Дар заминаи консепсияҳои фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсии муосир, ваҳдати миллӣ ҳамчун таҷассуми олитарини иродаи маънавии миллату давлат, нишони суботи ҳассосу шиканандаи хориҷӣ ва дохилии ҷомеа ва сохтори эътирофшудаи ҳастии шаҳрвандӣ баромад мекунад. Таърих ва таҷрибаи сиёсии муноқишаҳои пасоҷангӣ нишон медиҳанд, ки барқарории ваҳдат аз доираи як созишномаи одӣ фарсахҳо дур буда, раванди таҷдиди консептуалии маънои ҳастии миллиро тақозо менамояд.

Таҷрибаи давлатсозии муосири Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ эҳё гардид, намунаи барҷастаи тавонмандсозии фалсафаи ваҳдат ҳамчун пояи худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванди тақдирсоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари сиёсӣ, балки дар мақоми Пешвои таърихсоз, табиби виҷдони захмии ҷомеа ва рамзи ахлоқи раҳнамоии миллӣ зуҳур намуданд.

Маҳз бо чунин назари илмӣ, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бар заминаи арзишҳои ахлоқиву виҷдонӣ, афв, гузашт ва эҳёи ҳувияти муштарак шакл гирифт. Дар ин замина, ваҳдат фақат як мувофиқати зоҳирии сиёсӣ ва созиши гурӯҳӣ набуд, балки ҳастии ахлоқӣ ва маънавии миллатро инъикос менамуд. Ин падида шакли олии шуури миллӣ аст, ки дар он фардиятҳо ба як маҷмӯи ягонаи арзишманд табдил меёбанд.

Арзёбии фардият аз дидгоҳи фалсафӣ собит месзад, ки шахсияти таърихӣ он гоҳ фардияти воқеиро касб мекунад, ки қонуни маънавиро дар вуҷуди хеш зинда намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи шиддати ҷанги шаҳрвандӣ паёми худро на аз мавқеи зӯру фишор, балки аз нидои амиқи виҷдон оғоз карда, изҳор доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам, ваҳдат меорам!».

Ин сухани таърихӣ танҳо як даъвати зоҳирӣ набуд, балки эъломияи виҷдонии шахсияте маҳсуб меёфт, ки иродаи умумимиллиро намояндагӣ мекард. Роҳбари давлат бар асоси маърифати ахлоқии шахсӣ, ки аз фарҳанг ва фалсафаи амиқи Шарқ сарчашма мегирад, ҳокимиятро на ҳамчун воситаи ҳукмронӣ, балки ҳамчун рисолати бузурги ахлоқӣ дарк намуданд.

Ин шеваи ҳадафмандро бо фаҳмиши «ахлоқи амал» дар фалсафаи Арасту комилан ҳамоҳанг аст: ҳокимияти комил фақат дар он сурат арзиши олӣ пайдо мекунад, ки амалҳои он хирадмандона, созанда ва ахлоқӣ бошанд.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, тавре ки Пешвои миллат асос гузоштанд, дигар фақат як созишномаи сиёсӣ нест. Он як ҳастии фардӣ ва иҷтимоӣ, як фалсафаи худшиносии миллӣ ва раванди ахлоқии роҳбарии сиёсӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирода, виҷдон, фаҳмиш ва амали хеш давлатро ба як мафҳуми ахлоқӣ ва виҷдонӣ табдил доданд.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба маънои таҷдиди низоми маънӣ ва эҳёи арзишҳои бунёдӣ аст. Он ҳамчун ҳастишиносии фардии виҷдон, ахлоқи ирода ва маърифати ҳастии миллӣ зуҳур кард. Пешвои миллат бо сиёсати ваҳдатгароёнаи худ нишон доданд, ки давлатсозӣ метавонад ба таҷассумгари маърифат, ахлоқ ва худогоҳии таърихӣ табдил ёбад.

Ҳамин тариқ, ваҳдат дар ҷомеаи тоҷик имрӯз на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки арзишномаи ҳастӣ, санади маънавии миллат ва нигоҳи ояндашиносии иҷтимоӣ мебошад. Он на танҳо гузашта, балки ояндаи тамаддуни тоҷиконро муайян ва кафолат медиҳад.

 

Орифҷон Фозилзода

омӯзгори ДДМИТ