Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии дорои мазмуни стратегии давлатӣ баромад мекунад. Дар ин ҳуҷҷати стратегӣ вазъи воқеии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии мамлакат мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои давраи минбаъда муайян мегарданд.

Дар шароити кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳо ба сатҳи баланди банақшагирии стратегӣ ва қабули қарорҳои асосноки давлатӣ вобастагии мустақим дорад. Бо дарназардошти ин, Паём ба унвони ҳуҷҷати зарурӣ, ки дорои мазмуни стратегӣ мебошад, дар рушти устувори кишвар нақши калидӣ мебозанд. Зеро, Паём на танҳо василаи расонидани маълумот ба ҷомеа буда, балки як санади муҳим барои муайян кардани ҳадафҳо, афзалиятҳо ва вазифаҳои давлатӣ дар оянда мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳар сол пас аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинишуда тасдиқ гардида, барои назорат ва амалисозӣ ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор пешниҳод мегардад.

Зарурати таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо пас аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он бармеояд, ки дастуру вазифаҳои дар Паём ироагардида хусусияти стратегӣ дошта, барои татбиқи амалии онҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор зарур мебошад. Нақшаи чорабиниҳо ҳамчун санади амалкунанда хизмат намуда, ҳадафҳо, муҳлатҳо, масъулият ва механизмҳои иҷрои вазифаҳоро мушаххас месозад. Бо ин васила, татбиқи пайдарпай ва самараноки сиёсати дохилию хориҷии давлат дар амал таъмин мегардад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз нишондиҳандаҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, экологӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва дигар соҳаҳои алоҳидаи кишвар иборат мебошанд.

Бинобар ин, омӯзиши паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар онҳо бо дарназардошти нишондиҳандаҳои зикргардида, рушд ва дастовардҳои муҳимми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамаҷониба мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар баробар ин, дар паёмҳо дастовардҳои асосии даврони соҳибистиқлолӣ ҷамъбаст гардида, таъкид мешавад, ки дар ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти фарогири сохторӣ дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ гардидааст. Татбиқи ин ислоҳот барои таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаи устувори рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намудааст.

Рушди иқтисоди миллӣ дар асоси стратегияҳо ва барномаҳои давлатии қабулшуда амалӣ гардида, татбиқи самараноки онҳо ба иҷрои ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ равона шудааст. Таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди бахшҳои истеҳсолӣ, таҳкими бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, иҷрои барномаҳои соҳавӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат арзёбӣ мегарданд.

Сиёсати молиявию қарзӣ дар паёмҳо ҳамчун омили калидии рушди устувори иқтисодӣ баррасӣ гардида, ба таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ равона шудааст. Дар ин замина, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, густариши хизматрасониҳои бонкӣ ва афзоиши дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Дар баробари ин, рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар ин самт ислоҳоти замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, татбиқи технологияҳои муосир ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ амалӣ карда мешаванд.

Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат баррасӣ гардида, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, нақбҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ барои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими иқтидори транзитии кишвар аҳамияти муҳим доранд.

Сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар паёмҳо ҳамчун яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеа муаррифӣ гардида, ба беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, рушди бозори меҳнат равона шудааст. Татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар ин замина, нақши муҳим мебозад.

Дар паёмҳо, инчунин, масъалаҳои такмили идоракунии молиявӣ, ислоҳоти низоми андоз, коҳиши сарбории андозӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва содагардонии расмиёти андозбандӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди соҳибкорӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар арзёбӣ мегарданд.

Баррасии чунин масъалаҳои муҳим дар паёмҳо, гувоҳии наздик будани Ҳукумати феълӣ, Парлумони фаъолияткунанда, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум аст, ки ин асоси ҷомеаи демократӣ мебошад.

Бо дарназардошт ин, дар ин мақола нуктаҳои асосӣ аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили иқтисодӣ дар давоми солҳои 2001 то соли 2025 пешниҳод карда шудаанд.

«Таъмин ва таҳкими устувориву субот дар ҳаёти ҷомеа сабаби дигаргуниҳои куллӣ дар самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва боиси боз ҳам афзудани нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ гардид. Ба шарофати ин ҳама тавонистем, ки ба як қатор дастовардҳои умедбахши иқтисодӣ ноил шавем».

 Нуктаҳои болозикр ишора мекунад, ки аз Паёми аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ то он давра бисёр вазифаҳои миёнамуҳлати ислоҳоти иқтисодӣ иҷро шудаанд. Ва ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ сохтани ислоҳоти навбатӣ бо азми қавӣ омода аст, ки онҳо нисбат ба ислоҳоти қаблӣ васеъ, мураккаб ва давомдор хоҳанд буд.

