Забон ганҷинаи маънавии миллат, оинаи таърих ва яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ мебошад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи пурифтихори худ рисолати бузурги миллатсозӣ ва нигоҳдории ҳувияти миллиро иҷро карда, имрӯз ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дорад.

5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар фурсати муносибест, то ба ҷойгоҳи забони модарӣ, нақши он дар ҳифзи фарҳангу худшиносии миллӣ ва масъулияти ҳар яки мо дар назди ин мероси муқаддас назар андозем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому ҷойгоҳи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат медонанд. Ба таъкиди Сарвари давлат «забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст». Ин таъкид баёнгари он аст, ки забон танҳо воситаи муошират нест. Он хотираи таърихӣ, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии халқро аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи забон дар асл ҳифзи таърих ва ҳувияти миллии мост.

Забони тоҷикӣ таърихи пурғановат дорад. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони адабиёти тоҷик далели равшани тавоноӣ, ширинӣ ва имкониятҳои васеи ин забон мебошанд. Маҳз ба шарофати чунин мероси гаронбаҳо забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо ҳифз гардида, ҳамчун забони фарҳанг, илму адаб ва маърифат ба имрӯз расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ забони тоҷикро «муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо» номидаанд. Ин таъкид ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки ба забони модарӣ бо эҳтиром муносибат намуда, барои рушду покизагии он саҳм гузорад.

Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 дар таҳкими мақоми ҳуқуқии забони давлатӣ марҳилаи муҳим гардид. Сарвари давлат дар ин робита таъкид намудаанд: «Забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад».

Ин андеша моро ба дарки масъулияти умумӣ дар назди забони давлатӣ ҳидоят мекунад. Ҳифзу рушди забон танҳо вазифаи забоншиносон ё омӯзгорон нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар, аз корманди давлатӣ то омӯзгору донишҷӯ, рӯзноманигорон то хонанда дар назди забони модарии худ масъулият дорад.

Муносибати инсон ба забон яке аз нишондиҳандаҳои фарҳанги ӯ мебошад. Дуруст сухан гуфтан, навиштан, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва эҳтиром ба калимаи тоҷикӣ бояд ҷузъи фарҳанги ҳаррӯзаи мо бошад. Пешвои миллат бо таъкиди аҳамияти забони модарӣ гуфтаанд: «Ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст». Ин суханон моро водор месозанд, ки эҳтиром ба забонро танҳо дар рӯзҳои ид ба ёд наорем, балки онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ амалӣ намоем.

Имрӯз дар замони рушди босуръати технология ва фазои рақамӣ масъулияти мо боз ҳам бештар шудааст. Забони тоҷикӣ бояд дар сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, илм, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти муосир васеъ ва беғалат истифода шавад. Ҷавонон ҳамчун насли созандаи ояндаи кишвар дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ нақши муҳим доранд. Омӯзиши забони тоҷикӣ, мутолиаи осори адибони классик ва муосир, риояи қоидаҳои имло ва истифодаи дурусти забон дар фазои интернет аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими насли ҷавон мебошанд.

Дар баробари ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар ҷаҳони муосир аҳамияти калон дорад. Забондонӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон дониш ва таҷрибаи ҷаҳониро аз худ намуда, фарҳангу таърихи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Аммо ҳар қадар ҷаҳонбинии мо васеъ гардад, робитаи мо бо забони модарӣ бояд боз ҳам устувортар бошад, зеро забони модарӣ асоси худшиносӣ ва шинохти решаҳои миллии инсон мебошад.

Имрӯз мо соҳиби забони бузург ва мероси ғании адабию фарҳангӣ ҳастем. Ин мерос ба осонӣ ба мо нарасидааст; наслҳои гузашта онро дар тули садсолаҳо ҳифз кардаанд ва ба мо расонидаанд. Акнун вазифаи мо низ равшан аст: забони тоҷикӣ бояд ба наслҳои оянда суфтаву такмилёфта ва поку беғазанд расонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон забонро «гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллӣ» номидаанд. Забон вақте пойдор мемонад, ки ҳар як соҳибзабон онро дӯст дорад, дуруст истифода барад ва барои рушди он саҳм гузорад. Ҳар як калимаи дурустнавишташуда, ҳар як китоби мутолиашуда ва ҳар як сухани боэҳтиромгуфташуда қадаме дар роҳи ҳифзи забони модарӣ мебошад.

Рӯзи забони давлатӣ танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз моро ба қадршиносии забони модарӣ, омӯзиши амиқи он ва андеша дар бораи масъулияти шаҳрвандии худ даъват менамояд. Забони тоҷикӣ мероси ниёгон, сарвати маънавии миллат ва амонати наслҳои имрӯз барои фардост. Мо бояд ин ганҷи бебаҳоро ҳифз намоем, рушд диҳем ва бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.

Забон чароғи миллат ва пули устувори пайванди наслҳост. То вақте ин чароғ фурӯзон аст, таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ низ пойдор хоҳад монд.

 

Маҳбуба ҒАФОРОВА,

мутахассиси бахши кор бо духтарону занони ДДМИТ