ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАКМИЛИ ОН
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик пурарзиштарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба шумор рафта, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва маънавии худро мустақилона муайян намуда, манфиатҳои миллии хешро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя ва ҳифз менамояд. Барои миллати тоҷик Истиқлолият рӯйдоди сарнавиштсоз буда, оғозӣ марҳалаи нави таърихӣ ва заминаи муҳим барои эҳёи давлатории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 2026 соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда барои мардуми кишвар буда, ҳар як сокини кишвар 35 соли ободию озодӣ ва соҳибихтиёрии хешро ҷашн мегирад. Ин сана фурсати муносиб барои таҳлили роҳи тайкарда, арзёбии дастовардҳо, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва муайян намудани ҳадафҳои нави созандагӣ мебошад.
Расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, бо ба даст омадани сулҳу субот барои фаъолияти созанда, эҳёи иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими низоми давлатдорӣ ва бозсозии кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд.
Истиқлолият барои ташаккули давлатдории миллӣ низ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории мамлакат ташакул ёфта, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеа таҳким пайдо карданд.
Дар солҳои Соҳибистиқлолӣ дар кишвар роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида, инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисоди давлат аҳамияти калон дорад.
Даствоарҳои даврони истиқлол танҳои ба соҳаи иқтисод маҳдуд нашуда, ба соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият дод, ки ба таъриху фарҳанги миллӣ бо нигоҳи нав муносибат намуда, арзишҳои таърихию маънавии худро бештар омӯзад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Зеро худшиносии миллӣ бе донистани таърих, эҳтироми забон, фарҳанг ва мероси гузаштагон комил буда наметавонад.
Дар давраи Истиқлолият афзудани нақши занону модарон низ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим маҳсуб меёбад. Зан-модар ҳамчун тарбитгари насли наврас дар таҳкими маърифати оилавӣ, ахлоқи миллӣ ва эҳсоси ватандустӣ саҳми арзанда мегузорад. Иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар яке аз нишонаҳои рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Модари соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонад насли ояндаро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, давлат, қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намояд.
Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи кишвар назар андозем, дастовардҳоро қадр намоем ва барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда бо масъулияти бештар муносибат кунем.
Вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки Истиқлолиятро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисод, пешрафти илму маориф, эҳёи фарҳанг ва ободии Ватан саҳми арзанда гузорад. Ояндаи Тоҷикистон ба меҳнати имрӯз, дониш ва масъулияти ҳар яки мо вобаста аст.
Ф. ХОЛОВ,
дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng