ҶОВИДОН ХАЛИФАЗОДА: САБАҚИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ЭҲЁИ АДОЛАТИ МИЛЛӢ
Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як миллат бидуни гузаштаи пуршараф ва хотираи таърихӣ наметавонад ояндаи дурахшони худро бисозад. Барои миллати тоҷик, ки асрҳо ситам дидаву аз давлатдории хеш дур монда буд, асри XX даврони имтиҳони сахти зиндамонӣ ва бақо буд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз, фарзандони фидокоре пайдо шуданд, ки ҷони худро сипар карда, барои эҳёи давлатдории тоҷикон мубориза бурданд.
Рӯзи 19-уми майи соли 2026 дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Маросими ботантана ва расмии ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва ходими барҷастаи фарҳанг Нисор Муҳаммад на танҳо як рӯйдоди сиёсию фарҳангӣ, балки як дарси бузурги ватандӯстӣ ва худшиносӣ барои тамоми ҷомеа, махсусан насли ҷавон аст.
Барои дарки амиқи ин рӯйдод зарур аст, ки мо ба корномаи ин абармардон назар андозем. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар шароити ниҳоят вазнини геополитикии солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта, вақте ки мавҷудияти миллати тоҷик зери хатар буд, устувор истоданд.
- Нусратулло Махсум бо ҷасорату матонати худ бар зидди андешаҳои пантуркистӣ мубориза бурда, барои таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва сипас Ҷумҳурии Иттифоқӣ заҳматҳои беназир кашид.
- Шириншо Шотемур ҳамчун сиёсатмадори дурбин ва устувор, тамоми ҳаёти худро сарфи муайян кардани ҳудудҳои маъмурии Тоҷикистон ва ҷамъ овардани заминҳои таърихии тоҷикон намуд.
- Нисор Муҳаммад бошад, дар рушди маориф, фарҳанг ва бедоршавии фикрии миллат дар он солҳои душвор нақши асосӣ бозид.
Ин бузургон дар роҳи ҳақиқат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ љињати бунёди давлати соњибистиќлоли тољикон љони худро қурбон намуда, дур аз Ватан ба хок супорида шуда буданд. Бозгашти хоки онҳо ба хоки муқаддаси Тоҷикистон тақрибан пас аз як аср, исботи он аст, ки ҳақиқати таърихӣ ҳамеша пирӯз мешавад.
Иштироки бевосита ва шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ ва истиқболи расмии хоки ин қаҳрамонон нишонаи олии сиёсати фарҳангпарварона ва инсондӯстонаи давлат мебошад. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки эҳтироми гузаштагон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан аз самтҳои асосии сиёсати давлатдории мо мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси наҷиб ба ҷаҳониён ва ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нишон доданд, ки: "Ватан ҳеҷ гоҳ хизмати фарзандони фидокори худро фаромӯш намекунад ва дер ё зуд, эҳтироми онҳо ба ҷо оварда мешавад".
Ин иқдом руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод ва хотири таърихии миллати моро устувортар гардонид. Акнун хоки ин қаҳрамонон дар Оромгоҳи Лучоб дар канори дигар фарзандони барӯманди миллат макони абадии худро ёфтанд, ки ин баландтарин эҳтироми давлатӣ ва динӣ ба шумор меравад.
Ин рӯйдоди муҳим барои ҷавонони имрӯза, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқлолият кору зиндагӣ мекунанд, чанд сабақи бузурги тарбиявиро пеш меорад. Аввалан ҷавонон бояд дарк кунанд, ки Тоҷикистон, харитаи сиёсии имрӯзаи он ва соҳибихтиёрии мо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Барои ин озодӣ бузургони мо ҷони худро фидо кардаанд. Саҷда ба хоки ин қаҳрамонон, саҷда ба заҳмату ҷоннисориҳои онҳо барои озодии мост. Дуюм ин, ки корномаи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур намунаи олии ватандӯстии ҳақиқист. Онҳо на барои манфиати шахсӣ, пул ё мансаб, балки барои ояндаи насли мо, барои мову шумо мубориза бурданд. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба ин андешаҳо, онҳоро аз таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ ва гумроҳӣ ҳифз мекунад. Сеюм бошад, ҳар як ҷавони тоҷик ҳангоми зиёрати Оромгоҳи Лучоб ва шиносоӣ бо зиндагиномаи ин шахсиятҳо бояд ҳис кунад, ки ӯ вориси як миллати бузург, озод ва дорои таърихи куҳан аст. Ин ифтихор бояд ӯро ҳидоят кунад, ки дар соҳаи худ илм, варзиш, технология ё хизмати ҳарбӣ беҳтарин бошад ва номи Тоҷикистонро баланд бардорад.
Ба замин супоридани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ дар Ватани бобоияшон рамзи пирӯзии адолат ва занҷираи пайвандгари гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати мост. Ин рӯйдод ба мо ёд медиҳад, ки Ватан танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ нест; Ватан хотира, таърих, фарҳанг ва руҳияти умумии мост.
Мо насли даврони Истиқлол вазифадорем, ки ин озодӣ ва давлатеро, ки бо хуни дили Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва ҳазорон фидоиёни дигар сохта шуда, бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор гардидааст, чун гавҳари чашм ҳифз кунем. Номи онҳо ҷовидон ва хотираи онҳо ҳамеша зиндаву роҳнамои мо хоҳад буд.
Ҷовидон ХАЛИФАЗОДА,
н.и.и., дотсент,
сардори раёсати илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng