Масъалаи терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир, махсусан, дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ва ғайра яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, дар паёмҳои навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри андешидани чораҳои мушаххас вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун амали номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия ва Сомалӣ мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатангезро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо, даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадаст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз ба ҳамин мақсадҳои нопокии худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари давлатҳоро зиёд менамояд.

Тоҷикистони ҷавони мо рӯзҳои сангинеро, ки маҳсули дасти ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ буд, дар солҳои навадуми асри гузашта пушти сар намуда, ки то ба ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷонибдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва башарӣ буда, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин гуфта буданд: ”Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”.

Аз ҳама бештар иқтисодиёти воқеӣ ба мушкилот дучор гардид. Махсусан, ду соҳаи пешбари истеҳсолот - кишоварзӣ ва саноат, ки мардумро бо неъматҳои моддӣ таъмин менамуданд, таназзул ёфтанд. Дар ин давра, истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 52,8 фоиз кам шуда, пастравӣ дар истеҳсолоти саноатӣ 65,8 фоизро ташкил дод, ки боиси сатҳи нокифояи истеҳсолоти худӣ ва афзоиш ёфтани воридот дар кишвар гардид. Дар баробари ин, сатҳи баланди беқурбшавии пул ба паст шудани даромадҳои воқеии аҳолӣ оварда расонд ва ба нобаробарии мизони иқтисодӣ боз ҳам зиёдтар мусоидат кард. Дар натиҷа, фазои сармоягузорӣ халалдор шуда, қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфтанд.

Дар шароити замони муосир ҳар як шахси ватандустро шарт ва зарур аст, ки дарки баланди зиракии сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад. Ҷавонони мо бояд аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарданд. Зеро онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои гуногун ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар тез ба ваъдаҳои ширини фарҷоми талхдоштаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Бояд гуфт, ки истифода аз қувваи ҷавонон барои онҳо хеле манфиатбор буда, ин қишри ҷомеаро, ки дар худ мафкура ва ақидаи қавӣ надоранд, ба худ ҷалб менамоянд.

Дар шароити ноустувории ҷаҳони муосир мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азизу маҳбубамон бошад, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд дастгирӣ намоем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем.

 

Фахриддин АБДУЛХАЙРОВ,

муаллими калони кафедраи аудит ва ревизияи ДДМИТ