Парчам як рамзи хоссаи истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст. Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърихи қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами тоҷикон «Дирафши Ковиёнӣ» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешуд.

Воқеан, дар бораи дирафши ковиёнӣ «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳам маълумот медиҳад. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар, вақте дар мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок ғолиб меояд, пешбанди чармини худро ба ҳайси дирафш - парчам истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал ғолиб шуданашро ба халқ нишон медиҳад. Баъдан, бо ба даст овардани давлат Фаридунро ба тахт менишонад. Фаридун, дар навбати худ, ба дирафши ковиёнӣ як ситораи дорои чор шохаи зарҳалиро, ки низ бо рангҳои сурху зарду бунафш оро дода шуда буд, илова мекунад. Аз ҳамон давра мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гашт.

Парчам аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат ба шумор рафта, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат басо ҷоннисориҳо намудаанд.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ – таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлол ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад.

Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати мутамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллату Ватан ва ҳидоятгару раҳнамои мардум ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии босаодат мебошад. Он ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, мардонагию матиниродагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Имрӯз Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ» бо тобиши се ранг: сурх – озодиву истиқлол; сафед – сулҳу оромӣ; сабз – ободиву хуррамӣ ва миёни онҳо тоҷи заррин бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонию фарҳангии ҳамон мамлакат аст. Он як рамзи бисёрмаъно буда, танҳо ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, он тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтаанд, мазмуни зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд ва ҳар кас метавонад онро вобаста ба фаҳмиши худ шарҳ диҳад. Аммо мазмуни ҳақиқиаш – ранги сурх дар парчам муборизаю фидокории халқ барои озодию истиқлол, ранги сафед – бахти сафед ва покизагӣ, ранги сабз – саъю кӯшиш ва меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора – ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯзро маънидод мекунад. Умуман, рақами ҳафт дар мардуми тоҷик азизу муқаддас дониста мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз замоне ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон соҳиби Парчами миллӣ гардидаанд, дар ҳаёти мамлакат ва мардуми он дигаргуниҳои зиёди бунёдкоронаю созанда ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ, аз он ҷумла равобити дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои зиёди хориҷӣ густариш ёфтанд. Давлати Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин, албатта, мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми тоҷикон мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Бинобар ин, Парчами давлатӣ, дар ҳақиқат, нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ буда, он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.

 

Умар ВОҲИДОВ,

мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика