ТАДБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ДДМИТ
Ҷавонон яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ва неруи асосии пешбарандаи давлат ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар як миллату давлат аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин хотир, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд соҳиби донишу маърифат, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии васеъ бошанд. Зеро танҳо ҷавонони соҳибилм метавонанд давлатро ба сӯи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои таҳсил, донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ, таъсиси марказҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рушди соҳаи рақамикунонӣ ва дастгирии ҷавонони боистеъдод далели равшани ғамхориҳои давлат нисбат ба ҷавонон мебошанд.
Махсусан, дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир ҷавонон бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Имрӯз барномаҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба таври ройгон дар интернет дастрас буда, ҷавонон метавонанд бо истифода аз онҳо сатҳи дониши худро баланд бардоранд. Ҷавони донишманд метавонад барнома нависад, шабакаҳои нейронӣ созад, лоиҳаҳои илмӣ таҳия намояд ва барои рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузорад.
Дар баробари ин, истифодаи дурусти технология низ масъулияти баландро талаб мекунад. Ҷавонон бояд аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро, иттилооти бардурӯғ ва ғояҳои бегона эмин бошанд. Мутаассифона, баъзан ҷавононе пайдо мешаванд, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва истиқлоли давлатӣ нарасида, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳамроҳ мешаванд. Ин амалҳо ба давлат ва ҷомеа зарари ҷиддии маънавию моддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва донишандӯзӣ ҳидоят менамоянд.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” низ далели возеҳи таваҷҷуҳи давлат ба насли ҷавон мебошад. Ин иқдом боис гардид, ки ҷавонон бештар ба омӯзиши илм, рушди қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб гарданд.
Ҷавонӣ давраи тиллоии ҳаёти инсон мебошад. Дар ин айём инсон дониш меомӯзад, ҷаҳонбинӣ пайдо мекунад ва барои зиндагии ояндаи худ роҳ интихоб менамояд. Ҷавонон бояд вақти худро самаранок истифода намуда, барои омӯзиши илм, касбу ҳунар ва такмили малакаҳои касбӣ кӯшиш намоянд. Зеро инсон танҳо тавассути дониш ва меҳнати ҳалол ба муваффақият мерасад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон аз дастгирии васеи давлатӣ бархӯрдоранд. Барномаҳои давлатӣ, стипендияҳои президентӣ, квотаҳои таҳсилӣ ва имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонон шароити хуб фароҳам меоранд. Ҳукумати мамлакат барои рушди ҷавонон тамоми имкониятҳоро муҳайё намуда истодааст, то онҳо ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба Ватан хизмат намоянд.
Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. ДДМИТ имрӯз яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми назаррас мегузорад. Дар донишгоҳ барои донишҷӯён тамоми шароити муосири таълимӣ муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои замонавӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳои таълимӣ, китобхонаҳои электронӣ ва технологияҳои рақамӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки бо усулҳои навини таълим дониш омӯзанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ДДМИТ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии донишгоҳ ва дар доираи моҳвораи ҷавонон чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва маърифатӣ баргузор гардида истодаанд. Ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва фаъолнокии ҷавонон мусоидат менамоянд.
Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор низ дар доираи моҳвораи ҷавонон як қатор ташаббусҳои созанда роҳандозӣ гардидаанд. Донишҷӯён дар озмунҳои илмӣ, конференсияҳо, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, пайравии худро аз сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат нишон медиҳанд. Инчунин, донишҷӯён бо иштироки фаъолонаи худ дар корҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ саҳми худро дар рушди донишгоҳ ва ҷомеа мегузоранд.
Имрӯз ҷавонони ДДМИТ бо дарки баланди масъулият кӯшиш менамоянд, ки донишҳои муосирро аз худ намуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб барои пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоянд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки ояндаи давлат аз дониш, ирода ва фаъолияти ҷавонон вобаста мебошад.
Ҳамин тавр, ҷавонон ва истиқлол мафҳумҳои ба ҳам пайваста мебошанд. Истиқлол барои ҷавонон шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсилро фароҳам овард ва ҷавонон бошанд, бояд бо донишу маърифат, садоқат ва меҳнати софдилона пояҳои онро устувор нигоҳ доранд. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки Ватанро дӯст дорад, арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва барои пешрафти давлату миллат саҳми арзандаи худро гузорад.
Хуллас, танҳо ҷавонони донишманд, ватандӯст ва соҳибмаърифат метавонанд Тоҷикистони азизро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намоянд.
Ёрибек ТИЛАБОВ,
декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng