ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ТАҲДИД БА АМНИЯТ БА СУБОТИ ҶОМЕА
Имрӯз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилоти зиёд гардидааст. Барои монеъ шудан ба фаъолияти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарӯза талош варзида истодаанд. Гап дар сари он меравад, ки: “Имрўз терроризм бо назардошти таҳдиди терроризми технологӣ, ки дар он аслиҳаи ядроӣ, химиявӣ, бактериологӣ истифода шуда метавонад, ҳамчунин аз тарафи террористон интихоб кардани иншооти амалиёти террористӣ на танҳо чун ҷинояти дохалидавлатӣ, ки ба манфиати шахсони ҷудогона, ҷомеа ва давлате дониста мешавад, балки ба муътадил гардонидани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ низ зиён мерасонад (Санавваров Ғ.Б., Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм: масъалаи ташаккули қонунгузорӣ // Терроризм ва экстремизм - хатар ба амнияти инсоният// Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ/таҳти назари д.и.и., профессор Шарифзода М.М. - Хуҷанд: Дабир, 2023. – 619 с.”).
Дар иртибот ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Вобаста ба масъалаи экстремизм Қ. Искандаров ва дигарон қайд менамоянд, ки «экстремизм ҳамчунин зиёдаравӣ дар ҳама гуна соҳаҳои фаъолият мушоҳида карда мешавад ва вобаста аз вазъияти дар ҷомеа баамаломада метавонад баҳои мусбӣ ё манфиро соҳиб шавад. Экстремизм дар илм, адабиёт, варзиш, дар муд, ҳайкалтарошӣ, дигар намудҳои санъат метавонад ба дигаргуниҳо, навигариҳо, ҷараёнҳои нав, мактабҳои нав оварда расонад (Искандаров Қ., Назаров Н.Ҷ., Абдуллоев Р.С. Решаҳо, сабабҳо ва моҳияти ифродгароӣ ва терроризм, омилҳои паҳншавии он / Санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) - Хуҷанд: Хуросон, 2016. - 308 с.). Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама, ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХI - аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки аз 16 ноябри соли 1999 қабул гардидааст, мавқеи кишвар дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар ин замина, ба таври доимӣ ба анҷом мерасонад. Илова бар ин, 2-юми январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” қабул шуд, ки мақсади асосии қабули қонун муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни мазкур мафҳуми экстремизм ба таври зайл омадааст: “Экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти эктремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”.
Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чӣ тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш борҳо таъкид намудаанд: “Террорист ва экстремист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад, дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафия, ки мо пайравони он ҳастем, дини мубини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад”.
Терроризм, ҳамчун амали ҷиноятӣ, кирдори ғайриқонунӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошад, ки дар содир намудани таркишҳо, оташ задан ё дигар амалҳое ифода ёфтааст, ки хавфи талафоти ҷомеаро ба вуҷуд меорад, боиси зарари калони молумулкӣ ё ба вуҷуд омадани дигар оқибатҳои барои иҷтимоӣ хавфнок мегардад. Муҳаққиқи ватанӣ Муродова Н.С. бамаврид қайд мекунад, ки “Терроризми муосир ба раванди инкишофи сиёсии муосир зид аст, зеро он омилҳои зиддиинсониро, ки пеш аз ҳама бо куштори инсон алоқаманд аст, ҷонибдорӣ намуда, амалан истифода мебарад” Ин кирдорҳо бо мақсади вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё таъсир расондан ба қабули қарорҳои сохторҳои давлатӣ, инчунин, таҳдиди содир намудани амалҳои зикршуда ба ин мақсадҳо содир карда мешавад. Терроризм идеологияи зӯроварӣ ва фаъолиятҳои террористиро дар шаклҳои гуногун истифода мебарад.
Фаъолияти террористӣ ба нақша гирифтани таъсис ва (ё) таъсиси сохторҳои террористӣ, ҷалб намудан ба фаъолияти террористӣ, маблағгузорӣ ва кумаки дигар ба ин фаъолият, таблиғи усулҳои зӯроваронаи ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоию сиёсӣ, инчунин, содир намудани амалҳои террористиро дар бар мегирад.
Терроризм ҷинояти сермаънӣ буда, ҳадафи асосии он ҳамла ба амнияти ҷамъиятӣ, инчунин, ҳамла ба:
- ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон;
- иншооти муҳимми инфрасохторӣ;
- муҳити табиӣ;
- муҳити иттилоотӣ;
- мақомоти давлатӣ;
- ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Коршиносони ин соҳа тақрибан 200 намуди фаъолияти муосири террористиро муайян кардаанд. Аз инҳо - терроризми сиёсӣ, терроризми миллӣ, терроризми динӣ, терроризми ҷиноятӣ хеле маълуму инкишоф ёфтаанд.
Усули асосии фаъолияти террористӣ дасиса (тарсондан)-и мақомот ва аҳолӣ бо таҳдиди талафоти ҷонӣ, расонидани зарари калони молумулкӣ ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, бо мақсади вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ва таъсир расондан ба қабули қарорҳои барои террористон фоиданок будаи сохторҳои давлатӣ сурат мегирад.
Қурбонии террористиро ҳамчун рафтору кирдорҳои муносибати бераҳмона ё беадолатона нисбат ба касе фаҳмида мешавад. Ин ҷараён қурбонии терроризмро баррасӣ мекунад, ба монанди омилҳое, ки дар муайян кардани кӣ қурбонии ҳамлаи террористӣ мешаванд, нақш мебозанд.
Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медҳанд, ки бисёре аз қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, “ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биомўзанд ва барои дифои он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа хосатан ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд”. (Маҳмудов М.Қ. Ҷавонон ва хатарҳои ҷомеаи иттилоотӣ// Терроризм ва экстремизм - хатар ба амнияти инсоният// Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ/таҳти назари д.и.и., профессор Шарифзода М.М.- Хуҷанд: Дабир, 2023. – 619 с.).
Ҳамлаҳои террористӣ ҳамчун воситаи амалҳои дорои ангезаи сиёсӣ ба муқобили аъзои мушаххаси ҳукуматҳо ё шахсиятҳои сиёсӣ, барои расидан ба ҳадафи мушаххаси сиёсӣ истифода мешаванд. Чунин ҳамлаҳо як ҷузъи иштирок дар низоъ, ҳарчанд ғайримустақим, байни гурӯҳи террористӣ ва душманиро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, терроризми муосир бо афзоиши басомад ва миқёси зӯроварии бесарусомонӣ тавсиф мешавад.
Қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ маъмулан бо назардошти хусусиятҳои фардии худ интихоб намешаванд, балки қурбониёни “тасодуфӣ” ҳастанд, ки онҳо дар вақти нодуруст дар ҷои нодуруст қурбонӣ мешаванд. Ин қурбониён ҳамчун асбобе хизмат мекунанд, ки ба субъектҳои дигари террористӣ хизмат мерасонанд.
Қисман ин унсури пешгӯинашаванда ва тасодуфӣ дар интихоби қурбонӣ аст, ки ба терроризм қудрати муосири худро медиҳад - қудрате, ки тавассути намоиш ва такрори тасвирҳои амалҳои қурбонӣ дар ВАО хеле афзоиш ёфтааст.
Ин таҳаввул дар маркази диққти терроризм буда, гузариш аз терроризми инфиродӣ ба куштори оммавӣ ва ҷанги равониро инъикос мекунад. Бо ин амалҳо, терроризм кӯшиш мекунад, ки аҳолӣ ва ё роҳбариятро бо тарсу ваҳми қурбонӣ шудан маҷбур созад.
Қурбониёни аввалини (бевоситаи) амалҳои террористӣ:
- онҳое, ки аз ҷониби силоҳбадастони одамрабоён, амалҳои террористӣ, гаравгонгирон, ба марг, дар таркишҳо қурбон мешаванд;
- онҳое, ки аз ҷониби террористон маҷруҳ шудаанд, маъюб шудаанд ё таҳти шиканҷаи равонӣ қарор гирифтаанд, вале дар ниҳоят озод мешаванд;
- онҳое, ки дар ҷараёни амалиёти наҷотдиҳии зиддитеррористӣ аз дасти террористон ё дар рафти озодкунии мусаллаҳонаи ба гарав афтидагон маҷруҳ шудаанд ё фавтидаанд;
- онҳое, ки дар натиҷаи иштирок ё шоҳиди бевоситаи як ё якчанд ҳодисаҳои террористӣ осеби равонӣ ё ҷисмонӣ дидаанд, худкушӣ кардаанд, ё фавтидаанд.
Гарчанде ки ҳамлаҳои террористӣ ҷиноятҳои вазнин мебошанд, бояд дар хотир дошт, ки қурбонии терроризм аз қурбонии ҷиноятӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳамлаи аввалини ҷанбаи хоси сиёсӣ дорад. Ин ҷанбаи сиёсӣ метавонад ҳадафҳои идеологӣ ё диниро низ дар бар гирад. Чӣ тавре, ки С. Ятимов қайд менамояд: “Дар идеология муҳим нест, ки кӣ мегӯяд, муҳим он аст, ки чӣ мегӯяд ва манфиатҳои киро ҳифз менамояд” (Ятимов С. Миллат, илм, амният. Хуҷанд: “Ношир”, 2019). Масалан, қурбонии бевоситаи ҳамлаи террористӣ хеле кам ҳадафи ниҳоии зӯроварӣ мегардад. Баръакс, интихоби ҳадаф ҳамчун қувватдиҳанда барои интиқоли амалиёти васеътар ва таъсиррасонӣ ба омма васеътар, ба монанди давлате, ки рақиби созмони террористӣ мебошад. Ҳадафи муҳими терроризм ҷалби таваҷҷуҳи аудиторияи омма ба паёмҳои интиқолшаванда ва эҳсоси ваҳшат ва ваҳм дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ мебошад. Тарс, ки дар ашхоси алоҳида ба вуҷуд меояд, бо раванди шиносоӣ бо ҷабрдида, ки «метавонист дар ҷои ӯ ман бошам» пурзӯртар мегардад.
Ҳамин тариқ, қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ ҳамчун аломатҳои умумии гурӯҳӣ ё синфӣ хизмат мекунанд, ки дар навбати худ, барои интихоби онҳо ҳамчун қурбонӣ заминаи умумиро ташкил медиҳанд. Ба ин маъно, қурбониёни терроризм ҳамчун ҳадафи асосӣ амал мекунанд.
Хулоса, вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин, тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.
Дар айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардидаанд.
Воқеан, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлол, ҳифзи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат дар фаъолияти сиёсии дохилию хориҷӣ ва масъалаи ҳамаҷониба амалигардонии он муҳимтарин омили рушди сиёсӣ мегардад. Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, муайян намудани идеяи ягонаи миллӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, муҳаббат ба ватан, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ҳифзи марзу бум, мустаҳкамнамоии амнияти миллӣ, дар доираи ҳадафҳои худ истифода намудани фаъолияти созмону ташкилотҳои хориҷӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, метавонанд мамлакати моро аз таҳдидҳои замони муосир дар амон нигаҳ дорад ва рушди устувори Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Азизулло ИСМАТУЛЛОЗОДА,
директори китобхонаи илмии ДДМИТ
Навбаҳор ТУРАЕВА,
китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng