Ваҳдат ин ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум асоси пойдорӣ ва пешрафти давлату миллат мебошад. Дар шароити устувории ваҳдати миллӣ ҷомеа метавонад сулҳу суботро нигоҳ дорад, иқтисодро рушд диҳад ва барои шаҳрвандон зиндагии арзанда ва шоиста фароҳам оварад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ин созишнома ба муқовимати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар дохили кишвар хотима бахшида, барои барқарор гардидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам овард.

Пас аз барқарор шудани сулҳ, тадбирҳои гуногун барои таҳкими ваҳдати миллӣ амалӣ гардиданд. Барқарорсозии иқтисодиёт, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии маориф ва фарҳанг, инчунин, таҳкими ягонагии миллӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ваҳдати миллӣ барои сарҷамъии мардуми тоҷик яке аз омили муҳими сиёсати пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад. Зеро давлате, ки дар он ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа пойдор набошад, ҳеҷ гоҳ рушд ва пешрафт кардани он ғайриимкон мебошад.

Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст. Дар солҳои аввали истиқлолият, кишвар ба мушкилоти сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар чунин шароити ҳассос роҳбарияти олии мамлакат барои барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа талошҳои зиёд анҷом доданд.

Дар натиҷаи сулҳу ваҳдат, Тоҷикистон тавонист ба марҳилаҳои нави рушд ворид шавад. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳимтарини давлатдорӣ арзёбӣ гардида, барои пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор фароҳам меорад.

Саҳми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд бештар бо кӯшишҳо барои расидан ба сулҳ, нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва мусоидат ба раванди оштии миллӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар адабиёти сиёсӣ ва таърихии Тоҷикистон ӯро яке аз шахсиятҳои калидии давраи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ медонанд.

Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, дустӣ, ҳамбастагӣ, сарҷамъӣ, болидахотирӣ ва муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар дорад. Вақте мардум бо як мақсад, бо боварии комил нисбат ба давлату ҳукумат ва ормони умумӣ зиндагӣ мекунанд, давлат қавӣ гардида, барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меояд. Ваҳдат мардумро ба дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи имрӯзу оянда ҳидоят мекунад.

Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои рушди ҳар як кишвар шарти асосӣ мебошад. Дар фазои ором имкониятҳои васеъ барои сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳими давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Инчунин, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум маҳз дар шароити субот ва ваҳдат имконпазир аст.

Дар Тоҷикистон баъди барқарор шудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ пешрафтҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо ба даст омаданд. Имрӯз кишвари мо дар роҳи рушди иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Ин ҳама самараи сулҳу ваҳдат ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии давлат ва мардум мебошад.

Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бедордилу бо нанги кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк намуда, барои пойдории он саҳм гузоранд. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва таърихи миллӣ, таҳкими дӯстӣ байни намояндагони ҳамаи минтақаҳо ва қавмҳо ба рушди ҷомеаи мутамаддин мусоидат мекунад.

Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ваҳдат, дониш, меҳнат ва масъулияти шаҳрвандон вобаста аст. Агар мо арзишҳои ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои пешрафти Ватан содиқона меҳнат кунем, кишвари азизамон боз ҳам ободу пешрафта мегардад. Ваҳдат неруест, ки моро ба сӯи ҳадафҳои бузург ва зиндагии шоиста раҳнамун месозад.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги миллати тоҷик ва асоси рушди давлат мебошад. Он барои пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу субот ва бунёди ояндаи дурахшон нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин неъмати бебаҳоро қадр намуда, барои ҳифз ва таҳкими он саҳми арзандаи худро гузорад. Танҳо дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати ободу нерумандро бунёд кард.

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳар як давлату миллат ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик ваҳдат омили асосии рушду пешрафти ҷомеа дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Маҳз бо баракат ва шарофати ваҳдати миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти замони аввали истиқлолиятбуда раҳо ёфта, роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирад. Аз ин рӯ, мо мардуми шарафманди тоҷик бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагии ватани маҳбубамон кӯшиш менамоем, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва зери ливои ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи дурахшони ватани азизамон раҳсипор гардида бошем.

 

Вайс ШАРИПОВ,

эдвайзер оид ба таълими факултети ҳисобдорӣ ва омор