МУБОРИЗА БА ТЕРРОРИЗМ КОРИ ДАСТҶАМЪИСТ!
Ҷомеаи инсонӣ ҳамеша дар ҳолати тағйирёбӣ қарор дорад. Хусусан, дар ҷомеаи муосир бинобар сабаби вусъат пайдо кардани раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо миллатҳои гуногун арзишҳои фарҳангии худро аз даст медиҳанд ё худ ҷойи онҳоро арзишҳои фарҳангии ғайримиллӣ иваз мекунанд. Ҳамзамон, вазъ ба он сатҳ расида истодааст, ки аз ҷангҳои байнидавлатӣ таҳдид барои нобуд гаштани арзишҳои моддии кишварҳои алоҳида гардад. Аз ин рӯ, агар аз як тараф, сабаби аз байн рафтани арзишҳои фарҳангии миллатҳои гуногун раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бошад, аз тарафи дигар, пайдоиш ва вусъат пайдо кардани ҳаракату созмонҳои ифротию террористӣ боиси ноамн гаштани кишварҳо, ривоҷ ёфтани куштору тахрибкорӣ, низоъҳои динию мазҳабӣ ва ғайра гашта истодааст.
Истилоҳи “экстремизм” (“ифротгароӣ”) дар илмҳои иҷтимоӣ-инсонгароӣ ҳанӯз аз охирҳои нимаи аввали асри XIX мавриди истифода қарор гирифт. Аммо чӣ тавре файласуфи тоҷик Н. Маҳмадизода дар таҳқиқоти худ дақиқ мушаххас менамояд: “Истилоҳи “экстремизм” (“ифротгароӣ”)-ро ҳамчун мафҳуми илмӣ аввалин бор ҳуқуқшиноси фаронсавӣ М. Лерой дар ибтидои асри XX мавриди истифода қарор дод. Ӯ муайян намуд, ки фарқияти асосии ин раванди сиёсӣ аз дигар ҷараёну равияҳо дар он аст, ки ифротгароён аз пайравони худ ба ғояҳои тарғибкунандаи сиёсӣ эътиқод доштанро талаб мекунанд. Барои мисол, неруҳои сиёсии ифротгаро, ки он вақт дар саҳнаи сиёсӣ амал мекарданд, М. Лерой “экстремизми сурх”-и болшевикон ва “экстремизими сафед”-и монархистон номида буд”.
Солҳои охир дар қатори ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ, техногенӣ, биологию иҷтимоӣ, ки аз амалҳои гирдовардаю ҷамъгардидаи ҳаёти одамиён вобастагӣ дорад, инсоният ба фоҷиаҳои нав ба нав дучор гардид. Яке аз сабабҳои он, ки зӯрӣ, таҷовуз ва ифротгароӣ мебошад, терроризм ё экстремизм номоварӣ гардида, ба ҳаёти мардуми аҳли башар то кунун таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар натиҷаи таъсири ин амали номатлуб мардумони бегуноҳ дар парешонию истироб умр ба сар мебаранд.
Бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рузҳои аввали ба ҳайси Президент ихтихоб шуданашон ба масъалаҳои сулҳу ваҳдат дар миқёси минтақа ва сайёра диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирии хатарҳои бавуҷудоии терроризму эктремизм тамоми имкониятҳои худро сафарбар намуд. Пешвои миллат иброз менамоянд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Дар олами муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифта, омӯзиш ва роҳҳои нисбатан самарабахши пешгирии он тақозои замон дониста мешавад.
Ба фикри мо, ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳое, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки дар партави сиёсати дурандешонаи роҳбарияти кишвар ва пуштибонии мардум сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмин аст, вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллиамонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем.
Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон бояд намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва Ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Ф. РАҲИМЗОДА,
ассистенти кафедраи фаъолияти биржавии ДДМИТ
Н. СОЛИЕВ, муаллими калони кафедраи фаъолияти биржавии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng