ДОНИШ, ТАШАББУС ВА МАСЪУЛИЯТИ НИЛГУНА АБДУЛҲАҚОВА
Абдулҳақова Нилгуна Ҷамшедовна аз донишҷӯёни фаъол ва соҳибдониши факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст. Ӯ дар курси чорум таҳсил мекунад ва ҳамзамон бо омӯзиши фанҳои касбӣ дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳими Нилгуна дар соли таҳсили 2025–2026 соҳиб шудан ба Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар қатори се донишҷӯи ДДМИТ мебошад. Ин муваффақият натиҷаи донишандӯзии пайваста, иштироки фаъол дар озмунҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ аст.
Дастоварди дигари назарраси ӯ ғолибият дар фестивали ҷумҳуриявии «Саводнокии молиявӣ» мебошад. Фестивал 1 майи соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд баргузор шуд. Дар он донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок карданд.
Нилгуна дар чанд даври саволу ҷавоб ва викторинаҳои молиявӣ донишу омодагии хуб нишон дода, ба гирифтани Шоҳҷоиза сазовор гардид. Ӯ ҳамчун ҷоиза планшети Honor ва туҳфаҳои махсуси ташкилотҳои молиявию шарикони рушдро соҳиб шуд.
Фаъолияти Нилгуна танҳо ба иқтисоду молия маҳдуд намешавад. Ӯ ба масъалаҳои забон, фарҳанг ва иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ дорад. Мақолаҳои маърифатӣ ва таҳлилии ӯ дар сомонаи донишгоҳ ва рӯзномаи «Молия ва иқтисод» ба нашр мерасанд. Дар озмуни илмиву эҷодии дохилидонишгоҳии «Тоҷикистон – кишвари истиқлол ва шукуфоӣ», ки ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ҷойи якумро соҳиб гардид.
Нилгуна Абдулҳақова дар давраи таҳсил худро дар озмунҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ ҳамчун донишҷӯи ташаббускор, соҳибдониш ва ҷӯянда муаррифӣ кардааст.
Зимни суҳбат ӯ дар бораи роҳи расидан ба Шоҳҷоизаи озмуни «Саводнокии молиявӣ», нақши донишҳои донишгоҳӣ, аҳамияти саводнокии молиявӣ барои ҷавонон, имконияту масъулиятҳои рақамикунонии низоми молиявӣ ва нақшаҳои ояндаи худ ибрози назар кард.
- Нилгуна, пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати сазовор шудан ба Шоҳҷоизаи озмуни «Саводнокии молиявӣ» самимона табрик мегӯем. Лаҳзаи эълони натиҷаҳо чӣ эҳсосеро дар Шумо ба вуҷуд овард?
- Ташаккури зиёд барои табрик. Лаҳзаи эълони натиҷаҳо барои ман воқеан фаромӯшнашаванда буд. Вақте номи маро ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза эълон карданд, эҳсоси шодӣ, ифтихор ва ҳаяҷон маро фаро гирифт. Дар миёни иштирокчиёну меҳмонони зиёд шунидани номи худ бароям хеле муҳим буд. Он лаҳза натиҷаи заҳматҳои чандинсола ва боварӣ ба донишҳои худ буд.
- Ташаббуси иштирок дар озмун аз ҷониби худатон буд ё устодон шуморо ба ширкат кардан ташвиқ намуданд?
- Ташаббуси асосӣ аз ҷониби худам буд. Ман аз соли гузашта ба ин фестивал таваҷҷуҳ доштам ва мехостам дар он иштирок кунам. Дар аввал шумораи хоҳишмандон зиёд буд ва ворид шудан ба сафи иштирокчиён осон набуд. Бо вуҷуди ин, бо исрор, шавқу рағбат ва кӯшиши зиёд тавонистам иштирок кунам. Албатта, дастгирии устодон низ барои ман муҳим буд.
- Аз раванди баргузории озмун ёдовар мешудед. Саволҳо ва супоришҳо бештар ба кадом самтҳои саводнокии молиявӣ марбут буданд?
- Саволҳо мавзӯъҳои гуногунро фаро мегирифтанд: фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкӣ, тиҷорат, суғурта, ҳисобдорӣ, саҳмияҳо, қаллобии молиявӣ ва иқтисодиёти рақамӣ. Озмун танҳо санҷиши донишҳои назариявӣ набуд. Он қобилияти зуд фикр кардан, таҳлил намудан ва дар шароити ҳаяҷон дуруст ҷавоб доданро низ талаб мекард.
- Кадом давр ё саволи озмун барои Шумо душвортар буд ва чӣ гуна тавонистед аз уҳдаи он бароед?
- Саволи мушаххасе набуд, ки барои ман ниҳоят душвор бошад, аммо ҳаяҷон ва масъулияти баланд эҳсос мешуд. Дар чунин ҳолатҳо муҳим аст, ки инсон худро идора карда тавонад. Ман кӯшиш кардам ором бошам, саволҳоро бодиққат гӯш кунам ва ба донишҳои худ такя намоям. Омодагии қаблӣ низ ба ман кумак кард.
- То чӣ андоза донишҳои дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ гирифтаатон барои ба даст овардани ин натиҷа мусоидат карданд?
- Донишҳои дар донишгоҳ гирифтаам барои ин ғолибият заминаи асосӣ буданд. Мавзӯъҳои марбут ба ҳисобдорӣ, молия, иқтисод, фаъолияти бонкҳо ва таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар раванди озмун ба ман хеле кумак карданд. Муҳим он аст, ки донишгоҳ ба мо на танҳо маълумоти назариявӣ медиҳад, балки тарзи таҳлил ва истифодаи донишро дар ҳолатҳои воқеӣ низ меомӯзонад.
- Ҳангоми омодагӣ ба озмун аз кадом манбаъҳо бештар истифода бурдед?
- Ман пеш аз ҳама донишҳои дар донишгоҳ гирифтаамро такрор кардам. Ҳамчунин ба мавзӯъҳои марбут ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, хизматрасониҳои бонкӣ, суғурта, ҳисобдорӣ, саҳмияҳо, ҳифзи маблағҳои шахсӣ ва иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷуҳ намудам. Барои ман муҳим буд, ки мафҳумҳоро танҳо аз ёд накунам, балки моҳият ва аҳамияти амалии онҳоро дарк намоям.
- ДДМИТ ду сол пайиҳам дар озмуни «Саводнокии молиявӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланд ноил шудааст. Ба андешаи Шумо, заминаи чунин дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар чист?
- Ба андешаи ман, ин натиҷаҳо аз чанд омил вобастаанд: сатҳи хуби таълим, дастгирии устодон, муҳити созандаи донишгоҳ ва хоҳиши худи донишҷӯён барои рушд. Рақобати солим низ нақши муҳим дорад. Вақте донишҷӯ мебинад, ки ҳамсолонаш ба натиҷаҳои баланд мерасанд, дар ӯ низ хоҳиши бештар омӯхтан ва худро санҷидан пайдо мешавад. Аммо омили асосӣ ҳавасмандӣ ва ташаббуси шахсии донишҷӯ мебошад.
- Дар давоми чор соли таҳсил кадом дониш, малака ё таҷрибаи донишгоҳӣ барои Шумо бештар арзишманд буд?
- Дар давоми чор соли таҳсил ман донишҳои зиёди касбӣ ва таҷрибаи муҳим ба даст овардам. Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои ман иштирок ва аъзо шудан дар маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин фаъолият ба рушди ҷаҳонбинӣ, малакаи муошират ва ҳисси масъулияти ҷамъиятии ман таъсири мусбат расонд. Ҳамчунин аз устод ва роҳнамои худ Давлатзода Абдулло сипосгузорам, ки дар ташаккули шахсияти имрӯзаи ман нақши муҳим доранд.
- Ба назари Шумо, мафҳуми «саводнокии молиявӣ» танҳо донистани истилоҳоту мафҳумҳои иқтисодиву молиявиро дар бар мегирад ё идоракунии дурусти даромад, хароҷот, пасандоз ва маблағҳои шахсӣ низ ҷузъи он мебошанд?
- Саводнокии молиявӣ танҳо донистани истилоҳот ва қоидаҳои иқтисодӣ нест. Он пеш аз ҳама қобилияти дуруст идора кардани маблағ, банақшагирии даромаду хароҷот, пасандоз кардан, арзёбии хавфҳо ва қабули қарорҳои масъулонаи молиявиро дар бар мегирад. Ҳар як инсон бояд донад, ки маблағашро чӣ гуна истифода барад, то имрӯз ва ояндаи худро устувор созад.
- Чаро имрӯз баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон ба масъалаи муҳим табдил ёфтааст?
- Ҷавонон имрӯз бо имкониятҳо ва ҳамзамон бо хатарҳои зиёди молиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ тарзи зиндагии зоҳирӣ ва аксаран ғайривоқеиро таблиғ мекунанд. Баъзеҳо барои тақлид ба дигарон маблағҳои худро беандеша сарф мекунанд ё ба пешниҳодҳои шубҳанок бовар менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд тавонанд ниёзҳои воқеиро аз хоҳишҳои муваққатӣ ҷудо кунанд, хароҷоти худро назорат намоянд ва қарорҳои оқилонаи молиявӣ қабул кунанд.
- Ба андешаи Шумо, ҷавонони Тоҷикистон имрӯз бештар ба кадом дониш ва малакаҳои молиявӣ ниёз доранд?
- Онҳо бояд пеш аз ҳама тарзи ҳисоб кардани даромад ва хароҷот, банақшагирии буҷети шахсӣ, пасандоз кардан ва истифодаи дурусти хизматрасониҳои бонкиро омӯзанд. Донистани асосҳои қарзгирӣ, суғурта, сармоягузорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ низ муҳим аст. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ҳар маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодшуда воқеияти пурра нест ва набояд барои тақлид ба дигарон маблағҳои худро беҳуда сарф кунанд.
- Шумо ҳамчун насли ояндасоз дар ҳаёти ҳаррӯза кадом принсипҳои саводнокии молиявиро бештар истифода мебаред?
- Ман кӯшиш мекунам пешакӣ муайян намоям, ки ба куҷо меравам, чӣ қадар маблағ сарф карда метавонам ва чӣ миқдорро бояд пасандоз кунам. Даромад ва хароҷоти худро ба назар мегирам ва мекӯшам хароҷоти нолозимро маҳдуд созам. Ба назари ман, ҳатто одати одии ҳисоб кардани хароҷоти ҳаррӯза метавонад ба ташаккули масъулияти молиявӣ мусоидат кунад.
- Рушди босуръати пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои рақамии молиявӣ барои ҷавонон чӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад?
- Рақамикунонии низоми молиявӣ истифодаи хизматрасониҳоро осон ва зуд кардааст. Имрӯз метавон дар ҳар вақти шабонарӯз маблағ интиқол дод, пардохт анҷом дод, бақияи суратҳисобро санҷид ва аз хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ бе ҳозир шудан ба муассиса истифода бурд. Ин имкониятҳо вақтро сарфа карда, дастрасии мардумро ба хизматрасониҳои молиявӣ беҳтар месозанд.
- Ҳамзамон бо ин имкониятҳо кадом хатарҳои молиявиро ҷавонон бояд ҷиддитар дар назар дошта бошанд?
- Бо рушди хизматрасониҳои рақамӣ шаклҳои нави қаллобӣ низ пайдо мешаванд. Ҷавонон бояд аз паёмҳои шубҳанок, сомонаҳои қалбакӣ, зангҳои фиребгарона ва пешниҳодҳои ғайривоқеӣ эҳтиёт бошанд. Ҳеҷ гоҳ набояд рамз, рақами пурраи корт, рамзи тасдиқ ё дигар маълумоти махфии худро ба шахсони бегона пешниҳод кунанд. Пеш аз анҷом додани амалиёти молиявӣ бояд дурустии маълумот ва манбаи пешниҳодро санҷид.
- Ба назари Шумо, дар шароити рақамикунонии иқтисод донишҳои молиявӣ бояд бо саводнокии рақамӣ то чӣ андоза пайванд дошта бошанд?
- Ин ду навъи саводнокӣ имрӯз аз ҳам ҷудонашавандаанд. Шахс бояд на танҳо аз хизматрасониҳои рақамии молиявӣ истифода бурда тавонад, балки қоидаҳои амнияти рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои пешгирии қаллобиро низ донад. Истифодаи технология бе дарки хатарҳо метавонад боиси зарари молиявӣ гардад. Аз ин рӯ, саводнокии молиявӣ ва рақамӣ бояд ҳамзамон рушд кунанд.
- Фаъолияти Шумо танҳо ба соҳаи молия маҳдуд намешавад. Мақолаҳоятон дар мавзӯъҳои забон, фарҳанг ва масъалаҳои иҷтимоӣ низ ба нашр мерасанд. Чӣ шуморо ба навиштан ва фаъолияти эҷодӣ водор мекунад?
- Ман ба масъалаҳои забон, фарҳанг ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёд дорам. Навиштани мақолаҳо ба ман имкон медиҳад, ки андешаҳои худро баён кунам, масъалаҳои муҳимро таҳлил намоям ва мавқеи шахсии худро асоснок пешниҳод кунам. Фаъолияти эҷодӣ ҷаҳонбинӣ ва қобилияти фикррониро инкишоф медиҳад. Ҳамчунин тавассути мақолаҳо метавон ба баланд гардидани маърифати ҷомеа саҳм гузошт.
- Шумо дар озмуни илмиву эҷодии дохилидонишгоҳии «Тоҷикистон – кишвари истиқлол ва шукуфоӣ» низ ҷойи якумро соҳиб шудаед. Чӣ гуна тавонистед миёни таҳсил, фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва дигар корҳои донишгоҳӣ тавозунро нигоҳ доред?
- Барои нигоҳ доштани тавозун пеш аз ҳама банақшагирии дурусти вақт зарур аст. Ман кӯшиш мекунам вазифаҳои худро пешакӣ муайян карда, онҳоро марҳила ба марҳила иҷро намоям. Албатта, баъзан душвориҳо ва ҳолатҳои ғайричашмдошт пеш меоянд, аммо бо масъулият, интизом ва кӯшиши пайваста метавон онҳоро паси сар кард. Муҳим аст, ки инсон ҳадафҳои худро равшан донад ва барои расидан ба онҳо пайваста амал кунад.
- Ҳоло, ки соли охири таҳсилро сипарӣ мекунед, худро бештар ҳамчун ҳисобдор, таҳлилгар, иқтисоддон ё мутахассиси соҳаи молия мебинед?
- Дар айни ҳол худро бештар ҳамчун шахсе мебинам, ки ба таҳлил ва арзёбии равандҳои молиявию иқтисодӣ таваҷҷуҳ дорад. Бо вуҷуди ин, мехоҳам дар самтҳои гуногуни соҳаи молия таҷриба андӯзам, то дар оянда қобилият ва самти асосии фаъолияти худро дақиқтар муайян кунам.
- Пас аз хатми донишгоҳ мехоҳед фаъолияти касбии худро дар кадом самт идома диҳед?
- Пас аз хатми донишгоҳ мехоҳам фаъолияти касбии худро дар соҳаи молия идома диҳам. Мехоҳам донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, таҷрибаи касбӣ ба даст орам ва ҳамчун мутахассиси масъул ва соҳибмаҳорат рушд кунам.
- Ғолибият дар озмуни «Саводнокии молиявӣ» ба нақшаҳои касбии ояндаи Шумо чӣ таъсир расонд?
- Ин ғолибият боварии маро ба қобилиятҳои худ бештар кард ва нишон дод, ки соҳаи молия барои ман ҷолибу мувофиқ аст. Ҳоло бештар мехоҳам донишҳои худро такмил диҳам, таҷрибаи амалӣ андӯзам ва дар оянда дар рушди саводнокии молиявии ҷомеа саҳм гузорам.
- Ин дастовардро танҳо муваффақияти шахсӣ медонед ё барои худ масъулияте ҳам эҳсос мекунед, ки донишҳои андӯхтаатонро ба дигар ҷавонон расонед?
- Ман ин дастовардро ҳам муваффақияти шахсӣ ва ҳам масъулият медонам. Аз як тараф, он натиҷаи заҳмату омодагии ман аст, аз ҷониби дигар, маро водор мекунад, ки донишҳои худро бо дигарон мубодила намоям. Ман ин фестивалро аз соли гузашта интизор будам ва ғолибият дар он барои ман аҳамияти махсус дорад. Акнун мехоҳам таҷрибаи худро ба донишҷӯёни дигар расонам ва онҳоро ба иштирок дар чунин чорабиниҳо ташвиқ кунам.
- Ба донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар озмуни «Саводнокии молиявӣ» ширкат варзанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
- Пеш аз ҳама, ба донишҷӯён маслиҳат медиҳам, ки ба дарсҳо ва маслиҳатҳои устодон ҷиддӣ муносибат кунанд. Дар лексияҳо фаъол бошанд, савол диҳанд ва агар мавзӯеро нафаҳманд, аз пурсидан шарм надошта бошанд. Ҳамчунин бояд аз иштирок дар озмунҳо натарсанд. Ҳатто агар касе ғолиб нашавад, чунин чорабиниҳо барои санҷидани дониш, пайдо кардани таҷриба ва шиносоӣ бо имкониятҳои нав заминаи хуб фароҳам меоранд.
- Нақши факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ-ро дар ташаккули шахсияти худ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ дар ташаккули шахсияти ман нақши хеле муҳим дорад. Дар ин ҷо ман на танҳо донишҳои касбӣ, балки малакаҳои муошират, масъулиятшиносӣ, таҳлил ва кор дар муҳити дастаҷамъиро низ омӯхтам. Ба андешаи ман, муҳити хуб ва созанда ба рушди ҳар як инсон таъсири мусбат мерасонад. Албатта, дар раванди таҳсил баъзан нофаҳмиҳо ва душвориҳо низ мешаванд, аммо маҳз ҳамин таҷрибаҳо инсонро қавитар ва мустақилтар мегардонанд.
- Ва агар ба Шумо имконият дода шавад, ки ба ҳазорҳо донишҷӯи кишвар танҳо як ҷумла дар бораи аҳамияти саводнокии молиявӣ бигӯед, он ҷумла чӣ хоҳад буд?
- Саводнокии молиявӣ ояндаи устувори моро кафолат медиҳад. Имрӯз молияи худро оқилона идора кунед, то фардо молия ояндаи шуморо идора накунад.
Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng