ОДАМРАБОӢ ВА ПАЁМАДҲОИ НОМАТЛУБИ ОН
Одамрабоӣ яке аз ҷиноятҳои ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки на танҳо амнияти шахсиро зери хатар мегузорад, балки паёмадҳои зиёди иҷтимоӣ, равонӣ ва ҳуқуқиро дар пай дорад. Ин зуҳуроти номатлуб, ки асосан бо мақсадҳои ғаразнок ба монанди фурӯши одамон, корбарии маҷбурӣ ва истисмори ҷинсӣ анҷом дода мешавад, ба яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин росто назари шахсии худро дар бораи одамрабоӣ, сабабҳо ва оқибатҳои манфии он баён намуда, зарурати муборизаи ҷиддӣ бар зидди онро таъкид менамоям.
Масъалаи асосӣ: чаро одамрабоӣ вуҷуд дорад?
Сабабҳои пайдоиши одамрабоӣ гуногунанд, вале аксаран ба нобаробарии иқтисодӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот ва фурӯпошии ахлоқии ҷомеа рабт доранд. Дар бисёре аз ҳолатҳо, қурбониён — махсусан занон ва кӯдакон - аз оилаҳои камбизоат ё аз минтақаҳои осебпазиранд. Ҷинояткорон аз ин ҳолат истифода мебаранд ва бо ваъдаҳои дурӯғин (мисли кор дар хориҷи кишвар, таҳсил, издивоҷ ва ғайра) шахсро фиреб дода, ӯро ба зӯрӣ мебаранд.
Дар баробари ин, набудани назорати шадиди ҳуқуқӣ ва заъфи низоми адлия дар баъзе кишварҳо боис мегардад, ки одамрабоён беҷазо монанд. Ба ин ҷониб, набудани иттилооти кофӣ ва огоҳии аҳолӣ низ яке аз омилҳои асосии густариши ин ҷиноят аст.
Оқибатҳои одамрабоӣ на танҳо қурбонии бевоситаро, балки ҷомеаро дар маҷмӯъ фаро мегиранд. Аввалан, қурбониён аз ҷиҳати равонӣ зарари ҷиддӣ мебинанд: онҳо ба ҳаяҷон (стресс), изтироб, тарс ва ҳатто рӯҳафтодагӣ (депрессия) гирифтор мешаванд. Бисёре аз онҳо наметавонанд ба зиндагии муътадил баргарданд ва эҳсоси боварӣ ба дигаронро аз даст медиҳанд.
Сониян, одамрабоӣ боиси тақвияти тиҷорати одамон мешавад — ки як зуҳуроти хатарноки ҷаҳонист. Дар замоне ки инсоният дар бораи ҳуқуқи инсон сухан мегӯяд, ҳолате, ки инсон худ ба мол табдил меёбад, хилофи тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунӣ мебошад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, одамрабоӣ боиси коҳиши эътимод ба давлату қонун мегардад. Агар шаҳрвандон эҳсос кунанд, ки амнияти онҳо таъмин нест, ин метавонад ба нооромӣ ва беэътимодӣ дар ҷомеа оварда расонад.
Ба назари камина, мубориза бо одамрабоӣ бояд якҷониба набошад. Он бояд ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи ҷомеа роҳандозӣ шавад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар бораи ин хатар маълумоти кофӣ дошта бошанд. Тавассути мактабҳо, донишгоҳҳо, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавон маърифати ҳуқуқии мардумро баланд бардошт.
Ҳамзамон, ниҳодҳои давлатӣ бояд назоратро қавитар кунанд, қонунҳо ва ҷазоҳои сахттар ҷорӣ намоянд, то ҷинояткорон беҷазо намонанд. Кӯшишҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои кишварҳо низ дар мубориза бо одамрабоӣ аҳамияти калон доранд, зеро ин ҷиноят аксар вақт фаромиллӣ мебошад.
Одамрабоӣ як мушкили ҷиддии замони мост, ки решаҳои он ба мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пайванд дорад. Барои коҳиш додани ин падида, зарур аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа бетараф набошанд. Ҳамчун инсон бовар бар он дорам, ки бо баланд бардоштани маърифат ва фаъолсозии механизмҳои қонунии мубориза метавонем ҷомеаро аз ин вабои хатарнок эмин нигоҳ дорем. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки озод зиндагӣ кунад ва бидуни тарс аз рабуда шудан ба ояндаи худ нигарад.
Ҳарчанд одамрабоӣ як мушкили ҷаҳонист, аммо баъзе кишварҳо ва минтақаҳо бо сатҳи баланди амният ва сиёсати самараноки ҳуқуқӣ машҳуранд. Кишварҳое амсоли Исландия, Норвегия, Швейтсария ва Ҷопон ба ҳайси амнтарин ҷойҳои ҷаҳон эътироф шудаанд. Дар ин давлатҳо сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла одамрабоӣ, ниҳоят паст аст. Ин натиҷаи сиёсати устувори ҳукумат, муҳити солими иҷтимоӣ ва боварии мардум ба қонун мебошад.
Муқоиса бо чунин кишварҳо моро водор мекунад, ки фикр кунем: чаро баъзе ҷомеаҳо аз хатарҳои ҷиддии амниятӣ эминанд, вале дар дигар кишварҳо одамрабоӣ ривоҷ дорад? Ҷавоб оддӣ аст: дар ҷомеаҳое, ки қонун иҷро мешавад, сатҳи маълумот баланд аст ва мардум ба давлат эътимод доранд, чунин падидаҳои номатлуб ҷой надоранд. Барои мо, омӯхтани таҷрибаи ин кишварҳо ва татбиқи намунаҳои муваффақ метавонад роҳи беҳтарини таъмини амният ва мубориза бо одамрабоӣ бошад.
Дар Тоҷикистон низ масъалаи одамрабоӣ ҳамчун як ҷинояти хатарнок мавҷуд аст, гарчанде ки дар муқоиса бо баъзе кишварҳои дигар, он қадар густурда нест. Аммо мавҷудияти ҳолатҳои рабудани шаҳрвандон, бахусус занон ва духтарон барои истисмори меҳнатӣ ё ҷинсӣ дар хориҷи кишвар, мояи нигаронӣ мебошад. Баъзе аз қурбониён фирефтаи ваъдаҳои дурӯғин дар бораи кор ё таҳсил мешаванд ва дар ниҳоят ба доми гурӯҳҳои ҷиноятӣ меафтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир барои мубориза бо одамрабоӣ тадбирҳои муайян андешидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» қабул шудааст ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба монанди СММ ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) тақвият ёфтааст. Аммо то ҳол камбудиҳо дар самти пешгирии ин зуҳурот, баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ ва ҷалби ҷомеа ба ин мубориза боқӣ мондааст.
Ба назари ман, яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки тавассути барномаҳои маърифатӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, ҷавононро бо хатарҳои одамрабоӣ ва роҳҳои эҳтиётӣ шинос кунем. Ҳамзамон, васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бештар дар бораи ин мавзӯъ муҳокима ва иттилоърасонӣ кунанд. То замоне ки ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҳуқуқҳои худ бохабар ва барои амнияти шахсӣ ҳушёру масъул набошад, мубориза бо одамрабоӣ самари комил нахоҳад дод.
Бо вуҷуди мушкилоте, ки Тоҷикистон дар самти муҳоҷират ва хавфи одамрабоӣ рӯ ба рӯ аст, бояд таъкид кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз ҷониби баъзе манобеъ ҳамчун яке аз даҳ шаҳри амнтарини сайёраи ҷаҳон эътироф шудааст. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти дохилӣ ва суботи иҷтимоӣ пешрафтҳои муайян кардааст. Шаҳри Душанбе бо муҳити ором, сатҳи пасти ҷинояткорӣ ва ҳузури назорати муассири қонунӣ метавонад намунаи хубу назаррас барои дигар минтақаҳо бошад.
Ин амният на танҳо боиси ифтихор аст, балки масъулияти бештар низ талаб мекунад. Агар мо тавонем ин таҷрибаро ба сатҳи миллӣ тавсеа диҳем, Тоҷикистон метавонад дар мубориза бо ҷиноятҳо, аз ҷумла одамрабоӣ, ба яке аз кишварҳои пешсаф табдил ёбад.
Р. ДӮСТМУРОДОВ -
муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng