НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун пояҳои устувори давлатдорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузоштанд. Маҳз ба шарофати ин арзишҳо Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррасу бесобиқа ноил гардид, бахусус аз рушди иқтисод то беҳбуди сатҳи зиндагии мардум пешрафтҳои муҳим ба даст овард. Дар ин марҳила саҳми ҷавонон низ хеле муҳим ва назаррас буда, онҳо ҳамчун неруи фаъолу созанда дар амалисгардонии ҳадафҳои миллӣ ва пешбурди ҷомеа нақши муассир мебозанд.
Ҳамзамон, ҷавонон ҳамчун қишри фаъол, эҷодкор ва навовар дар рушди иқтисод, аз ҷумла соҳибкорӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бо неруи зеҳнӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ба тағйирот ва майли қабул намудани хавфҳо метавонанд ба рушди устувори соҳибкорӣ мусоидат намоянд.
Боиси тазаккур аст, ки таҳкими фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, коҳиши сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар чунин шароит, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро онҳо дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ нақши муҳим дошта, як қатор вазифаҳои асосиро иҷро менамоянд. Пеш аз ҳама, онҳо ҳамчун манбаи идеяҳои нав баромад мекунанд, зеро бештар ба навоварӣ ва татбиқи технологияҳои муосир майл доранд ва метавонанд пешниҳодҳои муосир ва инноватсионӣ манзур намоянд. Ҳамзамон, қобилияти баланди мутобиқшавӣ доранд, дар муҳити зудтағйирёбанда онҳо ба осонӣ ба шароитҳои нав одат карда, роҳҳои самараноки фаъолиятро пайдо мекунанд.
Илова бар ин, ҷавонон одатан барои пешбурди фаъолияти таваккалӣ омодаанд, ки ин яке аз омилҳои муҳими муваффақият дар соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба натиҷаҳои баланд ҷуръат нишон дода, имкониятҳои навро меозмоянд. Ҳамчунин, насли ҷавон аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотӣ васеъ истифода бурда, метавонад фаъолияти соҳибкориро дар сатҳи муосир рушд диҳад ва рақобатпазирии онро таъмин намояд.
Имрӯз Тоҷикистон аз нигоҳи демографӣ дар марҳилаи рушди устувор қарор дошта, беш аз 70 дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Ин нишондиҳанда аз мавҷудияти иқтидори бузурги зеҳнӣ ва сармояи арзишманди инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Бешак, бе иштироки фаъолу созандаи чунин неруи пурқувват рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро тасаввур кардан номумкин аст.
Равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Мулоқоти нахустини Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 17 марти соли 1994 баргузор гардид, ки он қадами муҳим дар таҳкими робитаи давлат бо насли ҷавон ба шумор меравад.
Ҳамчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» далели равшани он аст, ки Ҳукумати кишвар ба ҷавонон такя намуда, тарбия ва дастгирии насли наврасу созандаро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ медонад.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‑Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон намуданд, ки он ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ иштироки ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти хоса касб намудааст. Бо дастгирии давлат, имрӯз дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ як қатор имконияту шароитҳо, инчунин имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ба ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, барномаҳои грантӣ, ташвиқоти соҳибкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷавононро барои пешбурди идеяҳои нав ва ташаббусҳои созанда бештар ҳавасманд месозанд. Дар ҷаҳони муосир, ки илму техника ва технологияҳои нав бо суръати баланд рушд мекунанд, нақши ҷавонон ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти иқтисодӣ ва инноватсионӣ беш аз пеш муҳим гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон ҳамеша дастгирӣ ёфта, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Ҷавонони донишманди Ватан, ки дорои тафаккури баланди эҷодӣ, таҳсилоти замонавӣ ва огоҳии хуб аз технологияҳои муосир мебошанд, метавонанд бо пешниҳоди идеяҳои нав ва бозоргонӣ, истифодаи самараноки платформаҳои рақамӣ ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои воқеии он саҳми арзанда гузоранд.
Тавре аз таҳқиқоти илмии масоили иқтисодӣ бармеояд, рушди соҳибкории хурду миёна, ки қисми зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд, метавонад кишварро ба сатҳи баланди иҷтимоиву иқтисодӣ расонад. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон низ собит месозад, ки бо рушди соҳаи саноат эҳтиёҷ ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат меафзояд ва маҳз ҳамин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон шароити мусоид фароҳам овардааст, ки дар ин раванд ҳавасмандгардонии соҳибкорони ҷавон аҳамияти хоса дорад. Дар баробари ин, ба рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин самт як қатор лоиҳа ва барномаҳои мақсаднок амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумлаи чунин ташаббусҳо метавон барномаҳои таълимӣ, грантҳои давлатии инноватсионӣ, марказҳои инкубатсионӣ ва технопаркҳоро ҳисобид, ки барои рушди идеяҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати кишвар муайян гардидааст.
Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи олӣ, самтҳои афзалиятноки зерин барои солҳои минбаъда пешбинӣ шудаанд:
таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсион ва табдил ба кишвари транзитӣ;
таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул;
саноатикунонии босуръати мамлакат;
табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграр.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, рақобатҳои шадиди геополитикиу геоиқтисодӣ ва авҷ гирифтани бархурдҳои тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ аҳамияти хоса дорад. Дар ин раванд, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими пешбаранда ба шумор меравад ва бо рушди ин самт робитаи ногусастанӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки рушди ин бахши муҳимми иқтисодиёт дар асоси ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ метавонад ба ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат намояд. Аз ҷумла, он ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар шароити мусоид фароҳам меорад, инчунин ба коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, ҷалби самараноки ҷавонон ба фаъолияти созанда ва шуғли пурмаҳсул метавонад гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубро коҳиш дода, ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм хизмат намояд.
Бо мақсади мутобиқ намудани бахши хусусӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва дигар санадҳо дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан миёни ҷавонон, ва ҷалби бештари сармоягузорӣ заминаи муосид гузоштаанд.
Тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омадаанд, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши муҳим ва муассир гузоштаанд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина рушд ёфта, мавқеи устувори худро дар иқтисоди миллӣ пайдо намуда истодааст.
Солҳои охир дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши дастгирии давлатии соҳибкорӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Тибқи маълумоти низоми «Равзанаи ягона» то 31 декабри соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 381 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 36,1 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва 344,9 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи субъектҳои хоҷагидор 14,6 ҳазор ё 4,4 фоиз зиёд гардидааст, ки ин аз рушди устувори муҳити соҳибкорӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.
Дастгирии соҳибкорӣ ва навовариҳои ҷавонон на танҳо сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар маҳсуб меёбад, балки барои таҳкими рушди устувори иқтисодиёт низ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Кишваре, ки барои фаъолияти босамар ва созандаи ҷавонон шароити мусоид муҳайё месозад, метавонад рушди устувори иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони миллатро кафолат диҳад.
Дар маҷмуъ, саҳми соҳибкорони ҷавон дар таъмини зиндагии шоистаи аҳолии кишвар тавассути фароҳам овардани шуғли пурмаҳсул ва рушди истеҳсолоти ватанӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Фаъолияти соҳибкорӣ бо иштироки ҷавонон ба ҷорӣ намудани навовариҳои илму техника, ташаккули бозорҳои нави меҳнат, ташкил ва рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муҳаммадрабӣ ФАЙЗАЛИЗОДА -
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng