ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ТАҲДИД БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН
Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Ин амалҳои хатарнок ба амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Терроризм ва экстремизм сабаби сар задани нооромӣ, истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низоъҳои миллӣ ва мазҳабӣ, инчунин, халалдор гардидани зиндагии осоиштаи мардум мегарданд. Таъсири манфии чунин зуҳурот на танҳо дар доираи сиёсати дохилии кишварҳо, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ мушоҳида мешавад.
Мафҳуми “экстремизм” аз калимаҳои фаронсавии extremisme ва лотинии extremus гирифта шуда, маънои аз ҳад гузаштан ва пайравӣ ба амалҳои тундравонаро ифода мекунад. Шахсе, ки дар фаъолияташ ҷонибдори ақидаҳои ифротӣ ва амалҳои якравона мебошад, экстремист номида мешавад. Ин гуна андешаҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, дин, идеология ва дигар самтҳои фаъолияти инсон зуҳур намоянд. Истилоҳи “терроризм” бошад, аз калимаи лотинии terror сарчашма гирифта, маънои тарс ва даҳшатро дорад. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи сиёсӣ дар охири асри XVIII, замони Инқилоби Фаронса бештар мавриди истифода қарор гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамкории густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳидии кишварҳоро тақозо мекунад. Сарвари давлат борҳо изҳор доштаанд, ки терроризм миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва истифодаи муносибати дугона нисбат ба ин амалҳо метавонад вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар созад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари қурбониён ва ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонон мебошанд. Имрӯз ташкилотҳои тундрав барои ҷалби ҷавонон аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Тавассути таблиғоти бардурӯғ ва ваъдаҳои фиребанда онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд.
Ҳангоми таъсир расонидани ҷавонон аз ақидаҳои ифротӣ, ҷаҳонбинӣ ва муносибати онҳо нисбат ба ҷомеа тадриҷан тағйир меёбад. Дар ниҳоди онҳо ҳисси бадбинӣ, нафрат ва бегонагӣ нисбат ба атрофиён пайдо шуда, баъзан ба рафторҳои хушунатомез майл мекунанд. Яке аз омилҳои асосии гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ суст гардидани назорати оила ва беэътиноӣ ба тарбияи фарзандон мебошад.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар гуна андешаҳои хурофотӣ ва таблиғоти носолим дода нашаванд ва қадри сулҳу оромӣ, истиқлолу озодии Ватани худро донанд. Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ватандорӣ барои ҳар як ҷавон вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Дар чунин шароит масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва тамоми афроди ҷомеа боз ҳам бештар мегардад. Тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии терроризм ва экстремизм гардад.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дорои иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ мебошанд. Онҳо фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ намегарданд ва барои ҳифзи сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шарафҷон РАЗЗОКБЕРДИЕВ,
дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng