моддаҳои он ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, моликият, озодии инсон ва баробарии шаҳрвандон пешбинӣ шудааст. Ин меъёрҳо имкон медиҳанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста ба миллат, мазҳаб ё ҷинс худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунад.
Нақши конститутсия дар таҳкими давлатдорӣ, дар асоси конститутсия, мақомоти олии қудратӣ - Маҷлиси Олӣ, Ҳукумат, Суди конститутсионӣ ва дигар сохторҳо ташкил ёфтаанд. Ин сохторҳо бо риояи принсипи тақсимоти ҳокимият амал мекунанд, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими давлатдории демократӣ мебошад. Конститутсия, ҳамчунин, заминаи ҳуқуқии татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Он миллати тоҷикро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид намуд, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшид.
Имрӯз бо шарофати Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва дорои сиёсати устувори хориҷӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Вақте мо ҳар сол 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, на танҳо як санади таърихиро ёд меорем, балки бахтномаи миллат, санади тақдирсоз ва рамзи саодати давлатдориро пос медорем.
Конститутсия моро ба ваҳдат, сулҳ, адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон даъват мекунад. Ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд ин ҳуҷҷати муқаддасро омӯзад, эҳтиром кунад ва барои татбиқи меъёрҳои он саъй намояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз соҳаҳои мавҷудбуда ҳимроя ва ҳифз менамояд.
Сайёра Зайнуддинзода,
донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng