ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ
(Дар ҳошияи иқдоми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Рӯзи 19 майи соли 2026 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳимму сарнавиштсоз бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Дар ин рӯз бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи барҷастаи илму маорифи тоҷик Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуд. Ин рӯйдод гувоҳи эҳёи адолати таърихӣ, гиромидошти хотираи фарзандони фидоии миллат ва арҷгузорӣ ба поягузорони давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои таърихӣ бозгӯи эҳтироми амиқи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи миллӣ, ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва ба арзишҳои муқаддаси истиқлолу давлатдорӣ мебошад. Дар фазои мутантани эҳтиром ва самимият сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамононро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поин оварданд. Ин манзара на танҳо як маросими давлатӣ, балки лаҳзаи пурэҳсоси таърихӣ ва маънавӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон буд.
Воқеан, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор мераванд. Маҳз бо талошу муборизаҳои ин фарзандони фарзонаи миллат масъалаи ҳастии тоҷикон ҳамчун миллати мустақил дар Осиёи Марказӣ ҳифз гардид. Дар давраи тақсимоти миллӣ-марзии солҳои 1924-1929, замоне ки баъзе доираҳои сиёсӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд, ин абармардон бо ҷасорат ва матонат барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурданд. Онҳо барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон хизматҳои бузургу мондагор анҷом доданд.
Шириншо Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки масъалаи тоҷиконро ба сатҳи олии роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ расонид. Гузориши маъруфи ӯ ба Иосиф Сталин оид ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон далели равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ӯ мебошад. Нусратулло Махсум бошад, нахустин роҳбари Тоҷикистон гардида, дар ташаккули сохтори сиёсӣ ва давлатии ҷумҳурӣ нақши муассир бозид.
Дар баробари ин, номи Нисор Муҳаммад низ дар таърихи миллат ҳамчун яке аз поягузорони соҳаи маорифи тоҷик бо эҳтироми хос ёд мешавад. Ӯ шахсияте буд, ки тамоми зиндагии худро барои рушди маориф, забони тоҷикӣ ва бедории фарҳангии миллат бахшид. Нисор Муҳаммад аз аввалин ташаббускорони таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ маҳсуб мешавад. Бо талошҳои ӯ китобҳои аввалини дарсӣ ба забони тоҷикӣ ба табъ расиданд ва барои рушди таҳсилоти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Ӯ хуб дарк мекард, ки бе рушди забон ва маориф миллат наметавонад ҳастии худро ҳифз намояд. Аз ҳамин ҷост, ки гуфта буд: «Забони тоҷикиро барҳам додан ин миллати тоҷикро барҳам додан аст». Ин суханон имрӯз низ аҳамияти бузурги таърихӣ ва миллӣ доранд. Аммо, сарнавишти ин фарзандони фидоии миллат бисёр фоҷиабор буд. Солҳои сиёҳи таъқиботи сталинӣ онҳоро низ қурбонии сиёсатҳои бераҳмона гардонд. Бе гуноҳ ба “душмани халқ” муттаҳам шуданд, беадолатона ҳукми қатл гирифтанд ва баъдан хокистарашон дар қабри умумии Донскойи шаҳри Москва андохта шуд. Мақсад танҳо нест кардани инсон набуд, балки аз байн бурдани хотираи таърихии миллат ба шумор мерафт. Аммо ҳақиқатро ҳеҷ гоҳ наметавон пинҳон кард. Бо гузашти замон бегуноҳии онҳо исбот гардид ва имрӯз онҳо ҳамчун қаҳрамонон ва фарзандони содиқи миллат эътироф шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи ин шахсиятҳо дубора эҳё гардид, хизматҳои таърихии онҳо мавриди омӯзиш ва қадршиносӣ қарор гирифтанд ва ба онҳо унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Иқдоми ба Ватан овардани хоки оромгоҳи ин фарзандони миллат танҳо як амали рамзӣ нест. Ин нишонаи эҳёи адолати таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пос доштани хотираи қаҳрамонони миллат мебошад. Ин амал бори дигар собит менамояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол фарзандони фидоии худро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва ба хизматҳои онҳо арҷ мегузорад.
Маросими ба хок супоридани хоки қаҳрамонон дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе низ аҳамияти бузурги маънавӣ дошт. Акнун ин фарзандони содиқи миллат дар Ватани аҷдодии худ ором гирифтаанд - дар сарзамине, ки барои ҳастӣ ва ояндаи он ҷоннисорӣ карда буданд. Ин рӯйдод барои насли имрӯз ва фардо дарси бузурги ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба миллат мебошад.
Бешубҳа, сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсозонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардум аҳамияти бузург дорад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон тавонистанд саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихи худро дубора эҳё намояд ва фарзандони ҳақиқии миллатро ба ҷойгоҳи воқеии таърихии онҳо баргардонад.
Ин иқдоми таърихӣ бори дигар нишон дод, ки миллате, ки қаҳрамонони худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи таърих маҳв намегардад. Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад барои миллат рамзи ҷоннисорӣ, ватандӯстӣ ва мубориза барои ҳастии миллат мебошанд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки номи ин фарзандони бузурги миллатро гиромӣ дорад, корномаи онҳоро омӯзад ва ба насли наврас ҳамчун намунаи ибрат муаррифӣ намояд. Зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад ва қаҳрамононашро қадр мекунад, ояндаи устувор ва давлатдории пойдор хоҳад дошт.
Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба Ватан овардани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат ҳамчун рамзи эҳёи ҳақиқат, пирӯзии адолат ва эҳтиром ба таърихи миллӣ дар хотираи мардум ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Далер САНГИНОВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng