Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, инчунин, мавқеи густурда пайдо намудани техникаву технологияҳои замони муосир, Тоҷикистони навину соҳибистиқлол бо ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбари оқилу доно ва ғамхору дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист на танҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намояд, балки дар амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор ташаббус нишон дода, баҳри наҷоти аҳли башар бо мавқеи муайян ва созанда ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша ва амал водор созад.

Ин аст, ки нуфузу мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст. Дар тули зиёда аз 34 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни кишварҳои рӯ ба тараққии ҷаҳон мақоми шоистаро касб намуд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки Пешвои халқи тоҷик ташаббускори иқдомоти бузурги минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Пешниҳодҳои Сарвари давлати мо дар форумҳои ҷаҳонӣ оид ба тозагии оби нӯшокӣ ва ҳифзи захираҳои арзишманди табиӣ розигии дилгармона пайдо кардааст. Дар байни онҳо метавон чунин иқдомотро ном бурд:

  1. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ (1 октябри соли 1999) - соли 2003-ро "Соли оби тоза" эълон намудан. Дар асоси ин ташаббус, 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Ассамблеяи Генералии СММ соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза" эълон карда шуд.
  2. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" эълон намудан. 23 декабри соли 2003 Ассамблеяи Генералии СММ дар асоси эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул кард ва солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалҳои "Об барои ҳаёт" эълон карда шуд.
  3. Соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон карда шуд. (20 декабри соли 2010). 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид ва як қатор ҳуҷҷатҳо қабул гардиданд.
  4. Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳидсозии талошҳои дастҷамъонаи кишварҳои ҷаҳон барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад буд.
  5. Пешниҳод оид ба таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсиси Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез.
  6. Ташаббуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми 3-юми ҷаҳонии иқлим 31 август то 4 сентябри соли 2009 Дар Женева, сипас Дар Конфронси 15-уми Тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген 7 декабри соли 2009 пешниҳод намуданд.
  7. Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025, ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул намуд.
  8. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли 2024 қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ” қабул намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои истифодаи самараноки захираҳои обу иқлим талош меварзанд. Ҳама чорабиниҳои глобалӣ, ки дар асри нав дар саросари ҷаҳон баргузор мешаванд, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ба таҳкими фаҳмиши аҳамияти об барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини сулҳу субот мусоидат мекунанд. Аз ин сабаб, ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асосгузори тамоми ташаббусу амалҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим эътироф намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки қатъномаи махсуси СММ "Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул карда шавад ва ба тақвияти нақши калидии СММ дар ҳалли низоъҳо даъват карда шуд. Бояд таъкид кард, ки Пешвои миллат дар тули солҳои зиёд аз минбарҳои баланд даъват карданд, ки тамоми сокинони сайёра барои пешгирии мушкилоти глобалӣ ба хотири ояндаи дурахшон барои тамоми инсоният муттаҳид шаванд.

Дар шароити муосир ташаббуси навбатии Пешвои миллат "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" воқеан, саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Пешвои миллат ин пешниҳоди муҳим ва тақдирсозро дар асоси таҷрибаи шахсии худ пешниҳод карданд.

Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша шинохта шуд.

Дар баробари ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки “Иди Наврӯз”-ро ҷашн мегиранд, қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли соли 2025 қабул шуд. Махсусан, дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад.

Таърих шоҳиди он аст, ки бо шарофати талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав баргузор шуд, бидуни шакк, дар баробари таҷрибаи ҷаҳонии сулҳпарварӣ миёни дигар миллатҳо ва халқҳо эътироф шуда метавонад, зеро маҳз дар ҳамин давра, Пешвои миллат таҷрибаи шахсии худ, анъанаҳои сулҳпарварӣ ва таҳаммулпазирии ниёгон ва амалияи сиёсии дигар кишварҳоро истифода намуда, барои тоҷикон ва Тоҷикистон сулҳро ба даст оварданд.

Бояд қайд кард, ки асосҳои мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат ҳанӯз дар рӯзҳои аввали фаъолияти ин шахси таърихӣ дар вазифаи Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат, махсусан, дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чунин садо дода буд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз менамоям!” гузошта шудааст.

Барои таъмини оштии миллӣ ва ваҳдати кишвар Пешвои миллат, пеш аз ҳама, омилҳои дохилиро - тафаккури солим, иродаи қавии миллат, анъанаҳои қадимии сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва идеологии халқи бузурги тоҷикро истифода бурданд. Аз ин сабаб, мо бояд аз он таърих ва фарҳанге, ки дар тули ҳазорсолаҳо ба мо анъанаҳо ва садҳо мутафаккирони боистеъдод гузоштааст, ки воқеан, манбаи ифтихори миллии мо ҳастанд, миннатдор бошем ва ин ҳама дар амалияи сиёсии Сарвари давлат истифода шудааст. Дар китоби "Чеҳраҳои мондагор" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиш ва мақоми беназири Куруши Бузургро дар таъмини сулҳу озодӣ, эътиқодоти миллӣ ва муносибатҳои башардӯстона бо халқҳои ҷаҳон таъкид намудаанд, аз ҷумла: "Эъломияи Куруши Бузург, ки асоси он фарҳанги ориёӣ аст ва аз инсондӯстӣ сарчашма мегирад, аввалин санади таърихие мебошад, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии дин, эътиқод ва ҳифзи моликияти шаҳрвандонро дастгирӣ мекунад. Дар маводҳое, ки ба китоб дохил шудаанд, дар бораи тақдир ва роҳи ҳаёти сӣ нафар ашхоси барҷастаи халқи тоҷик - таърихӣ, илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ нақл карда мешавад".

Пешвои миллат бо эҷоди робита байни ваҳдати Мавлонои Балхӣ ва ваҳдати миллии имрӯза, ки то ҳол аз андешаҳои башардӯстонаи ин хирадманди сулҳпарвар сарчашма мегирад, ҷомеаи кишвари моро ба принсипи "дарҳои кушод" барои муколамаи фарҳангҳо ва муносибатҳо бо халқҳои ҷаҳон даъват менамоянд. Сарвари давлат ин нуктаро хеле муҳим ва амиқ қайд намуда, чунин изҳор доштаанд: "Мо, ки имрӯз дар бораи ваҳдати миллат ҳарф мезанем, бояд махсусан андешаҳои Мавлоноро пайравӣ намоем ва бо тамоми масъулият кӯшиш намоем, ки на танҳо маънои ин фикрҳоро дар сатҳи миллат дарк намоем, балки омода бошем, ки дару дили ватани худро барои муошират ва ҳамбастагӣ бо дигар халқҳои ҷаҳон ва муколамаи фарҳангҳои гуногун боз намоем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем миллати ягонаи Тоҷикистонро ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ табдил диҳем".

Умуман, ба шарофати татбиқи принсипҳо ва усулҳои асосии мактаби сулҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои шахсии Ӯ, руҳияи устувор, шараф, ватандӯстӣ ва дастгирии тамоми мардуми Тоҷикистон халқи мо аз вартаи ҷудоӣ ва ноумедӣ раҳо ёфт. Иродаи сулҳҷӯёнаи Ӯ ба нафъи кишвари азизи мо равона шуда буд - созандагӣ, сулҳу субот, оромӣ ва субот таъмин гардида, таҷрибаи сулҳомези тоҷикистониён дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Ин нуктаро Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон хеле пурмазмун таъкид намуда, чунин қайд карда буданд: "Аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ҳамчун падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва буҳрони миллӣ далели равшани он аст, ки ин ташаббус обрӯи моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати мутамаддин ва фарҳангӣ баланд бардоштааст”. Ба гуфтаи собиқ дабири кулли СММ Кофи Аннан, тоҷикон ба кишварҳои дигар намунаи беназири таҷрибаи сулҳҷӯёна додаанд.

Мо боварии комил дорем, ки ин ганҷинаи тоҷик - мактаби сулҳи Пешвои миллат бо истифода аз роҳҳои осоишта ва усулҳои ҳалли низоъҳои дохилӣ унсури асосӣ буда, солҳои зиёд аз ҷониби мутахассисон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад.

Ҳоло ки ба СММ ташаббуси навбатии Пешвои миллат - Даҳсолаи сулҳсозӣ барои наслҳои оянда пешниҳод шудааст, мо итминон дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди созандаро истиқбол хоҳад кард. Ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар навбати худ, азми қавӣ дорем, ки муҳтаво ва моҳияти ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки омили наҷоти ҳақиқии инсоният хоҳад буд, амалӣ намоем.

 

Қутбиддин Муқимов,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон