ҶАВОНОН ҲАМЧУН ОМИЛИ КАЛИДӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро ифода мекунад. Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро интихоб намуд.
Ин раванд дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифта, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барқарории сулҳ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ноил гардид. Сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат ба ташаккули ҷомеаи муттаҳид ва пешрафта заминаи устувор гузошт.
Яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар давраи истиқлолият масъалаи ҷавонон мебошад, ки ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа баррасӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият мавқеи махсусро ишғол намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” заминаи ҳуқуқӣ ва институтионии рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоиро фароҳам овард.
Дар баробари ин, таъсиси сохторҳои махсуси давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ваколатдор дар самти кор бо ҷавонон имконият дод, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт ба таври системавӣ амалӣ гардад. Ҳадафи асосии ин сиёсат тарбияи насли ҷавони худшинос, ватандӯст, дорои ҷаҳонбинии муосир ва омода ба ҳалли масъалаҳои рушди ҷомеа мебошад.
Давоми солҳои истиқлолият, таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба ҷавонон боиси баланд гардидани сатҳи иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардид. Ҷавонон тадриҷан ба як қувваи муҳими иҷтимоӣ ва такягоҳи асосии рушди давлат табдил ёфтанд.
Дар даврони истиқлолият соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба таври бесобиқа рушд намуданд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, афзоиши шумораи донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, сатҳи дониш ва касбияти ҷавононро ба маротиб баланд бардошт.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар рушди илм ва таҳқиқот нақши муҳим доранд. Шумораи зиёди олимони ҷавон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд.
Дар баробари ин, соҳаи фарҳанг ва ҳунар низ бо иштироки фаъоли ҷавонон рушд ёфтааст. Барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим бозиданд.
Соҳаи варзиш низ дар давраи истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, Парчами давлатиро баланд бардоштанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, ҷаҳони муосир бо як қатор хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Ифротгароӣ, радикализм, таъсири идеологияҳои бегона ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.
Дар чунин шароит, масъалаи баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки онҳо на танҳо ояндаи давлат, балки имрӯз низ яке аз такягоҳҳои асосии рушди ҷомеа мебошанд.
Истиқлоли давлатӣ танҳо як дастоварди таърихӣ нест, балки масъулияти доимӣ мебошад. Ҳифз ва таҳкими он аз сатҳи дониш, маърифат ва ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванд вобаста аст махсусан ҷавонон.
Ҷавонон бояд ҳамчун неруи созанда дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона иштирок намоянд. Онҳо бояд бо истифода аз донишҳои муосир, технологияҳои нав ва ҷаҳонбинии пешрафта дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар ин замина, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус доранд, ки таъкид менамоянд ҷавонон бояд илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд ва дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро пайдо кунанд.
Ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд.
Бо такя ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, насли ҷавон бояд тамоми имкониятҳоро барои рушди шахсӣ ва касбӣ истифода барад. Танҳо дар ин сурат метавон пояҳои истиқлолиятро устувор нигоҳ дошта, рушди устувори давлат ва ҷомеаро таъмин намуд.
Орифҷон ФОЗИЛЗОДА,
муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисидӣ
Тоҷ
Рус
Eng