«Рафти ислоҳот тезонидани ҷараёни дигаргунсозии иқтисодӣ, мустаҳкам намудани системаи молиявӣ ва бонкӣ, ривоҷ додани шаклҳои гуногуни моликият дар тамоми соҳаҳо ва беҳдошти зиндагии мардумро тақозо менамояд».

 Ин раванд ба мустаҳкам шудани низоми молиявӣ ва бонкӣ мусоидат мекунад ва ривоҷ додани намудҳои гуногуни моликият дар тамоми соҳаҳо фароҳам меорад. Дар ниҳоят, иҷрои ин ислоҳот ба беҳбуди зиндагии мардум оварда мерасонад.

«Моҳи декабри соли 2002-юм аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон оид ба дастгирии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи механизми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ барномаи мушаххас тасдиқ шуд. Дар доираи ин барнома, ки дар давоми се соли оянда аз ҷониби Ҳукумат амалӣ мешавад, дар бахшҳои сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ, идораи қарзҳои берунӣ ва ислоҳоти сохторӣ чорабиниҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд».

 Ин нуқта нишон медиҳад, ки вазифаи асосии соли аввали татбиқи ин барнома, амалӣ гардонидани пурраи мақсадҳо ва нишондиҳандаҳои пешбинишуда мебошад.

«Идома додани раванди ислоҳоти иқтисодӣ шарти хатмии таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар аст».

 Ин нуктаи назар нишон медиҳад, ки таҳкими иқтидори иқтисодӣ танҳо тавассути идома додани раванди ислоҳот имконпазир аст.

«Ҳоло мо шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон мебошем. Ҳамасола ва қадам ба қадам вазъи моддии халқамонро беҳтар карда истодаем ва муҳимтар аз ҳама, азми қатъӣ дорем, ки ин равияро вусъат ва густариш бахшем. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати Тоҷикистон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад».

 Ҳамасола ва қадам ба қадам вазъи моддии мардум беҳтар мешавад ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки Ҳукумати кишвар азми қавӣ дорад, то ин равандро васеъ ва густариш диҳад.

«Мо солҳои охир бо татбиқ намудани як қатор барномаҳо доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат ба тараққиёти бонизоми иқтисоди миллӣ суръати тоза бахшида, муваффақ шудем, ки сатҳи зиндагии мардумро то андозае беҳтар намоем».

 Дарвоқеъ, дар солҳои охир Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавонист рушди бонизом ва устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин кунад. Ташаббус ва амалисозии барномаҳои давлатӣ боиси суръат ва устувории рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани зиндагии аҳолӣ шудааст.

«Ҷиҳати ташкили муназзаму илман асосноки рушди ояндаи кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои дарозмуддату миёнамӯҳлат - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 таҳия шуда, ба баррасии Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардиданд».

 Ин нукта нишон медиҳад, ки давлат дар амри рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва коҳиши камбизоатӣ роҳнамо ва нақшаи мушаххас дорад, то иқдомҳои стратегии худро бо нақшаи амалии возеҳ ва муассир иҷро кунад.

«Ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардид ва мақсад аз онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад».

 Нуктаи мазкур ба он ишора мекунад, ки давлат бо истифода аз ин стратегияҳо кӯшиш мекунад рушди иқтисодӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро таъмин намояд.

«Ҳукумат аз рӯзҳои аввали саршавии таъсири бӯҳрон ба иқтисоди мамлакат як қатор чораҳои таъхирнопазир андешид ва барои ҳалли таъҷилии проблемаву масъалаҳои мавҷуда мунтазам фаъолият карда истодааст».

 Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози таъсири буҳрон ба иқтисоди кишвар чораҳои фаврӣ андешида, барои ҳалли саривақтии мушкилот ва таҳкими устувории иқтисодӣ мунтазам кор мекунад.

«...хотирнишон бояд кард, ки мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд».

 Тибқи ин асос, мақсади асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон таҳкими рушди устувори иқтисодӣ, тавассути татбиқи саривақтӣ ва сифатноки ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.

«Дар давоми бист соли истиқлолият мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем».

 Дар ҳамин давра, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.

«Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

 Ин ҳадаф тавассути амалисозии ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, шаффофияти фаъолияти мақомот, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ворид кардани технологияҳои пешрафта амалӣ карда мешавад. Дар натиҷа, имконият барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ фароҳам меояд.

«Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат пеш мераванд, сарчашмаи хатарҳои нав, аз қабили мавҷҳои нави буҳрони молиявию иқтисодӣ вуҷуд доранд».

 Бо рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ, сарчашмаҳои нави хатар, аз ҷумла мавҷҳои нави буҳрони молиявию иқтисодӣ, пайдо шудаанд. Ҳукумати кишвар вазифадор гардидааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин хатарҳо чораҳои муассир андешанд, идоракунии молиявию иқтисодиро мустаҳкам кунанд ва барномаҳои стратегиро дар самти устувории иқтисодӣ амалӣ созанд.

«Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсониро ҳал намоем».

 Ин маънои онро дорад, ки бахшҳои воқеии иқтисодӣ бояд пешрафт кунанд ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гарданд.

Ҳамчунин, барои ҷалби сармоя ва дастгирии соҳибкорӣ бояд фазои иқтисодӣ беҳтар карда шавад. Самаранокии бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба рушди устувор мусоидат мекунанд.

«Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли 2014 мо тавонистем, ки рушди иқтисоди мамлакатро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоиро тибқи ҳадафҳои афзалиятноки худ таъмин намоем».

 Ишора ба он шудааст, ки давлат тавонистааст ҳатто дар шароити душвор, рушди иқтисодӣ ва зиндагии мардумро устувор нигоҳ дорад ва барномаҳои стратегиро амалӣ намояд.

«Соли 2015-ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард».

 Ин нукта нишон медиҳад, ки заҳмат ва ҳамкории аҳлонаи мардуми Тоҷикистон дар шароити душвор ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат мекунад.

«Таъкид месозам, ки то 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд».

 Ин тадбирҳо ҳамагӣ ҳадафҳои олии кишварро амалӣ намуда, рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодро таъмин менамоянд.

«Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир боиси афзоиши аҳаммияти дипломатияи иқтисодӣ гардидаанд».

 Ин маънои онро дорад, ки истифодаи стратегӣ аз дипломатияи иқтисодӣ ба устувории иқтисодӣ, рушди содирот ва таъсиргузорӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

«Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад».

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки бояд пайомадҳои тағйирёбии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва вазъи бозорҳои молиявиро мунтазам таҳлил кунад.

«Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд».

 Бояд иброз намуд, ки амалӣ кардани барномаҳои стратегӣ ба рушди устувор, беҳбудии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои зиндагии шоистаи аҳолӣ равона гардидааст.

Бо дарназардошти ин, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавассути татбиқи барномаҳои мушаххас ва самаранок таъмин карда мешавад.

«Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем».

 Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, давлат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ кард, то таъсири манфии буҳронро кам намояд ва амнияти иқтисодии кишварро таъмин созад.

«Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст».

 Ин маънои онро дорад, ки барномаҳои стратегии иқтисодиву иҷтимоӣ ба рушди устувор, беҳбудии зиндагии мардум ва тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар равона шудаанд.

«...дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин,, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид».

 Дар ин қисмат, таъкид шудааст, ки бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тағйирёбии иқлим шиддат ёфтанд.

«Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст».

 Дар ин ҷо нишон дода шудааст, ки Ҳукумат барои беҳтар кардани ҳаёти мардум тамоми захираҳо ва имкониятҳои дастрасро истифода мебарад ва нақшаҳои калонро барои созандагӣ ва рушди кишвар амалӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки фаъолиятҳои давлат пайваста ҷиҳати беҳбуди иқтисод, иҷтимоёт ва инфрасохтор равона шудаанд.

«Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд».

 Бояд тазаккур дод, ки дар даҳ соли охир давлат бо истифода аз ду барномаи миёнамуҳлат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум бисёр чораҳои муҳимро амалӣ кардааст.

Дар маҷмуъ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи дидгоҳи фарогир ва дарозмуддати сиёсати иқтисодӣ буда, дар онҳо иқтисод ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва беҳбуди зиндагии мардум арзёбӣ мегардад. Татбиқи пайгиронаи ин сиёсати иқтисодӣ имкон дод, ки Тоҷикистон аз марҳилаи буҳронӣ ба марҳилаи рушди устувор гузарад ва модели миллии рушди иқтисодиро ташаккул диҳад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас комёб гардад. Ҳамзамон, дар ин самтҳои стратегӣ амалишавии тадбирҳои судмандро идома дода истодааст.

 

Раҳимзода Баҳодур Карим,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДДМИТ