ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ЭКОЛОГӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОР
«Аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем».
(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, с. 2024).
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-умин солгарди яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии хеш, яъне Истиқлолияти миллӣ ва давлатиашро таҷлил месозад. Тамоми фаъолияти вазоратҳо ва кумитаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кулли мардуми тоҷик дар гирдди Пешвои хеш ҷамъ омада, ба ин ҷашн омодагии ҳаматарафа дида истодааст. Пас аз чанд моҳ ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем ва ба пешвозгирри санаи муҳим қадам мегузорем. Истиқлолият як марҳилаи муҳим дар таърихи миллате, ки роҳи озодӣ, худшиносӣ ва рушди устуворро интихоб кардааст, маҳсуб мегардад. Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози масъулияти нав дар ҳифзи тамоми арзишҳои маънавии ва модии миллат аст. Азбаски фаъолияти ман бевосита ба муҳити зист ва экология иртибот дорад, ман ҳифзи ҳаматарафаи муҳити зисти Ватанро яке аз вазифаҳои муҳим ва ҳамчун масъулияти волои худ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ меҳисобам ва ба наслҳои ҷавон инро мефаҳмонам. Истиқлолият миллӣ барои иҷрои ин вазифа имконияти ҳамаҷонибаро барои мо фароҳам овардааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши фишорҳои антропогенӣ, нақши экологҳо беш аз пеш муҳим мегардад. Бо эълони истиқлолият - 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон имкони ташаккули сиёсати мустақили экологиро ба даст овард. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки табиатро ҳамчун амонати миллӣ эҳтиром намоем, ва ҳифзи он ба як қисми сиёсати давлатӣ табдил ёбад.
Тоҷикистон бо табиати нодир ва гуногунрангаш, аз пиряхҳои Помир то алафзорҳои баландкӯҳ, як ганҷи экологии минтақа ба шумор меравад. Захираҳои обии кишвар, ки аз пиряхҳо ва дарёҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳифзи ин захираҳо, нигоҳдории биогуногунӣ ва танзими истифодаи замин, вазифаҳои муҳими экологӣ дар даврони истиқлол мебошанд.
Дар тӯли 35 сол, мутахассисони муҳити зист дар Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуданд. Татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла сенсори дурдаст (remote sensing), таҳлили биомасса ва моделсозии сохторӣ (SEM) ба мо имкон доданд, ки равандҳои экосистемавиро дақиқтар омӯзем. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо барномаҳои иқлимӣ, саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд. Бо вуҷуди дастовардҳо, Тоҷикистон дар ин самт бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст, чунончи: тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ, шӯршавии заминҳо ва фишори афзояндаи инсон ба табиат. Барои посух додан ба ин чолишҳо зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни экологҳо, ҷомеа, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият ёбад. Боиси тазаккур аст,ки 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсон ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд. Ҳамчунин Пешвои миллат дар суханронии хеш оид ба уқёнус иброз намудаанд,ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда нобуд гардидааст. Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш фарқкунанда буда,ин раванди обшавӣ бо суръат идома дорад. Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар соҳаи ҳалли мушкилоти об боло бурд. Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Бо дарки амиқи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, Созмони Милали Муттаҳид як қатор санадҳои муҳимро қабул намудааст, ки ҳадафи онҳо ҳифзи пиряхҳо ва криосфера мебошад. Аз ҷумла, қабули қатънома оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025 – 2034» ҳамчун марҳалаи нав дар сиёсати глобалии иқлим арзёбӣ мегардад. Ин санад кишварҳои ҷаҳонро ба тақвияти тадқиқоти илмӣ, мониторинги доимии пиряхҳо, мубодилаи маълумот ва татбиқи технологияҳои муосир даъват менамояд. Қатънома таъкид мекунад, ки бе дониш ва ҳамкории илмӣ муқовимат бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст. Рушди маориф ва маърифат дар соҳаи муҳити зист, ҷалби ҷавонон ба илм ва ташаккули фарҳанги экологӣ - ин ҳама шохаҳои муҳими рушди устувор мебошанд.
Истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки масъулият низ ато кардаст, ки ҳифзи табиат, захираҳои обӣ ва биогуногунӣ ва интиқоли безарари онҳо барои наслҳои оянда аз ҷумлаи ин масъулиятҳо мебошанд. Муҳити зист - амонати муқаддасест, ки бе он на озодӣ, на зиндагии солим имконпазир нест. Дар ин рӯзи ҷашн, мо бояд на танҳо истиқлолиятро таҷлил кунем, балки ба худ савол диҳем: ман барои ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии Ватанам чӣ кор кардаам? Ҳамчун мутахасис, ман бовар дорам, ки ҳар як қадам дар роҳи ҳифзи табиат - як қадами устувор дар роҳи истиқлолияти воқеӣ аст.
Раъно МИРМУҲАММАДЗОДА -
мудири кафедраи фанҳои табиатшиностӣ, дотсент
Тоҷ
Рус
Eng