ДАҲШАТАФКАНӢ ВА ИФРОТГАРОӢ - ДОҒИ ҶАҲОНИ ИНСОНИЯТ
Падидаи терроризм ва экстремизм дар даҳсолаҳои охир ба як мушкилӣ ва доғӣ ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Терроризм як падидаи сиёсӣ буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Решаҳо ва омилҳои он сершумор ва ниҳоят мураккабанд. Дар ҷаҳони имрӯзаи хеле бо ҳам алоқаманду пуртаззод ба рушди кишварҳо ин падида таъсир мерасонад. Муборизаи умумиҷаҳонӣ бар муқобили қашшокӣ, ҷанг, ҷаҳолат, ақибмонӣ, гуруснагӣ ва беморӣ аз ин вабо дар канор намондааст ва таъсири худро расонидааст. Падидаи терроризм ва ифротгароӣ ба талошҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, барои рушд ба таври ғайричашмдошт осеб расонд.
Терроризм ба як маъно дар замони коҳиши ҷангҳои маъмулӣ ба як шакли алтернативии хушунат табдил ёфта, муносибатҳои душманонаро дар муносибатҳои байналмилалии гузашта ба таври дигар инъикос кардааст. Дар баъзе мавридҳо вай ба сулҳу амнияти байналхалқӣ ба таври ҷиддӣ дучор омад.
Дар таҳаввулоти дохилии кишварҳо терроризм ҷойгузини инқилобҳо, шӯришҳои мусаллаҳона ва дигар шаклҳои бесарусомонӣ ва бесуботиро гирифт. Терроризм дар ним асри гузашта ба таври бесобиқа густариш ёфт ва дар бархе аз манотиқ, аз қабили Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ, ба нигаронии аслии шаҳрвандон табдил ёфта, зеҳни ҳокимон ва нухбагонро аз ҳар гуна андешаи пешрафт ва тарҳрезии рушд маҳрум кардааст.
Терроризмро метавон ҳамчун намунаи зӯроварӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат муайян кард. Терроризм аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои тарсондан ва эҷод кардани тарсу ваҳшатро дорад. Терроризм ин истифодаи мунтазами тарсондан ё зӯроварии ғайричашмдошт алайҳи ҳукумат, мардум ё шахсони алоҳида барои ноил шудан ба ҳадафи сиёсӣ мебошад.
Мафҳуми “ифротӣ” ё радикалӣ аз вожаи юнонии “radix” гирифта шуда, маънояш “реша” буда, сифат барои ҳама муносибатҳо ва усулҳое мебошад, ки тағйироти бунёдӣ ва фаврӣ дар ниҳодҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо мекунанд.
Дар луғат ифротгароӣ ба маънои аз ҳад гузаштан ва аз ҳад зиёд дур рафтан аст. Ва ифротгароӣ ба маънии дурӣ ҷустан аз роҳи мӯътадил ва ақл ва такя ба таассуботи беасос ва сахт пойбанд будан ба эътиқод, равиш ва урфу одати худ ва ботил донистани эътиқод ва равиши дигарон аст. Ягона талаби ақл дилбастагии ҳақ аст ва касе бидуни пуштибонии мантиқ ва далел ҳеҷ пешниҳодеро қабул накунад. Баръакс, ифротгароӣ нарсисизмро тақозо мекунад, ки шахсе, ки худпараст аст, ба худ дилбаста аст ва худрову майлҳои худро меъёри ҳақиқат ва ҳақ медонад, то ҳама арзишҳои дигаронро беэътибор созад ва намехоҳад, ки фикру ақидаи худро заррае зери шубҳа гузорад.
Дар натиҷа, ақл бо ҳукмронии ифротгароӣ пажмурда мешавад ва хаёлоти ботил, ҳадафҳои инфиродӣ ва ҳавасҳои нафсонӣ ғолиб меояд. Экстремизм метавонад сарчашмаҳои гуногун дошта бошад ва аз ҷараёнҳои этникӣ, минтақавӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ё мазҳабӣ сарчашма мегирад.
Фард ё ҷунбиши ифротӣ азбаски ҳукми ақлро баста ва аз роҳи мӯътадил дур мешавад, дар амал, андеша ва хислатҳои дигар аз инсонҳои одӣ ва маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Як фарди ифротгаро аз амалҳои зӯроварӣ ва куштори ҳамдиёрони худ лаззат мебарад, таркишҳо ва худкуширо ҳатто дар ҳадафҳои ғайринизомӣ бо ифтихор истиқбол мекунад ва дар беадолатӣ ва бераҳмии худ маҳдудиятро намедонад. Ӯ аз таъқиб ва шиканҷа кардани мухолифони эътиқодаш ва ба истилоҳ душманони эътиқоди худ лаззат мебарад.
Воқеан, ифротгароӣ як навъ «таҳриф» аст, ки ақл ва тамоми эҳсосу хислатҳои инсониро аз равони як фард ва гурӯҳ маҳв мекунад. Тундраве, ки дар хаёли адолати дурӯғин ғарқ шудааст, дар зулм ва бераҳмӣ ба дараҷае пеш меравад, ки онро бо сухан наметавон гуфт ва пас аз сӯхтан, азоб додан ва шиканҷа додани дигарон ва шоҳиди беадолативу бераҳмӣ, ҳеҷ шакке нест, ки ҳисси инсондӯстии ӯ аз байн рафтааст. Намунаҳои ин гуна афроди таҳрифшуда ва ифротгароро дар миёни гурӯҳҳое чун ДОИШ, Ал-Қоида, Ҷабҳат-ан-Нусра, ва Толибони Афғонистону Покистон хеле зиёд дидан мумкин аст.
Аз гуфтаҳои боло бар меояд, афрорде, ки ба чунин омилҳои ғайри инсонӣ, яъне терористӣ, ифротгароӣ ва ҳатто одамрабоӣ даст мезананд аз нигоҳи мутафаккирони тоҷик онон инсони комил нестанд. Афроде, ки ба чунин омилҳои даҳшатбор даст мезананд суистифода аз андешаҳои динниву мазҳабӣ кор мебаранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир барои мубориза бо тероризм ва ифротгароӣ тадбирҳои муайян андешидааст. Имрӯзҳо масъалаи тероризм ва ифротгароӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосса дорад. Эшон ҳамеша зимни баромадҳо ва суханрониҳои хеш аз андешаҳои мутафакирони адабиёти классик ва муосири оламшумули тоҷикон перомуни маҳв гардидани омилҳои террористӣ ва ифротгароӣ ёдовар мешаванд.
Р. ДӮСТМУРОДОВ -
муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng