ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ТАҲДИД БА РАВАНДИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
“...Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Экстремизм ва терроризм таҳдиду хатар ба ҷомеаи имрӯза, алалхусус, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки Тоҷикистони азизи мо низ ба ин зумра кишварҳо маҳсуб меёбад, мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб, на танҳо ба амнияти миллӣ, балки ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин, боиси нооромӣ, тарс, нобоварӣ дар ҷомеа ва коҳиши воридоти маблағҳои ватаниву хориҷӣ мегардад.
Имрӯзҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ҳанӯз пурра таҳким наёфтаанд, таъсири экстремизм ва терроризм шадидтар эҳсос мешавад. Амалҳои террористӣ метавонанд ба инфрасохтор таъсири манфӣ расонида, боиси хароб гардидани он, марги одамон ва вайроншавии фаъолияти иқтисодӣ шаванд. Ҳамзамон, онҳо боиси фирори сармоягузорони хориҷӣ, коҳиши теъдоди сайёҳон ва зиёд шудани хароҷоти давлатӣ барои таъмини амният мегарданд.
Танҳо бо роҳи таҳкими соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи бекорӣ метавон заминаҳои паҳншавии ин зуҳуроти номатлубро коҳиш дод.
Экстремизм - дидгоҳ ва амалҳои тундравонаест, ки бар зидди тартиботи ҷойдошта равона шуда, ба зӯроварӣ даъват мекунад.
Терроризм - истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё маҷбур сохтани ҳукумат барои иҷрои мақсадҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла, тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд. Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.
Албатта, ки мо медонем кадом омилҳо ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав ва аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористӣ дошта мусоидат мекунанд ё метавонанд дар оянда мусоидат намоянд. Аз ин лиҳоз давлат бояд:
- аз пештара бештар ва беҳтар самаранокии чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ, таъминоти илмӣ-методӣ, тайёрии касбии кормандони соҳаи мазкур ва ҷалби воситаҳои ахбори омма дар пешгирии экстремизм ва терроризмро ҷоннок намояд;
- зарфиятҳои низоми маориф ва сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон вобаста ба тарбияи сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, пешгирии тундгароӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон;
- мукаммалнамоии механизмҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, мавҷудияти ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва бюрократизм аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки метавонанд ба татбиқи кафолатҳои риояи ҳуқуқҳои шахсият ҳамчун шарти таъмини рафтори қонунӣ ва пешгирии тундгароӣ дар ҷомеа мамониат намоянд.
Хулоса, экстремизм ва терроризм як амали номатлубе аст, ки ба пешрафти иқтисодиёти ҳар як кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.
Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳастии миллат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ҳадафҳои ниҳоии амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таъмини бехатарии аҳолӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон нисбати мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи авзои оромии сиёсию ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Абдумалик САФАРОВ,
номзади илмҳои иќтисодӣ,
муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ
Ҳумайнӣ САЪДИЕВ,
устоди кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng