Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бештар бо таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ мегарданд. Дар чунин вазъ тарбияи насли ҷавон дар руҳияи меҳанпарварӣ, эҳтиром ба қонун, илмомӯзӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аҳамияти муҳим касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, таҳкими сулҳу субот ва амнияти миллӣ ба яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар табдил ёфтааст. Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо ҳисси баланди худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Имрӯз мубориза бо экстремизм ва терроризм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки рисолати ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб, ки ҳамчун “вабои аср” шинохта мешаванд, ба амнияту суботи давлатҳо ва ваҳдати ҷомеаҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад».

Дар ҷаҳони муосир амалҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи чунин таҳдидҳо буда, бо содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ амнияти инсониятро зери хатар мегузоранд.

Аз ин рӯ, имрӯз ҳар як узви ҷомеа, бахусус ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан омили муҳимми пешгирии чунин хатарҳо мебошад.

Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок ҳамкории ҳамаҷонибаи қишрҳои ҷомеа зарур аст. Аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд даст ба даст дода, барои бунёди ҷомеаи солим ва амн талош намоянд. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавӣ метавонем ҷомеаи мутамаддину пешрафта бунёд кунем.

Зоҳир намудани ҳушёрии сиёсӣ ва саҳм гузоштан дар таъмини амният қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Мубориза бар зидди терроризм бояд мақсаднок, пайгирона ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ амалӣ карда шавад.

 

Балбибӣ ҲАБИБУЛЛОЕВА,

китобшиноси Китобхонаи илмии ДДМИТ