Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир ба яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон ба Чин ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аҳамияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ дошт. Натиҷаи асосии ин сафар имзои Созишномаи дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишвар гардид, ки марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Чинро оғоз менамояд.

Дар доираи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба густариши робитаҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, технология ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Аз рӯи натиҷаҳои музокирот 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин нишондиҳандаи сатҳи баланди эътимод ва муносибатҳои устувори байни ду давлат мебошад.

Имрӯз Чин яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Солҳои охир ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар мунтазам афзоиш ёфта, сармоягузории Чин дар иқтисоди Тоҷикистон низ васеъ гардидааст. Бо дастгирии Чин дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳҳо, нақбҳо, хатҳои барқ, корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои логистикӣ амалӣ шудаанд. Ин лоиҳаҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон доранд.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои транзитӣ метавонад дар ташаккули долонҳои байналмилалии нақлиётӣ нақши муҳим бозад. Дар ин замина ташаббуси глобалии Чин — «Як камарбанд, як роҳ» барои Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Иштироки фаъол дар ин ташаббус метавонад ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноат низ рушд ёфта истодаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, Чин метавонад ҳамчун сармоягузори стратегӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ саҳми назаррас гузорад. Рушди саноати коркард, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир низ аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор меравад.

Ҷонибҳо инчунин ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Табодули донишҷӯён, ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, омӯзиши забонҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ барои таҳкими дӯстии байни мардумони ду кишвар мусоидат мекунанд. Ин гуна ҳамкориҳо заминаи мустаҳками муносибатҳои дарозмуддатро фароҳам месозанд.

Дар мулоқотҳо масъалаҳои амниятӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тоҷикистон ва Чин ҷонибдори таҳкими субот ва амният дар минтақа буда, дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои муосир ҳамкориҳои фаъол доранд. Ҳамоҳангии мавқеи ду кишвар дар масъалаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои онҳо хусусияти стратегӣ доранд.

Имзои Созишномаи дӯстии абадӣ ва ҳамсоягии нек миёни Тоҷикистон ва Чин аҳамияти таърихӣ дорад. Ин санад на танҳо рамзи дӯстии устувори ду давлат мебошад, балки барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ заминаи нав мегузорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки татбиқи санадҳои нави ҳамкорӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Чин ва натиҷаҳои он нишон медиҳанд, ки муносибатҳои байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд. Тоҷикистон ва Чин имрӯз ҳамчун шарикони боэътимод ва дӯстони наздик барои рушди ҳамкориҳои судманд талош менамоянд. Ин раванд метавонад дар оянда барои пешрафти иқтисодӣ, суботи минтақавӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо аҳамияти бузург дошта бошад.

 

Маҳмадназар НУРОВ -

устоди ДДМИТ