Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои равшане ҳастанд, ки на танҳо гузашта, балки имрӯз ва фардои онро низ муайян месозанд. Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз барои Тоҷикистони соҳибистиқлол маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳамчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад мебошад, ки 19 майи соли 2026 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Иқдоме, ки на танҳо як амали сиёсӣ, балки зуҳури эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба асолати таърихист.

Ин ибтикори рамзӣ ва ҳамзамон, таърихӣ танҳо як маросими расмӣ нест, балки зуҳуроти олии эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарорсозии адолате мебошад, ки солҳо мунтазири эҳё буд. Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросим гувоҳи равшани эҳтироми амиқ ба арзишҳои таърихӣ, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат ва ҳамзамон паёми рӯшане ба насли ҷавон дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба сарнавишти давлат мебошад.

Дар асари безаволи худ - “Чеҳраҳои мондагор” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши ин шахсиятҳо чунин таъкид намудаанд:

«Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.»

Ин суханон арзёбии воқеии таърих ва қадршиносии хизматҳои беназири ин фарзандони содиқи миллат мебошад.

Ба дурустӣ, аҳамияти ин иқдом танҳо дар худи воқеа маҳдуд намегардад. Лаҳзае, ки Пешвои миллат шахсан ба фурудгоҳ барои истиқболи “қаҳрамонон” ҳозир шуданд, аҳамияти онро чандин маротиба боло бурда, паёми равшане ба ҷомеа ва ҷаҳониён ирсол намуд: миллати тоҷик фарзандони содиқ ва фидокори худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Аз сӯи дигар, он ба як рамзи пурмаъно табдил ёфт: рамзи зинда будани хотираи таърих, рамзи ҷовидонии ном ва корномаи фарзандони содиқи миллат.

Чунин ташаббус як паёми равшан ба ҷомеа аст: миллате, ки қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, ҳаргиз рӯ ба завол намеорад.

Ин амал рамзи оромиши руҳу равони онҳое гардид, ки барои озодӣ ва ҳастии миллат ҷони худро нисор кардаанд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки масъалаҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд, чунин иқдомҳо барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо ба ҷомеа ёдрас мекунанд, ки истиқлолият танҳо як дастовард нест, балки масъулияти бузургест, ки нигоҳдорӣ ва таҳкими он аз ҳар як шаҳрванди кишвар тақозо мешавад.

Бешубҳа, ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Ин амал бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлат дар заминаи арҷгузорӣ ба таърих, эҳтиром ба шахсият ва таҳкими худшиносии миллӣ роҳандозӣ гардида, ба сӯи ояндаи дурахшон равона шудааст.

Лаҳзаи сари таъзим фуруд овардани Пешвои миллат назди хоки ин шахсиятҳо танҳо як амали расмӣ набуд. Он зуҳури фарҳанги волои инсонӣ, нишонаи камоли ахлоқ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии шахсиятҳое буд, ки сарнавишти миллат бо номи онҳо пайванд дорад.

Бешак, чунин иқдом дар тӯли қариб як асри охир камназир аст. Он гувоҳи равшани он аст, ки сиёсати давлатдорӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба оянда, балки бо эҳтироми амиқ ба гузашта низ нигаронида шудааст.

Имрӯз Пешвои миллат на танҳо идомадиҳандаи роҳи қаҳрамонони миллатанд, балки таҷассумгари ормонҳои амалиношудаи онҳо мебошанд. Зеро маҳз бо талошҳои пайгиронаи эшон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, ваҳдати миллӣ, ки замоне ормон буд, ба воқеияти устувор табдил ёфт.

Қобили зикр аст, ки чунин ибтикорот барои Пешвои миллат нав нестанд. Аз ҷумла, ба Ватан баргардонидани турбати адиби номовари тоҷик Сотим Улуғзода, шоири шаҳири миллат Бозор Собир ва хоки Камоли Хуҷандӣ низ аз намунаҳои барҷастаи эҳтиром ба фарҳанг ва арҷгузорӣ ба аҳли маънавият мебошад.

Хислати наҷиби Роҳбари давлат дар он ифода меёбад, ки хизматҳои гузаштагонро на танҳо ба ёд меоранд, балки онҳоро ба як ҷузъи зиндаи худшиносии миллӣ табдил медиҳанд. Маҳз ҳамин равиш аст, ки ба сиёсати давлатдорӣ маъно ва баракати амиқ мебахшад.

Дар миқёси ҷаҳонӣ чунин иқдомҳо камназир буда, бешак, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои таърихи ғанӣ ва фарҳанги воло боз ҳам боло мебаранд.

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки сиёсати ваҳдатсолор ва инсонпарваронаи Пешвои миллат на танҳо сулҳу суботро таъмин намудааст, балки барои эҳёи рӯҳи миллӣ ва таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа заминаи устувор гузоштааст.

Имрӯз дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдоварӣ аз кору пайкори Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аҳамияти махсус дорад. Алъон, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам менамояд, ёдоварӣ аз кору пайкори Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад моҳияти хос касб мекунад. Зеро давлатдории имрӯзаи тоҷикон идомаи мантиқии ҳамон талошҳоест, ки онҳо дар ибтидои асри гузашта оғоз намуда буданд. Қадршиносии чунин шахсиятҳо на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки дарси бузурги ибрат барои насли ҷавон аст, ки дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, то абад ҳамчун поягузорони давлатдории навини тоҷикон боқӣ хоҳанд монд.

Ҳамакнун, вақте ки фарзандони сарсупурдаи миллат дар хоки Ватани бобоии худ ором мегиранд, мо ворисони истиқлолият, бештар аз ҳарвақта дарк менамоем, ки таърих танҳо гузаштаи мо нест, балки роҳнамои фардои мост. Ва ин роҳнамоӣ моро ба сӯи ваҳдат, субот ва пешрафти устувор раҳнамун месозад. Зеро миллате, ки гузаштаашро эҳтиром мекунад, имрӯзашро месозад ва фардояшро бо итминон бунёд менамояд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